Ваё чун Қоруни дунё пушаймон мекунӣ ё Раб.
Хиёбони фалакро сар ба сар ҷустам нишони ту,
Қади гулгулшукуфонат намоён мекунӣ ё Раб.
Агар сӯзӣ, агар созӣ надорам изтироби дил,
Ба рӯи сабзаи меҳрат сабохон мекуни ё Раб.
Юнусро додӣ пайгоми нубувват дар дили мохӣ,
Маро дар чанги гуфторат санохон мекунӣ ё Раб.
Навиштам номае баҳри ҳазорон толиби дидор,
Хатамро ҳотифи асрор парешон мекунӣ ё Раб.
Ба хокзори дилам тухми муҳаббат мекунам пинҳон,
Зи боди навбахори худ гулафшон мекунӣ ё Раб.
Ба зулмоти дили аҳли замин пайваста месӯзам,
Маро бо нури анворат дурахшон мекунӣ ё Раб.
Ба зар Пайдовари дилхо сухан дар пояи дил гуфт,
Маро дар оби ҳайвонат* Зарафшон мекунӣ ё Раб.
Шараф Пайдовар (Умарзода)
19.01.2017
Оби ҳайвон — оби
ҳаёт, оби зиндагӣ
https://www.youtube.com/channel/UCABNLDcTA-nUIQmd5wDpzIw?view_as=subscriber
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев