Набинам кош дар харду чахон дарди сари уммат.
Чи шуд ахволи зори умматонам рузи чон додан,
Набудам як даме афсус болои сари уммат.
**********************************************************************
БА ҶУЗ Ӯ КАСЕ ОЛИМИ ҒАЙБ НЕСТ
Ба номи Худое, ки Субҳон бувад,
Бурун аз маконҳову имкон бувад.
Аввалу Охиру Зоҳиру Ботин аст,
Кариму Самад, Ҷомиъу Мӯҳсин аст.
Замин дар тайи Арш ҷо кардааст,
Ду зидро ба ҳам ҷо ба ҷо кардааст.
Худое, ки ҷонро азиз офарид,
Зи ночиз ҳазорон чиз офарид.
Худое, ки аз нор нур мекунад,
Зи хок одам, аз ғам сурур мекунад.
Баландию пастинамо ӯ бувад,
Ҳамеша Рабби Кибриё ӯ бувад.
Падид орад аз хок хору гиёҳ,
Кунад гавҳар аз сангу в-аз занг моҳ.
Ӯ бинҳод ба мардум қазову қадар,
Ба ҳар лаҳзае мекунад ӯ назар.
Чу дил пок бошад, набинад дар он,
Ба покӣ дили пок бояд, бидон!
Диле ҷӯ, ки он дил назар оварад,
На он дил, ки бар ту зарар оварад.
На ҳар дил бувад дил, на ҳар роҳ сабил,
На ҳар сабр аст, чу сабран ҷамил.
Набошад ба ҳар шох бору самар,
Садафҳо на ҳар як биёрад гуҳар.
На ҳар қавл қавли накӯ равшан аст,
На ҳар сина ҷойи бузурги фан аст.
Ба ҷуз он Худо пок аз айб нест,
Ба ҷуз Ӯ касе олими ғайб нест.
Ту то бошӣ зикри Худованд кун,
Ҳама роҳи ғафлат ба худ банд кун.
Фасона махон аз дурӯғу ғурур,
Ту биноӣ, худро макун шахси кӯр.
*************************************************************************************
Ҳар дида, ки ибрате нагирад, кӯр аст,
Ҳар нуқл, ки лаззате набахшад, шӯр аст.
Рахте, ки тағайюр напазирад, кафан аст,
Он хона, ки табдил наёбад, гӯр аст.
Бедил
******************************************************************
Ҳар,Ки бо зикри Худо унс бигирад шабу руз,
Гар бувад мурдаи садсола,Ки рухаш бахшад.
Ҳар Ки дар фотихаи руз ба фатхия шитофт,
Ҳеҷ шак нест,Ки Фаттоҳ футуҳаш бахшад.
*******************************************************************
Эй басо кас ба як дуои саҳар,
Рафта қадраш зи чарх болотар.
В-эй басо кас ба як дуои шом,
Дину дунёш ба бод дода тамом.
**********************************************************************
ЭЙ, КИ МЕФАХРӢ ЗИ ХУД
Эй, ки мефахрӣ зи худ Одам Сафиюллоҳ канӣ?
Модари покизаи мо - ҳамдамаш Ҳавво канӣ?
Мавҷаи тӯфони Нӯҳ хушку тарки дунё гирифт,
Соҳиби тӯфон куҷо гардиду он дарё канӣ?
Бо ситам то оташи намруд бурдандаш ба зӯр,
Оташ аз баҳраш гулистон шуд, Халилуллоҳ канӣ?
Сар ба фармони падар биспурд андар зери теғ,
Ҳаст Ҳоҷар интизори ӯ - Забеҳуллоҳ канӣ?
Куштанаш мехост андар маҳд Фиръавни лаъин,
Розгӯи Тури Сино Мӯсии гӯё канӣ?
Дурии фарзанд андар байтулэҳзонаш кашид,
Яъқуби чашминтизори Юсуфи барно канӣ?
Устухони хушк омад аз нигоҳаш дар сухан,
Рафт сӯи осмон Исои Руҳуллоҳ канӣ?
Боиси эҷоди олам нури ӯ гардида буд,
З-ӯ нишон ҳаргиз намеёбам, Расулуллоҳ канӣ?
Чорёри бомурувват роҳи дин паймудаанд.
Шери даргоҳи Илоҳӣ - Ҳайдари аъло канӣ?
Эй Зарифӣ, дил чи бандӣ дар макони бесубот,
Ҳофизи ширинкалому Саъдии доно канӣ?
Исмоил Зарифӣ, деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷакент.
***********************************************************************************************************
БА КОРИ НЕК ҲАМЕША ҶАҲД СОЗЕД
Худовандо, ба даргоҳат бинолам,
Ҳамеша ҳастӣ ту огоҳ зи ҳолам.
Худовандо гуноҳонам бибахшо,
Ки ман як бандаи ошуфтаҳолам.
Ба ёдат ашки дида ҳар сабоҳ аст,
Маро дар ҳар қадам чандин гуноҳ аст.
Намоям тоату тавба биёрам,
Ки номи поки ту пушту паноҳ аст.
Дилам чун мавҷи баҳр туғён дорад,
Умед аз раҳмати Раҳмон дорад.
Ба кори нек ҳамеша ҷаҳд созед,
Ки рӯзе умри мо поён дорад.
Худовандо, диламро шод гардон,
Дину дунёи ман обод гардон.
Агарчи бандаи пур аз гуноҳам,
Зи нори дӯзахат озод гардон.
Ба васвоси лаъин рафтор кардам,
Гуноҳ болои ҳам такрор кардам.
Худоё, тавбаи манро қабул кун,
Пушаймонӣ аз он кирдор кардам.
Шамсиддини ҚУДРАТ, деҳаи Тутака , ноҳияи Ҳисор
*****************************************************************************************************************************************************
Хез эй дил, нола кун бо ҳазрати олиҷаноб,
То шавад бар даргоҳи лутфаш дуоят мустаҷоб.
Лутф фармо, эй каримо, нест чун ман дар ҷаҳон,
Бандаи номасияҳ, шармандаи рӯзи ҳисоб.
Бин, ки хосон дар ризояш ҳамчу дил дарбохтанд,
То шавад хушнуд з-ишону нагирад бо итоб.
Мо намегӯем моро ҳаст тоату амал,
Ҳеҷ коре барнамеояд зи мо ғайри иҷоб.
Чунки худбиниву худроию солусист кор,
Хайру тоат гуфта месозем кори носавоб.
Умр мустаъҷал, амал бисёр , аммо роҳ дур,
Корвонӣ рафта, мо дар фикри нафсу хурду хоб.
Масти кору ғафлатем бедор кай хоҳем шуд?
Шаб гузашту субҳидам шуд ҳам баромад офтоб.
Оқибат Шайдо аз ин дори фано хоҳем рафт,
Бо рухи зарду дили пурҳасрату чашми пуроб.
***********************************************************************************************************
Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бо рӯзахӯрон қуввати гуфтор надорам.
Хоҳам, ки ба як моҳ ҳама гушна нишинам,
Аз гушнагиям шикваю озор надорам.
Зеро, ки гуноҳони ман аз мӯӣ фузун шуд,
Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам.
Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту,
Ман майл ба шайтону гунаҳкор надорам.
Аз чор ҷиҳат нафси аммора ҳама қуфл аст,
То Ид ҷуз аз тавба дигар кор надорам.
Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бас, бас ки дигар фурсати такрор надорам.
Раънои МУБОРИЗ
**************************************************************************************************
Илму олим ҳамчу меҳру моҳ бувад,
Раҳнамои мардуми гумроҳ бувад.
Илм бисёр аст, аммо илми дин,
Дастгири халқ мегардад яқин.
*****************************************************************************************************
Ҳар лукма ки мухури бигу Бисмиллоҳ
Ҳар як нафасе фуру бари ё Аллоҳ
Ҳар кор ки мекуни Худо хоҳаду гуй
Корат ба ривоч меравад, Иншооллоҳ
****************************************************************
Намозатро сари имон ҳамедон,
Касеро сар набошад, нест имон.
Макун дигар баҳона эй, ҷавонмард,
Намозатро ҳамебояд адо кард.
****************************************************
ХИЧОБ
Хохарону духтарони муслимин
бе хабар аз Уммахотул му*минин
Аз Сахобиёти Уммат гофиланд
ошики фаннонахои гарбианд
Кашф карданд соиду а*ноки хеш
чалб созанд сад чавонро суи хеш
Аз хаёву иффату сидку сафо
дур гаштанду ба худ карданд чафо
Ошики расму русуми гарбиён
аз ХИЧОБ аст обру ей Дилбарон
Асри нав бар ту сабакхо дода аст
бе хичобиро тамаддун хонда аст
Аз губору дуд чашматро бишу
то бубини ма*нии Шар*ат наку
Аз табарруч нахй бинмудаст Худо
амри Куронат намебини чаро?
Садди боби фитнахо бошад Хичоб
бе хичоби оварад сад изтироб
Суннату Курон бинмо як назар
аз макоми хеш дони бештар
Дар чаманзори чахон хамчун гули
рохи Захро пеша кун гар окили
Гар ту дори аз саодат чустучу
гани бахтатро зи Куронат бичу
Роху расми зиндагиро дар чахон
карда аст бар ту Худовандат баён
Чодарат рамзи тахаллуф нест, нест
ин хама гавго дуруге беш нест
Хикмату мантик нагуяд ин сухан
гар чи такрораш кунанд дар анчуман
Ин фазилатро нишони бад заданд
бар чабини у ракам дигар заданд
Гох бар шамси зухову руи мох
парда гардад пораи абри сиёх
Модари ё Хохари ей Мухтарам
офарин; хасти ту аз Хайрул Умам
Доманат гахвораи мардони рох
бар гузашти хеш бинмо як нигох
Пок гардад чилхо гар тохири
по гузори аз шараф дар муштари
Аз суханхои Сахеи он Чаноб
омада мардони Умматро хитоб
Хар ки икромат кунад бошад карим
гар ихонат мекунад бошад лаим
Чодарат рамзи хаёву иффат аст
хам зи амру фарзи дини фитрат аст
Зинаташ аз симу зар зебанда тар
хам викори ту бисозад бештар
Гар мусалмонзодаи амраш пазир
Чодари Исломиён бар сар бигир
Дини фитрат амр бинмудаст туро
то чу гул хушбу нигах дорад туро
Чодаратро бар сару гардан гузор
то зи ту хушнуд гардад Кирдгор.
***********************************************************************************
С А Л А В О Т:
Дар вакти субхгохон буи Мухаммад омад,
Андар машоми мардон буи Мухаммад
омад.
Рафтам ба суи бустон гулхо шукуфта дидам,
Аз чониби гулистон буи Мухаммад омад.
Х,ар субхи дам бинолам дар хонакоху масчид,
Аз охи субх,хезон буи Мухаммад омад.
«Ваш-Шамс»
васфи руят, «Вал-Лайл» наъти муят,
Аз сурахои Куръон буи Мухаммад омад.
«То
хо» бихону «Ё син» в-он гах бигуй омин,
Аз
зикри исми Рахмон буи Мухаммад омад.
Ин
хашт дар кушода дар интизори Хазрат,
Аз боргохи Ризвон буи Мухаммад омад.
Шукри
Худо хазорон, чандин хазор борон,
Аз мулкати Бадахшон буи Мухаммад омад.
Туфони
Карбалоро гирди Хусайн дидам.
Аз нолаи Имомон буи Мухаммад омад.
Имло,
бизан ту худро дар сухбати гарибон,
Аз сухбати гарибон буи Мухаммад омад.
******************************************************************
Ey do'st, dar in jahon mo yak nafasem.
Gah otashu, gah gulemu gah xoru xasem.
Harchand vafo nadorad, in dori fano.
Boyad ki ba qadri hamdigar mo birasem.
* * * * *
Jonona charo az in jahon bexabari,
Shabhoi daroz dar talabi molu zari,
Nasibai mo az in jahon yak kafanay,
Onro ba gumon ki bari yo nabari.
***************************************************************************
Dil dar in dunyo maband, dunyoi foniy bigzarad.
Navbati piri daroyad, navjavoni bigzarad.
Ey ki dori bog'u bo'ston, molu mulku mamlakat.
Bog'i tu vayrona gardad, bog'boni bigzarad.
In ajal hamchun pul astu jonho chun korvon,
Nogahon bini ki zon pul, karvone bigzarad.
***************************************************************
Tamomi kulli ashyoni Xudoni qudrati qildi.
Shu davlat senga yetmasmu Muhammad ummati qildi.
******************************************************************
ХАБИБИ ХОЛИКИ ЯКТО МУХАММАД,
МУХИББУ ХАЗРАТИ МАВЛО МУХАММАД.
АМИРИ КИШВАРИ МУЛКИ ХИДОЯАТ,
ИМОМИ ЯРСАБУ БАТХО МУХАММАД.
ШАВАД АРШИ БАРИН ФАРШИ РАХИ У,
МУКИМИ ТАХТИ 8АВАЛНЛ* МУХАММАД.
ШАХИ КАСРИ *КАФО БИЛЛОХ* БОШАД,
МАХИ БАДРИ ФАЛАКПАЙМО МУХАММАД.
БУВАД САРВИ ЛАБИ ЧУИ ИРОДАТ,
ГУЛИ ХУБИ ЧАМАНОРРО МУХАММАД.
ДИХАД БАР ТАШНАКОМОНИ ЧАХОН ОБ.
ЗИ ЧОМИ СУРХИ *ТО ХО* МУХАММАД.
БА ГУЛЗОРИ ХИДОЯТ ПУРФИГОН БУД,
ДАМОДАМ АНДАЛЕБОСО МУХАММАД.
БА ГУФТОРАШ,КИ ХОЛИ АЗ ХАВО БУД,
ФИКАНДА ДАР ЧАХОН ГАВГО МУХАММАД.
ГУНАХГОРОНИ УММАТРО БА МАХШАР,
БУВАД ОХИР ФАРАХБАХШО МУХАММАД.
БА ЁДАШ ШОД ДИЛХОИ МУХИББОН,
ФАРАХБАХШАНДАИ ЧОНХО МУХАММАД.
АСОИ ДАСТИ ХАР АФТОДА НОМАШ,
ХАЁЛАШ РОХАТИ ДИЛХО МУХАММАД. АЗ ХАД АФЗУН,
ТАРАБАФЗОСТ ЭЙ ШАМЪИ ДИЛОРО,
БА ДИЛХО ЁДИ РУЯТ Ё МУХАММАД.
САЛОТУ ХАМ САЛОМИ АЗ ХАД АФЗУН,
БА РУХАТ ЭЙ ХАБИБИ МО МУХАММАД.
БА АБДУЛХАЙ НАСИМИ БОГИ ФИРДАВС,
РАСАД АЗ ХОКИ КУЯТ,Ё МУХАММАД
******************************************************************
ХУДО БАХШАНДА БО НОМАШ БИКУШАМ,
БА МЕХРУБОНИАШ ДАР АКЛУ ХУШАМ.
СИПОСИ БЕАДАД БОД ОН ХУДОРО,
МУРАББИИ ДЖАХОНИЁНИ МОРО.
КИ БАХШОЯНДА ЗОТИ МЕХРУБОН АСТ,
ХАМЕША НОМИ НЕКАШ ДАР ЗАБОН АСТ.
БУВАД ШОХАНШОХИ РУЗИ КИЁМАТ,
КИ МАРДУМ ШОДУ ГАХ АНДАР НАДОМАТ.
ХУДО ТАНХО ТУРО МО МЕПАРАСТЕМ,
ВА АЗ ТУ ЁРИХО ДЖУЯНДА ХАСТЕМ.
БУБАР МОРО БА РОХИ РОСТ ДОИМ,
БА РОХИ СОХИБИНЪОМОНИ КОИМ.
НА БО РОХИ КАСОН, КИ ДАР ГАЗАБ МОНД,
БА ГУМРОХИ ГУНАХ БАР ХЕШ БИНШОНД.
***************************************************************
Ё РАБ БА ДАРАТ РУИ НИЁЗ ОВАРДАМ,
НЕ ХАДЖУ ЗАКОТУ НЕ НАМОЗ ОВАРДАМ.
ДЖОНЕ, КИ РАМИДА БУД АЗ ДАРГАХИ ТУ,
БИГРИФТАМУ БАР ДАРИ ТУ БОЗ ОВАРДАМ.
****************************************************************
Дар чахони бе бако охир парешон мешави,
Умри худ зоеъ макун чоно пушаймон мешави.
Кадри ёру дустонро дон андар зиндаги,
Окибат ай бехабар дар хок пинхон мешави.
Доимо дар зикри хак бошу, Худоро ёд кун,
Хон марав бо рохи шайтон пур зи усён мешави.
Гар биёби давлату, дунёву мулки бехисоб,
Ин хама хайрон бинод, чисми бе чон мешави.
Зан кунад шуи дигар, фарзанд фаромушат кунад,
Хеч ёди ту намеояд, чу дар хок мешави.
Эй, ки дори аклу хуш сарфи худо кун моли худ,
Пеш аз он, ки андар лахад пусида вайрон мешави.
Дар забонат лоилохро, доимо такрор кун,
Дур аз гуфтори бад бош, чунки расво мешави.
Ахли илму толибонро гар тавони даст гир,
Бо хунармандон нишин, окилу доно мешави.
Бо бадон маншин, ки имони ту мегардад хароб,
Дар сарои охират дар нори сузон мешави.
Толибо хохи саодат неки кун, бо мардумон,
Дар бихишти човидон бо хуру гилмон мешави.
******************************************************************
Рузи махшар, ки чон гудоз бувад,
Аввалин пурсиш аз намоз бувад.
Бенамозе гар бихандад, хандаи у зебанда нест,
У чи механдад, намедонад Худоро банда нест,
У намедонад, ки чои бенамозон дузах аст,
Хар гунохест дар чахон аз бенамози бадтар нест.
Зи биёбони адам, то ба сари бозори вучуд,
Ба талоши кафане омада, урёне чанд.
Чу дарёи рахматаш талотум кунад,
Гунах сохиби хешро гум кунад.
Чуз ба дастурии "Колаллох ё Коларрасул",
Рох марав, фармон мадех, хочат магу, хуччат маёр.
**************************************************************************
КАДОМ МОДАР БА ДУЗАХ МЕДАРОЯД,
ХАМОН МОДАР КИ ДУХТАРРО БИЗОЯД.
НА ТАЪЛИМАШ КУНАД НА ШАРМУ ИМОН,
БА БЕ ТАЪЛИМ ДАРИ БЕРУН БАРОЯД.
САДОИ ДУХТАРОН ПУШИДА ТАР БЕХ,
ВУЧУДАШ ДАР ИБОДАТ НЕКУТАР БЕХ.
ЧАМОЛАШ МИСЛИ ХУРРИ АХЛИ ЧАННАТ.
ЗИ ЧАШМИ АЧНАМИЁН ДУРТАР БЕХ.....
******************************************************************
Кучо васфи Ту меорем, ба чонмон ё Расулалаллох,
Калам очиз мемонад, ба васфат ё Расулалаллох.
Даруни кулбаи эхзун, ба ёди Ту менолем,
Ки шояд як назар сози, ба суймон ё Расулалаллох.
Хама халкон дар ин олам, ба суи айш мекушанд,
Бигардон ин дили моро, ба суят ё Расулалаллох.
Гарики бахри усёнем, зи кардахо пушаймонем,
Ачаб шармандае хастем, ба наздат ё Расулалаллох.
Сарам дар болини марбут, забонам лол мемонад,
Ба номи Ту шавад чори, забонмон ё Расулалаллох.
Либос бе остин пушем, замони рихлат аст Дунё,
Савори аспи чубинем, бигир дастмон Расулалаллох.
Намози бе азон хонанд, дар он соат баро имом,
Ба зери хок танхоем, шафоат кун Расулалаллох.
Даруни гури торик ду малак пурсанд динат чист?
Бигуем дини мо Ислом, гувохи мо Расулалаллох.
Ба рузи хашр бардорем, сар аз хоки лахад ё Раб,
Ачаб дармондае хастем, ба наздат ё Расулалаллох.
Хама бо накш мегуянд, ба холи худ саргардон,
Кучо ёбем дар он холат, Туро мо ё Расулалаллох.
Ибодулло, хаме худро ба хоки пои пирон зан,
Ки шояд як даме созад, шафоат Он Расулалаллох.
********************************************************************
Додам ризо ба дуст ки харчи хакам кунад,
Кавме ба айшу ишрату кавме ба гам кунад
Баъзе ба хушдиливу базм аст дар хузур.
Баъзе дигар зи гиря ду чашмаш варам кунад
Як чост тую мастию сад нагмаи сурур.
Чои дигар фигону садову вобалам кунад,
Чанде гуруснаанд барахна ба охи сард.
Они дигар зи салтанати чоми чам кунад.
Баъзе ба дарди ишк гирифтору мубтало
Баъзе ба мисли гов чарои шикам кунад.
Кавмест солхурдаву кавмест навчавон
Баъзе вучуд ораду баъзе адам кунад……
***************************************************************
Чашме дорам хама пур аз сурати дуст
Бо дида маро хуш аст, чун дуст дар уст.
Аз дидаю дуст фарк кардан на накуст.
Ё дуст ба чои дида, ё дида хам уст.
Хохи, ки шавад дили ту чун оина,
Дах чиз бурун кун аз даруни сина.
Кибру хасаду зулму харому гайбат,
Бухлу тамаъу хирсу риёву кина
******************************************************************
Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фони бигзарад,
Навбати пири дарояд, навчавони бигзарад.
Эй ки дори богу бустон, молу мулку мамлакат,
Боги ту вайрона гардад, богбони бигзарад.
Эй ки дори зуру бозу, дар чахони номдор,
Зури ту хам охир ояд, пахлавони бигзарад.
Ин ачал хамчун пулест, чонхо чун корвон,
Ногахон бини з-он пул корвоне бигзарад.
Шамси Табрези, чи дони холати мастони хеш.
Кори ту хам охир ояд, кордони бигзарад...
****************************************************************
Шукр гу, эй дил ки дар хайли мусалмон офарид,
Орифи худ карда хам бо нури имон офарид.
Пову дасту чашми бино дод аклу ихтиёр,
Дар дахонам ин забон худ санохон офарид.
Неъмати бисёр пайдо кард бахри тоаташ
Боги чаннатро барии ахли мухибон офарид.
Хамду лиллах кард моро уммати хайрулбашар
Бехтарин аз кутуби хеш Куръон офарид
Кард инъом бар кавме хуру гилмони бихишт
Бо гурухе дузахи аз нории сузон офарид
Ахли исён бояд аз лутфаш набошад ноумед
Бахри гуфрону шафоатхои исён офарид
Сабр мебояд ба каф кардан зи кулфатхои дун.
Ёд дори дар тани Аюб кирмон офарид.
Ранчи ин фони ба уншокаст лаззоташ ба гайр
Дустонашро ба чандин з-ин сон офарид
Чан солее Нух пайамбар кашида ранчи кавм
Сохташ киштинишину мавчи туфон офарид
Аз фироки Юсуфаш месухт дар байтулхазан.
Оташи хичрон бари Яъкуби канъон офарид
Эй Чунуни хикати махлук бахри хидматаш
Кай барии нафси саг бо хурдани нон офарид.
********************************************************************
Маханд ту дар инчо ки мижгони ту гирё наст дар фардо
Агар рези дар ин чо ашк хандон хаст дар фардо
Ба андухи Киёмат зард кун рухсори гулгун
Бо сони шамси анвар мохи тобон аст дар фардо
Макун чавру ситам бар чони худ аз тарки фармонаш
Ба гайри акбахо хафт дарки сузон аст дар фардо
Касе гар андар ин чо хирмани тоат набардорад
Ба сад афсусу хасратхо пушаймон аст дар фардо
Чаро эй калхамач бо чилваи ин зол менози
Валекин айшгохи хоксорон аст дар фардо
Ба машаргох гар хар касс ба хар су равон гардад
Ки майлони Чунуни суи чонон аст дар фардо
**********************************************************
Зи ёди Хак машав гофил,агар хуше ба сар дори,
Бубин,то манзили укбо чи рохи пурхатар дори.
Нафасро сарфи тоат кун,бигу авроди субхони,
Ба зикри Хак шуди моил,хузури бахру бар дори
******************************************************************
Бандагони нафсро сад хайфи номи бандаги,
Бандаи содик хамон ки ру ба Мавло мекунад.
Бехабархо дар фиреби ишрати имрузаанд,
Бохабархо рузу шаб анчоми фардо мекунанд.
Сайт создан на бесплатной системе fo.ru
https://www.youtube.com/channel/UCABNLDcTA-nUIQmd5wDpzIw?view_as=subscriber
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1