Фильтр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:25

Нукоти асосии дигари изҳороти Лавров дар Думаи давлатӣ:

▪️Дар мулоқот дар Риёз ба мавзӯи Украина таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
▪️Музокирот дар Риёз оғози ҳаракатро барои ба эътидол овардани равобити Русия ва ИМА нишон дод.
▪️Дар ҷараёни музокираҳо дар Риёз ИМА нишон дод, ки ба рафъи монеаҳо дар роҳи лоиҳаҳои эҳтимолӣ бо Русия манфиатдор аст.
▪️Ҳафтаи оянда мулоқотҳои минбаъдаи сатҳи олӣ миёни Русия ва Сурия ба нақша гирифта шудаанд.
▪️Дар ду соли оянда Маскав ният дорад дар 7 кишвари Африқо сафоратхонаҳо кушояд.
▪️Си Ҷинпин дар баробари Рӯзи Ғалаба аз Русия боздид мекунад ва Путин дар моҳҳои август-сентябр ба Чин сафар мекунад.
▪️Русия метавонад танҳо қаламрави Арктикаи худро азхуд кунад, п
Нукоти асосии дигари изҳороти Лавров дар Думаи давлатӣ: - 961041782939
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:50

Монеасозиҳо барои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба манфиати Русия нест - Лавров.

Назорату тартибот зарур аст, аммо ташдиди бархӯрду роҳандозии низоми раводид бо кишварҳои собиқ шӯравӣ ба дурнамои манофеи Русия созгор нест, изҳор дошт вазири корҳои хориҷӣ дар Думаи давлатӣ.
Монеасозиҳо барои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба манфиати Русия нест - Лавров. - 961041713051
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:35

Усмонов дар арафаи Наврӯз зӯрозмоӣ хоҳад кард

Мусобиқаи навбатии муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов 15 март дар доираи мусобиқаи лигаи RCC Boxing дар Екатеринбург баргузор мешавад. Рақиб то ҳол маълум нест.
Усмонов дар арафаи Наврӯз зӯрозмоӣ хоҳад кард - 961041211291
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:20

Бахши гуфтугӯ ва гӯш кардан ба имтиҳони кӯдакони муҳоҷир дар Русия шомил мешавад - Рособрнадзор.

Дар умум санҷиши забони русии кӯдакон аз бахшҳои "Гуфтугӯ", "Гӯш додан", "Хондан", "Навиштан, "Луғат" ва "Грамматика" иборат хоҳад буд, иттилоъ додаст ин ниҳод.
Бахши гуфтугӯ ва гӯш кардан ба имтиҳони кӯдакони муҳоҷир дар Русия шомил мешавад - Рособрнадзор. - 961040044955
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:45

ИМА ва Русия як қадами муҳиме дар роҳи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина гузоштанд - Песков.

Сухангӯи раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки тасмим дар бораи баргузории интихобот дар Украина наметавонад дар Вашингтон ё Маскав қабул шавад.
ИМА ва Русия як қадами муҳиме дар роҳи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина гузоштанд - Песков. - 961039066523
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:20

Артиши Русия дар Курск пеш рафт

Нерӯҳои Русия бо озод кардани Свердликово дар вилояти Курск роҳи Суджа-Рилскро таҳти назорат гирифтанд, хабар медиҳад вазорати дифои кишвар.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:45

Тоҷикистон хостори дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам аст

Ин нуктаро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни қабули эътиромднома аз як қатор сафирони кишварҳои хориҷӣ баён дошт.
Тавсеаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самаранок миёни кишварҳоро Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои умдаи муштараки давлатҳо маънидод намуд, иттилоъ додаст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тоҷикистон хостори дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам аст - 961037794971
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:20

Сарвазири Тоҷикистон ва раисҷумҳури Эрон то ним млрд доллар расондани гардиши колоро баррасӣ карданд

Мулоқоти Коҳир Расулзода бо Масъуд Пизишкиён дар доираи сафари расмӣ ба Теҳрон сурат гирифт.
Сарвазири Тоҷикистон ва раисҷумҳури Эрон то ним млрд доллар расондани гардиши колоро баррасӣ карданд - 961037703323
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:45

Раҳмон аз сафирони нави хориҷӣ дар Душанбе эътимоднома қабул кард.

Дар феҳрасти сафирҳои нави хориҷӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла қарор доранд:
Сафири Арманистон - Арман Гевондян, сафири Босния ва Гертсеговина - Нияз Чардаклия, Малайзия - Илҳам Туа бин Иллиас, Испания - Луис Франсиско Мартинес Монтес, Исроил - Гидеон Лустиг, Словения - хонум Аленка Сухадолник, Чехия - Любомир Фреборт ва сафири Эфиопия - Ҷамол Боқир Абдулло.
Раҳмон аз сафирони нави хориҷӣ дар Душанбе эътимоднома қабул кард. - 961037500827
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:12

Дар бозори Панҷакент марде духтарчаи хурдсолро бо корд маҷруҳ кардааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он марде бе ягон сабаб бо корд ба шиками кӯдак мезанаду роҳашро идома медиҳад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муттаҳам боздошт шудааст, аммо ҷузъиёти ҳодиса ва сабабҳои амали ин мард ҳанӯз маълум нест.
Дар бораи аҳволи духтар низ ҳанӯз иттилое дода нашудааст.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:45

Ҳамос барои раҳоии ҳамаи гаравгонҳо изҳори омодагӣ кардааст.

Ҷунбиши фаластинӣ гуфтааст, ки дар сурати мувофиқати созиши оташбаси доимӣ ва хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза омода аст, ҳамаи гаравгонҳои боқимондаи исроилиро озод кунад.
Ҳамос барои раҳоии ҳамаи гаравгонҳо изҳори омодагӣ кардааст. - 961034510491
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:20

Беш аз 150 косатка дар Тасманияи Австралия худро ба соҳил задаанд.

Ин аввалин чунин ҳодиса дар 50 соли охир аст, иттилоъ додаанд расонаҳои маҳаллӣ. Таъкид мешавад, ки аксарияти онҳо ҳанӯз зиндаанд ва тадбирҳо барои наоҷташон амалӣ шуда истодаанд.
Беш аз 150 косатка дар Тасманияи Австралия худро ба соҳил задаанд. - 961034441627
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:50

Русия ба як литсейи Хуҷанд боз бастаҳои китоби нави дарсӣ ҳадя кард.

Хонаи Русия ва Консулгарии генералии Русия ба литсейи "Гулчини маърифат"-и Хуҷанд, ки дар он 572 хонанда таҳсил мекунанд, беш аз 700 маҷмӯи адабиёти таълимӣ ва бадеӣ додаанд.
Аз ҷумла, китобхонаи литсей бо китобҳои нави дарсӣ ва маводи дидактикӣ аз фанҳои алгебра, информатика, забон ва адабиёти рус барои хонандагони синфҳои 1 то 11, инчунин асарҳои классикони рус ва шӯравӣ комил гардид, шарҳ дод "Россотрудничество".
Русия ба як литсейи Хуҷанд боз бастаҳои китоби нави дарсӣ ҳадя кард. - 961034425499
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:15

"Истиқлол" ва КМВА-и пойтахт дар финали Ҷоми ФФТ-2025 рақобат мекунанд.

Сандуқи ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ дод ФФТ.
Дастаҳои "Сомон" ва "Панҷшер" барои ҷои сеюм рақобат мекунанд. Ин бозиҳо рӯзи 22 феврал баргузор мешаванд, иттилоъ дод ФФТ.
"Истиқлол" ва КМВА-и пойтахт дар финали Ҷоми ФФТ-2025 рақобат мекунанд. - 961033717403
"Истиқлол" ва КМВА-и пойтахт дар финали Ҷоми ФФТ-2025 рақобат мекунанд. - 961033717403
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:45

Зеленский, агар бихоҳад, ки дар сари мизи гуфтушунид бошад, бояд интихобот баргузор кунад - Трамп.

Ба гуфтаи вай, Украинаро на Русия ба сӯи интихобот тела медиҳад, чунон ки Зеленский иддао мекунад, балки худи вазъият чунин аст.
"Роҳбар дар Украина куҷост? Ман аз гуфтани он хуш надорам, аммо сатҳи ҷонибдории Зеленский то 4% поин рафтааст. Кишвар харобазор аст. Он ба як майдони азими тахрибӣ монанд аст. Оё мардуми Украина набояд гӯянд, ки мо муддати тӯлонӣ интихобот надоштем?", - гуфт ӯ.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:04

Рублу доллар дар Тоҷикистон гарон шуданд.

Қимати евро баръакс майли поинравӣ дорад. Тафсилотро дар тасвирбаён бубинед.
Рублу доллар дар Тоҷикистон гарон шуданд. - 961033359259
Рублу доллар дар Тоҷикистон гарон шуданд. - 961033359259
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:33

Оверчук кишварҳои ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ бо ИИАО даъват кард.

Вуруди Эрон ба ИИАО ба ҳайси кишвари нозир ба таҳкими равобити иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад, гуфт муовини нахуствазири Русия дар Анҷумани сеюми иқтисодии Хазар.
"Ман дигар кишварҳои панҷгонаи Хазарро даъват мекунам, ки дар бораи манфиатҳои наздикшавӣ бо ИИАО фикр кунанд", - гуфт Оверчук.
Оверчук кишварҳои ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ бо ИИАО даъват кард. - 961023152027
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:50

Музди меҳнати кормандони кироя охири соли 2024 дар Тоҷикистон 2960 сомониро ташкил додаст.

Агентии омор мегӯяд, ин дар муқоиса бо нишондодҳои моҳи ноябри соли 2024 ҳудуди 12,6% ва нисбат ба моҳи декабри соли 2023 беш аз 24% зиёд мебошад.
Музди меҳнати кормандони кироя охири соли 2024 дар Тоҷикистон 2960 сомониро ташкил додаст. - 961019670171
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:20

Русия ва Иёлоти Муттаҳида тарҳи семарҳилаии сулҳро дар Украина пешниҳод мекунанд

Аз ҷумла оташбас, интихобот дар Украина ва баъдан имзои созишномаи ниҳоиро дар бар мегирад.
Ҷониби ИМА дар мавриди натиҷаҳои музокироти Риёз инчунин иттилоъ додаст:
▪️Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба мувофиқа расиданд, ки поёни низоъ дар Украина бояд пойдор, устувор ва барои ҳама ҷонибҳо қобили қабул бошад.
▪️Тарафҳо дар алоҳидагӣ ҳамкориҳои ояндаи иқтисодӣ, аз ҷумла нархҳои ҷаҳонии энержиро баррасӣ карданд.
▪️Ба мувофиқа расиданд, ки замина барои ҳамкорӣ ва сармоягузории оянда пас аз анҷоми низоъ дар Украина омода шавад.
▪️Ба мувофиқа расиданд, ки барои ба эътидол овардани кори намояндагиҳои дипломатӣ чораҳои
Русия ва Иёлоти Муттаҳида тарҳи семарҳилаии сулҳро дар Украина пешниҳод мекунанд - 961019598491
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:45

Аз масъулини гумрук хостанд, мубориза бо вуруди силоҳу аслиҳаро тақвият диҳанд.

Хадамоти гумрук дар пешгирии вуруди ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда нақши муҳим дорад, гуфт намояндаи додситонии Суғд зимни мулоқот бо кормандони ин ниҳод.
Вай зимни баррасии мубориза бо ифротгароию терроризм гуфт, ки мақомоти гумрук бояд дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ барои ошкор ва безараргардонии гуруҳҳои террористӣ мусоидат менамояд.
Аз масъулини гумрук хостанд, мубориза бо вуруди силоҳу аслиҳаро тақвият диҳанд. - 961017383323
  • Класс!0
Показать ещё