Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:23

Байден интиқоли минаҳои мамнӯи зидди пиёдагардонро ба Украина иҷозат дод.

Минаҳои мазкурро конвенсияи байналмилалӣ манъ кардааст.
"Ин як қисми амалҳои фаврӣ буд, ки маъмурияти Байдени ноком барои кумак ба талошҳои низомии Киев анҷом медиҳад", - менависад WP.
Нашрия тавзеҳ медиҳад, ки минаҳо дар Донбасс бо ҳадафи боздоштани ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия насб хоҳанд шуд.
Байден интиқоли минаҳои мамнӯи зидди пиёдагардонро ба Украина иҷозат дод. - 958607335579
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:35

Ба 112 омӯзгору духтур дар Хоруғ 5 гектар замин барои сохтмони хона дода шуд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ дар Хоруғ шаҳраки нав бунёд мешавад.
Дар шаҳрак хонаҳои баландошёна, парки технологӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона бунёд мегардад, афзуд манбаъ.
Ба 112 омӯзгору духтур дар Хоруғ 5 гектар замин барои сохтмони хона дода шуд. - 958606518683
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:01

Беш аз нисфи украиниҳо ба гузаштҳои ҳудудӣ ба хотири хатми фаврии низоъ розӣ ҳастанд.

Тибқи иттилои пажӯҳишгоҳи Gallup, 52%-и шаҳрвандони Украина ҷонибдори ҳарчи зудтар бастани созиш мебошанд. Барои муқоиса, дар соли 2023 онҳо на бештар аз 25% буданд.
Ҳудуди 38%-и дигари пурсидашудагон хоҳони "ҷанг то пирӯзӣ” ҳастанд, ҳатто бо вуҷуди талафоти зиёди нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва пешравии босуръати артиши Русия дар тамоми ҷабҳа. Танҳо як сол пеш, ин тақрибан 63%-ро ташкил медиҳад.
Тақрибан 10%-и пурсидашудагон дар ҷавоб душворӣ кашиданд.
Беш аз нисфи украиниҳо ба гузаштҳои ҳудудӣ ба хотири хатми фаврии низоъ розӣ ҳастанд. - 958605975195
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:42

Нархи рубл дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ монд.

Қимати доллар бошад майли поинравӣ дошта, нархи евро афзуд. Тафсилот дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
Нархи рубл дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ монд. - 958605528731
Нархи рубл дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ монд. - 958605528731
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 06:54

Тавлиди "нони дуюм" дар Суғд афзоиш дода шуд.

Ба ҳолати аввали ноябр дар вилоят зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардад.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 ҳазор тонна бештар арзёбӣ мегардад.
Тавлиди "нони дуюм" дар Суғд афзоиш дода шуд. - 958604814491
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:55

Данғара - Гулистон ба роҳи намунавии "сабз" табдил меёбад.

Дар доираи лоиҳа, шоҳроҳ то 4 хат васеъ карда мешавад, гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон дар форуми Ҳафтаи нақлиёт 2024 дар Маскав.
Азим Иброҳим қайд кард, ки барои татбиқи он аз ҷумҳурӣ аллакай ба маблағи 40 млн доллар сармоя ҷалб шудааст.
00:26
Азим Иброҳим
210 просмотров
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:25

ИИАО ҳамкориҳоро бо Эрон густариш медиҳад.

Сухан пеш аз ҳама дар бораи соҳаҳои энергетика ва нақлиёт меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КИАО.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки тасмими ниҳоӣ дар бораи додани мақоми нозир ба Эронро сарони кишварҳои иттиҳод дар ҷаласаи Шӯрои олӣ қабул хоҳанд кард.
ИИАО ҳамкориҳоро бо Эрон густариш медиҳад. - 958591967387
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:55

Лавров: ҳамла ба Брянск бо мушакҳои ATACMS нишонаи он аст, ки Ғарб хоҳони ташдиди вазъият аст.

Дар ҳамин ҳол, тасдиқи расмии тасмими ИМА дар бораи ҳамлаи амиқ ба Русия вуҷуд надорад. Ҳама маълумот аз ВАО гирифта мешавад.
Вазири умури хориҷии Русия изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои ғарбӣ доктринаи навшудаи ҳастаии Федератсияи Русияро бодиққат меомӯзанд.
00:30
Лавров
159 просмотров
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:25

Ташнаро як қатра об: Муҳоҷирони тоҷик аз чуқурии 120 метр об бароварданд.

Дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич бо арзиши қариб 400 ҳазор сомонӣ чоҳ ба кор андохта шуд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ин иқдом, ки бо саҳми муҳоҷирони кории муқими Русия амалӣ гардид, заминҳои хушки деҳаро пуробу сокинонро шод гардонд. Тафсилотро дар навор бубинед.
00:46
Об
462 просмотра
  • Класс!13
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:55

Ширкати “Алмос-Неру”-и Эрон мехощад дар Хатлон корхонаи бузурги коркарди мева созад.

Дар ин бора раҳбари ширкат Маҳдӣ Асадуллоҳпур дар дидор бо раиси вилоят изщор дошта гуфт, ки нақша доранд дар корхона 7 навъ маҳсулот истеҳсол кунанд.
“Мо вобаста ба коркарди меваи хушсифат, аз ҷумла себ манфиатдорем. Аз ин рӯ тасмим гирифтаем чунин корхонаро созем ва беш аз 500 нафар бонувони маҳаллиро ба кор фаро гирем, - афзуд Асадуллоҳпур.
Давлаталӣ Саид бо дастгирии ин иқдом гуфт, ки майдони боғот дар вилоят зиёд аст ва ҳамасола ниёз ба истеҳсолоту коркарди пурраи он пайдо мешавад.
Ширкати “Алмос-Неру”-и Эрон мехощад дар Хатлон корхонаи бузурги коркарди мева созад. - 958592028571
  • Класс!6
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:25

Нерӯҳои Русия аз 6 мушаки ATACMS-и партобкардаи Украина 5 ададашро нобуд кард.

Украина шабона бо 6 мушаки ATACMS ба як иншоот дар вилояти Брянск ҳамла кардаст, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи набардҳои зиддимушакӣ маҷмааҳои С-400 ва "Пантсир" панҷ мушакро сарнагун карданду ба якто осеб расонданд.
Порчаҳои мушаки осебдидаи ATACMS ба қаламрави техникии иншооти низомии вилояти Брянск афтоданд, сӯхтор ба амал омад. Талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
Нерӯҳои Русия аз 6 мушаки ATACMS-и партобкардаи Украина 5 ададашро нобуд кард. - 958591983259
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:50

Таваррум дар кишварҳои ИИАО сустар мешавад – омор

Комиссияи иқтисодии Авруосиё маълумот дар бораи таваррум дар кишварҳои иттиҳодро нашр кард.
Дар охири моҳи октябр сатҳи таваррум солона чунин буд:
Арманистон – 0,6%,
Беларусь – 5,9%,
Қазоқистон – 8,5%,
Қирғизистон - 4,8%,
Русия – 8,5%.
Дар ҳама кишварҳо ба ҷуз Арманистон, тибқи оморҳо, коҳиши мизони таваррум мушоҳида мешавад.
Таваррум дар кишварҳои ИИАО сустар мешавад – омор - 958591060379
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:20
    Ба сокини Шаҳринав, ки сел хонаашро вайрон кард, манзили нав доданд. - 958590414491
    Ба сокини Шаҳринав, ки сел хонаашро вайрон кард, манзили нав доданд. - 958590414235
  • Класс!6
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:50

Толибон*: Мехоҳем бо Тоҷикистон равобити нек дошта бошем.

“Аморати исломӣ бо ҳамаи кишварҳо ба шумули Тоҷикистон равобит хуб мехоҳад. Аз ин ки Тоҷикистон кишвари ҳамсоя ва мусулмон аст, мехоҳем равобит хуб дошта бошем. Ҳайати ду тараф дар ин авохир рафту омад доштаанд ва умед дорем пешрафтҳое дар ин замина дар оянда сурат гирад”, - афзуд Ҳамидулло Фитрат, муовини сухангӯи ҳукумати толибон ба "ToloNews".
Дар ҳамин ҳол мақомоти Толибон* то кунун равшан накардаанд, ки диду боздидҳо миёни мақомҳои ду кишвар дар чӣ сатҳ буда ва чӣ касоне аз ду кишвар бо ҳам дидор кардаанд.
*-гурӯҳ бараи амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Толибон*: Мехоҳем бо Тоҷикистон равобити нек дошта бошем. - 958590365083
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:25

Тоҷикистон ба тавлиди бештари нерӯи барқ ​​шурӯъ кард.

Бо вуҷуди ин, содироти он дар тӯли 10 моҳ тақрибан 3,2% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Танҳо моҳи октябри соли равон ба хориҷи кишвар ба маблағи 40,2 млн сомонӣ барқ содирот шуд.
Тоҷикистон ба тавлиди бештари нерӯи барқ ​​шурӯъ кард. - 958590040731
Тоҷикистон ба тавлиди бештари нерӯи барқ ​​шурӯъ кард. - 958590040731
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:50

Пулиси Душанбе 15 ноболиғи "авбош"-ро дастгир кард.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ноболиғон дар шаҳраки 64-уми ноҳияи Фирдавсӣ муноқиша ва сангзанӣ карданд.
Манбаъ афзуд, бо ин амали худ онҳо оромиши шаҳрвандонро халалдор сохтанд.
Вобаста ба ин, нисбати волидайни ноболиғон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Пулиси Душанбе 15 ноболиғи "авбош"-ро дастгир кард. - 958589136539
Пулиси Душанбе 15 ноболиғи "авбош"-ро дастгир кард. - 958589136539
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:00

"Масхарабозон собиқ намешаванд".

Сиёсатмадорони ғарбӣ ба изҳороти Зеленский дар бораи имконнопазирии маҷбур кардани украиниҳо ба музокирот тамасхур мекунанд.
Ин дафъа коршиноси геополитикӣ, профессори Донишгоҳи Ҳелсинки Туомас Малинен ба таври ногаҳонӣ сухан гуфт.
Дар шабакаи иҷтимоии X, ӯ ба ҷаҳониён аз касби аслии раҳбари Украина ёдовар шуд.
"Масхарабозон собиқ  намешаванд". - 958589060507
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:38
00:14
Логотип
162 просмотра
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:55

Коҳиши ҷинояткории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия.

Дар ин бора зимни мулоқоти роҳбарони вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия хабар дода шуд.
"Имсол дар Русия амалҳои ғайриқонунӣ ҳам аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам алайҳи онҳо коҳиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи муҳим аст, ки ин тамоюлро бояд мустаҳкам кард", - қайд кард Владимир Колоколтсев.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки Русия ва Тоҷикистон табодули иттилоотро роҳандозӣ намуда, дар ҳалли муштараки мушкилоти оперативӣ таҷрибаи қобили мулоҳиза ҷамъ кардаанд.
Коҳиши ҷинояткории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия. - 958586659995
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:25

Киев то ҳол иҷозаи зарба ба қаламрави Русия бо мушакҳои дурбурдро нагирифтааст.

Ҳамин тариқ, намояндаи Департаменти давлатии ИМА ҳангоми пурсиш дар ин бора гуфт, ки "вай маълумоти нав (дар бораи зарбаҳои дурпарвоз) надорад.
Илова бар ин рӯзномаи "The Sun" таъкид мекунад, ки Вашингтон ба тасмими Лондон дар мавриди истифода бурдани мушакҳои дурпарвози Storm Shadow монеъ мешавад, ки барои роҳнамоӣ низ технологияи амрикоиро талаб мекунад.
Қаблан ироаи иҷоза барои зарба задан бо мушакҳои дурпарвоз дар Фаронса пас аз вокуниши шадиди ВУХ Русия низ рад шуда буд.
Киев то ҳол иҷозаи зарба ба қаламрави Русия бо мушакҳои дурбурдро нагирифтааст. - 958586523547
  • Класс!2
Показать ещё