Предыдущая публикация
Рухам аз бетуӣ зард аст, Модар.
Кашам бори ғами дунё валекин,
Ҷаҳон афсӯс номард аст, Модар.
Надорад зиндагӣ бе ту вафое,
Дилам аз зиндагӣ сард аст, Модар.
Ба яғмо мебарад ғам гавҳари умр,
Ғам ин як дузди шабгард аст, Модар.
Дуои ту балогардони ман буд,
Бало сад мушкил овардаст, Модар.
Ба тоқи дил китоби орзуям ,
Пур аз чангу пур аз гард аст, Модар.
Рақамҳои ҷафо бебанду боранд,
Фалак чун тахтаи нард аст, Модар.
Туро бисёр пазмонам, биё бин,
Қазо бо ман чиҳо кардаст, Модар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4