Пиразани ношиносе ки дар сари қабри Аҳмад Зоҳир Қуръони маҷид мехонд
Ба қавли ҳамсари Аҳмад Зоҳир -хонум Фахрия:
«Ҳар рўзи ҷумъа сари қабри Аҳмад Зоҳир мерафтаму медидам, ки пирзане сиёҳпўш нишаставу қуръонхонӣ дорад. Ду ҳафта ўро дидам, ҳафтаи севум пурсидам: Модар, ту кистӣ, ки ман туро намешиносам, ин, ки зери хок хуфтааст, шавҳари ман аст. Чаро ту ҳар ҷумъа қуръонхонӣ меоӣ?
Пиразан гуфт: Писарам дар беморхонаи Алиобод дар дами марг буд. Доктарҳо гуфтанд, ки оҷил се халта хун биёрам. Коғази доруву хунро ба дастам доданду ба дорухонае омадам, гуфтам: Зане фақираму писарам дар ҳолати марг аст, се халта хун лозим дорам. Оё дорухонаеҳаст, ки ба ман хунро ройгон диҳад. Доруфурўш гуфт: Дар куҷо дидӣ, ки доруву хунро бепул диҳанд? Чунин ҷойе нест, пайса ёбу хунро бигир! Бо гиря аз доруфурўшӣ берун шудаму дар берун ҷавоне роҳамро дошту пурсид: Модарҷон, чиро гиря мекунӣ?
Гуфтам: ин чӣ мамлакату ин чи мусулмонист, ки писари ман дар шифохонаи Алиобод мемираду касе ҳозир нест ба мани фақир се халта хуну дору бирахарад, ки ҷони писарам наравад?
Он ҷавон аз дастам гирифту пас ба дорухона даровард ва коғазро ба дасти доруфурўш дода гуфт: Ҳарчи инҷо навишта шуд ба ин модарам бидеҳ. Доруфурўш се халта хунуҳамаи доруҳоро баста кардуба ман дод ва пули онро аз дасти он ҷавон гирифт. Ҷавон маро сари роҳ бароварду таксиеро дошту пурсид то Алиобод чанд афғонӣ мегирад. Пули таксиро дод ва 500 афғонии дигар ҳам ба дасти ман доду гуфт: бирав, паноҳ ба Худо, иншолло бачет хуб мешавад.
Гуфтам: кистӣ ту? Магар фариштаи наҷотӣ?
Гуфт: Чи мекунӣ модар, аҷала кун, ки бачет мариз аст.
На, гуфтам, - номатро бигўй, ки бидонам.
Дари мошинро пўшиду гуфт: Бирав, зуд бош, Аҳмад Зоҳир ҳастам.
Писарам аз марг наҷот ёфт. Акнун чунин фариштаро золимон куштанд, ман ҳам то зиндаам ҳар рўзи ҷумъа меояму барояш Қуръони маҷид мехонам...»
Исфандиёри Назар
ИмрўзNews
Марги ман рузе фаро хохад расид,
Дар бахори равшан аз амвочи нур.
Дар зимистони губоролуду дур,
Ё хазоне холи аз фарёду шур.
Марги ман рузе фаро хохад расид,
Рузе аз ин талху ширин рузхо,
Рузи пуче хамчу рузони дигар,
Сояе з-имрузхо, дирузхо.
Дидагонам хамчу долонхои тор,
Гунахоям хамчу мармархои сард.
Ногахон хобе маро хохад рабуд,
Ман тихи хохам шуд аз фарёду дард.
Мехазад ором руи дафтарам,
Дастхоям фориг аз афсуни шеър,
Ёд меорам, ки дар дастони ман,
Рузгоре шуъла мезад хуни шеър.
Хок мехонад маро хар дам ба хеш,
Мерасанд аз рах, ки бар хокам ниханд,
Ох, шояд ошиконам нимашаб,
Гул ба руи гури гамнокам ниханд.
Баъди ман ногох як су мераванд,
Пардахои тираи дунёи ман.
Чашмхои ношиносе мехазад,
Руи когазхою дафтархои ман.
Дар утоки кучакам по менихад,
Баъди ман бо ёди ман бегонае,
Дар бари оина мемонад ба чой,
Тори муе накши дасте сояе.
Мерахам аз хешу мемонам зи хеш,
Хар чи барчо монда, вайрон мешавад.
Рухи ман чун бодбони коике,
Дар уфукхо дуру пинхон мешавад.
Мешитобанд аз пайи хам бе шикеб,
Рузхову хафтахову моххо.
Чашми ту дар интизори номае,
Хира мемонад ба чашми роххо.
Лек дигар пайкари сарди маро,
Мефишорад хоки домангири хок,
Бе ту дур аз зарбахои калби ту,
Калби ман мепусад он чо зери хок
Баъдхо номи маро борону бод,
Нарм мешуянд аз рухсори санг,
Гури ман гумном мемонад ба рох,
Фориг аз афсонахои ному нанг.
ФУРУГИ ФАРРУХЗОД
Ахмад Зохир - Ahmad Zahir - احمد ظاهر
http://ahmadzohir.blogspot.com/2011/06/blog-post.html
БУХАРА
http://bukhoro.blogspot.com/
Бобочон Гафуров
http://bgafurov.blogspot.ru/
ГУЛЬШАН, ЗЕБО, ПАМИР
http://gulzebpam.blogspot.ru/
Душанбе
http://habib-said.blogspot.com/
Душмани №1 точик - вируси М
http://mbirus.blogspot.ru/
Двоеженец с Кукуя
http://dvoygenec.blogspot.ru/
Любовь на просторах « Долина Любви»
http://lubovds.blogspot.ru/
Исфара
http://soisfara.blogspot.com/
Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского...
http://zoiushka.blogspot.ru/
Махмудчон Вохидов
http://mvohidov.blogspot.ru/
ИНSАЙТ
http://andeshainsayt.blogspot.ru/
НАСРИ НАВИН
http://sites.google.com/site/satjman/
Новеллахо
http://novellaho.blogspot.ru/
О таджиках и про таджиков
ht...