Агар мо масъалаи “Низоми иқтисодӣ Ислом”-ро аз оятҳои Қуръон ҷустуҷӯ намоем он ҷо ба таври равшан чизеро дарёб намекунем. Инчунин, Паёмбар Муҳаммад (с.а.с) низ дар суханҳо ва мавъизаҳои оммавӣ ин масъаларо бо ягон чиз муайян накардаанд, ки он асоси “Низоми Иқтисодӣ дар Ислом “ номида шавад. Танҳо шумораи зиёди оятҳо ва ҳадисҳо мавҷуданд, ки дар давоми 23 соли рисолати Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳалли ҳар гуна муаммоҳои иқтисодӣ ва молия баён шудааст.