Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30

Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, нерӯгоҳи ҳастаиро бояд консорсиуми байналмилалӣ созад.

Вай дар ҳошияи баргузории раъйпурсӣ изҳор дошт, ки дар сурати ҳимояти мардум, сохтмон ва истифода аз нахустин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар ҷумҳурӣ бояд ба ихтиёри консорсиуми байналмилалӣ вогузор шавад.
Рӯзи якшанбе дар Қазоқистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ баргузор мешавад, ки қарор аст то соли 2035 дар соҳили Балхаш бунёд гардид.
Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, нерӯгоҳи ҳастаиро бояд консорсиуми байналмилалӣ созад. - 957458941851
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:15

Украиниҳо аз пешниҳоди ҳамла ба Белорус ҷонибдорӣ накарданд

Вакили Рада аз Киев даъват кард, ки "ҷангро ба Беларус гузаронад", аммо украинҳо ба ӯ пешниҳод карданд, ки худаш ба фронт биравад.
Олег Дунда гуфт, ки Украина бояд ба Беларус ҳамла кунад ва сарбозони белорус гӯё бо дидани нерӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ ба замин мегузоранд.
Шабакаҳои иҷтимоии Украина пешниҳоди вакили мардумиро ҷонибдорӣ накарданд.
"Ба ӯ автомату, ду тирдон диҳед ва бигзоред, ки ҷанг кунад".
"Бигзор масхарабоз равад ва онро бо дастони худ барад".
"Аз дасти чунин одамон ба зудӣ тамоми Украина аз ҳар сӯ тирборон карда мешавад ва онҳо худашон гурехта, танҳо харобаҳо ва як қабристони комил боқӣ мемонанд".
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:15

Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон барандаи Ҷоми Ӯзбекистон-2024 шуд.

Шаҳром Самиев дар ҳайати "Андиҷон" дар финали мусобиқа бар "Навбаҳор"-и Намангон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Акнун варзишгар метавонад дар марҳилаи гурӯҳии дуюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 ширкат кунад.
Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон барандаи Ҷоми Ӯзбекистон-2024 шуд. - 957455841691
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:19

Ҳавопаймо ҳангоми фуруди сахт дар Лас Вегас оташ гирифт.

Дар пайи ин ҳодиса касе осеб надидааст, хабар медиҳад CBS News.
Дар наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ алангаи оташ ва дуди зери ҳавопаймо ва ҳамчунин кори наҷотдиҳандагон дида мешавад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:25

"Истиқлол" пас аз нокомиҳояш Черевченкоро дигарбора ба даста овард.

Мураббии шинохта ва дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко дигарбора сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе таъйин шуд, хабар медиҳад ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, мутахассиси маъруф имрӯз ба футболбозон ва маъмурияти даста муаррифӣ карда шуд ва аввалин тамринро пас аз бозгашт ба "Истиқлол" баргузор намуд.
Ӯ қаблан дар оғози соли 2023 ба ин даста пайваста як мавсим онро тамрин дод, ки зери раҳбарияш тим унвони қаҳрамони кишварро соҳиб шуда, инчунин Ҷоми мамлакатро ба даст оварда буд.
"Истиқлол" пас аз нокомиҳояш Черевченкоро дигарбора ба даста овард. - 957433856923
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:07

Аз оғози авҷ гирифтани низоъ бар асари зарбаҳои артиши Исроил беш аз 2 ҳазор лубнонӣ кушта шудаанд.

Дар ин бора ҳукумати ин кишвар хабар дод.
Навори харобиҳои густурда дар канори Бейрут пас аз ҳамлаҳои Исроил аз ҷониби хабаргузории фаластинии Quds News паҳн шудааст.
01:35
ливан РТ
161 просмотр
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:05

Дар Душанбе 142 мураббӣ ва омӯзгорро қадрдонӣ карданд.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ба муаллимону мураббиёне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои шаҳрӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб омаданд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ тақдим гардид.
Илова бар ин ба 50 мутахассиси ҷавон, ки соли аввал ба омӯзгорӣ машғул гардидаанд, планшет туҳфа карданд.
Дар Душанбе 142 мураббӣ ва омӯзгорро қадрдонӣ карданд. - 957431857051
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:25

Эмомалӣ Раҳмон 72- сола шуд: номаҳои шодбоширо аз кадом президентҳо гирифт.

Мактубҳои табрикотӣ ба унвони роҳбари давлат аз сӯи президентҳои феълӣ ва собиқи кишварҳои Осиёи Миёна ворид шуд.
Ҳамчунин раисҷумҳури Русия низ Эмомалӣ Раҳмонро табрик карда, ба ӯ саломатии комил, рифоҳ ва дар корҳояш дастовардҳои бузургро таманно намуд.
Эмомалӣ Раҳмон 72- сола шуд: номаҳои шодбоширо аз кадом президентҳо гирифт. - 957429744027
  • Класс!20
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 19:00

Ноиби раиси "Россотрудничество" пешниҳодҳои Русия ба ҷавонони хориҷи наздикро баён дошт.

Дар доираи лоиҳаи миллии «Ҷавонон ва кӯдакон» ва мероси Ҳамоиши байналмиллалии ҷавонон бо иштироки кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои БРИКС низоми дастгирии молиявӣ таҳия карда мешавад, гуфт Дмитрий Поликанов.
То соли 2025 Вазорати маориф ва илм ва "Росмолодеж" механизмҳои тақсими грантҳоро таҳия хоҳанд кард.
Бо супориши президент, грантҳо барои лоиҳаҳои ҷавонони хориҷӣ ва грантҳо барои таълими донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия ироа мегарданд, гуфт ӯ.
Ноиби раиси "Россотрудничество" афзуд, ки низоми дастгирӣ оли 2025 ба кор андохта мешавад.
01:04
Росотрудничество
229 просмотров
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 18:50

Оятуллоҳ Хоманаӣ барои бори нахуст аз соли 2020 дар маркази Теҳрон намози ҷумъаро имоматӣ кард.

Издиҳоми ҳазорон нафар барои шунидани изҳороти пешвои олӣ дар бораи ҳамлаҳои Исроил ҷамъ омада буданд.
🔸 Бояд дар тамоми кишварҳои исломӣ камарбанди ҳифзу истиқлолият баста шавад.
🔸 Ҷавоб ба Исроил барои Лубнон танҳо як "ҷазои ҳадди ақал" аст.
🔸 Ҳар як зарба ба режими саҳюнистӣ хидмат ба тамоми башарият аст.
🔸 Эрон дар қабули тасмим на дудилагӣ мекунад ва на шитоб мекунад.
🔸 Хондани Қуръон тамоми мусулмононро муттаҳид мекунад ва дар мубориза бо душмани умумӣ кумак мекунад.
00:22
Хоманаӣ
392 просмотра
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 17:40

Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Маорифи Русия-Белорус. Тоҷикистон-2024" оғоз гардид.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи 12-умин намоишгоҳи таълимӣ ҳудуди 30 донишгоҳи пешрафтаи Русия ва Беларус барномаҳои таълимӣ ва имконоти худро барои довталабон муаррифӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия мизбони асосии донишҷӯён аз Тоҷикистон мебошад.
    Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Маорифи Русия-Белорус. - 957408722331
    Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Маорифи Русия-Белорус. - 957408722075
    Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Маорифи Русия-Белорус. - 957408721819
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 17:31

Тоҷикистон мехоҳад сармояи бештари Русияро ҷалб кунад.

Маблағҳоро, аз ҷумла, барои кооператсияи саноатӣ ва бунёд кардани паркҳои саноатӣ истифода бурдан мумкин аст.
Эмомалӣ Раҳмон ин ва бисёр масъалаҳои дигарро бо Марат Хуснуллин баррасӣ кард.
Тоҷикистон мехоҳад сармояи бештари Русияро ҷалб кунад. - 957411038363
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 17:00

"Дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд нахоҳад дошт" - муовини раиси ҳукумати Русия.

Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гузориш дод, Марат Хуснуллин зимни сӯҳбат бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид кардааст, ки мақомоти назоратии Федератсияи Русия норасоиҳо дар қонунгузории муҳоҷиратро пайваста бартараф мекунанд.
"Дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд нахоҳад дошт, мо воқеан ба захираҳои меҳнатӣ эҳтиёҷ дорем, аммо ин ҳама комилан қонунӣ сурат мегира. Аз ин рӯ, мо бояд як гурӯҳи корӣ таъсис диҳем ва тамоми амалҳои худро барои таъмини манфиатҳои ҳарду кишвар ба нақша гирем", - таъкид кард Хуснуллин.
"Дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд нахоҳад дошт" - муовини раиси ҳукумати Русия. - 957408381339
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 16:35

Ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар 10 сол аз 1,5 млрд доллар гузашт.

Сарвазир Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия гуфт, Русия дар байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ маъмулан дар ҷои аввал қарор дорад.
▪️Ҳаҷми савдои хориҷӣ байни кишварҳо дар 8 моҳи соли 2024 14,3% афзуда, аз 1,2 млрд доллар гузашт.
▪️Дар Тоҷикистон беш аз 300 ширкат бо ширкати Русия фаъолият мекунанд.
Ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар 10 сол аз 1,5 млрд доллар гузашт. - 957408144283
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 15:50

Муҳоҷирон як гузинаи қулай барои ҷалб ба сафи созмонҳои мамнуъ шудаанд.

Ин нуктаро мудири ФСБ, Александр Бортников дар ҳамоиши роҳбарони ниҳодҳои вижаи ИДМ баён дошт
Радикалҳо дар қатори муҳоҷирон ба Русия ворид шуда, ин фазо барои террористон ва хадамоти иктишофии хориҷӣ мусоид мешавад, шарҳ дод роҳбари ФСБ.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ пас аз таҳлили бисёр парвандаҳои ҷиноӣ тасдиқ карда буд, ки ҳудуди 85%-и ҷавонони тоҷик ҳангоми муҳоҷират ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд.
Муҳоҷирон як гузинаи қулай барои ҷалб ба сафи созмонҳои мамнуъ шудаанд. - 957408079259
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 15:00

Русия аз ҷумлаи калонтарин сармоягузорони Тоҷикистон мебошад.

Тайи даҳ соли охир Русия ҳудуди 1,5 млрд долларро ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, ҷонибҳо ният доранд, ки ин нишондодро дар солҳои минбаъда боз ҳам зиёдтар кунанд.
Русия аз ҷумлаи калонтарин сармоягузорони Тоҷикистон мебошад. - 957408054939
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 13:25

Wildberries мехоҳад ба бозори Тоҷикистон ворид шавад.

Татяна Ким, раиси яке аз бузургтарин бозорҳои Русия дар як дидор дар Душанбе бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон як ёддошти ҳамкорӣ имзо кардааст.
Тавре сардори Раёсат Ҷамшед Ҷумахонзода ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, созишнома ҳам барои кушодани бозорҳои нав барои ширкат ва ҳам барои сохтмони маҷмааҳои логистикӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон муфид хоҳад буд.
"Мо интизорем, ки ёддошт ба тиҷорати электронӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони тоҷик заминагузорӣ мекунад", - таъкид кард ӯ.
Wildberries мехоҳад ба бозори Тоҷикистон ворид шавад. - 957405895323
  • Класс!6
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 12:55

Баррасии аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардани Толибон* дар Русия дар ҳоли анҷомёбист.

Дар ин бора директори ФСБ-и Русия Александр Бортников дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
"Мо омодагии Толибон*-ро барои мубориза бо хатарноктарин ҷиноҳи ДИИШ** - "Вилояти Хуросон"**-ро мебинем, ки ҳамчунон аз Ғарб кумакҳо дарёфт мекунад, ки тавоноии гуруҳи террористиро дар амалҳои тахрибкорӣ дар қаламрави мо истифода мебарад", - таъкид кард раиси ФСБ.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
**-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
Баррасии аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардани Толибон* дар Русия дар ҳоли анҷомёбист. - 957405178267
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 12:00

“Вилояти Хуросон” қасд дорад, шумори худо дар ИДМ афзоиш диҳад.

Дар ин бора Ермек Сагимбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ, ки дар остона ҷараён дорад, изҳор дошт.
“Ҳамлаҳои ахири террористӣ нишон медиҳанд, ки ин гурӯҳ қасд дорад иқтидори худро афзоиш диҳад ва тамаркузи байналмилалии худро нигоҳ дорад”, - афзуд Сагимбоев.
“Вилояти Хуросон” қасд дорад, шумори худо дар ИДМ афзоиш диҳад. - 957404795803
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 4 октября в 11:30

Тоҷикистон ва Узбакистон якҷоя бо терроризм мубориза мебаранд.

Дар Хуҷанд музокироти намояндагони шӯроҳои амниятии ҷумҳурӣ баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароиро баррасӣ карданд.
Дар поёни мулоқот котибони Шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон Насрулло Маҳмудзода ва Виктор Маҳмудов протоколи машваратҳои дуҷониба ба имзо расониданд.
Тоҷикистон ва Узбакистон якҷоя бо терроризм мубориза мебаранд. - 957404308379
  • Класс!1
Показать ещё