Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар оғози Рамазонро 11 март муқаррар кардаст.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз манобеи хабарӣ, оғози моҳи шарифи Рамазон дар кишвар 11-уми март мебошад.
Тибқи ин гузориш, Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои уламои кишвар иттилоъ дод, ки ин шӯро нисоби закотро 35275 сомонӣ муқаррар кардаст, ки аз ин 880 сомонӣ закот муқаррар гардидаст.
Тақвими мазкур аз тарафи Раёсати Шурои уламо ва дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар тасдиқ шудааст.
Дар ин баробар фидяи савм барои нафарони дорандаи узри шаръӣ ва беморон барои як рӯз 14 сомонӣ ва барои 30 рӯз 420 сомонӣ таъйин шуда, фитри рӯза 7 сомонӣ ҳисоб шудаст. https://tajikpress.com/2024/03/04/%d1%8d%d1%8a%d0%bb%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%be%d2%93%d0%be%d0%b7%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d0%bc%d0%b0%d0%b7%d0%be%d0%bd-%d0%bd%d0%b8%d1%81%d0%be%d0%b1%d0%b8-%d0%b7%d0%b0%d0%ba%d0%be%d1%82-%d0%b2%d0%b0-%d1%84/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1