Эй нури харду чашмон, хушбахтият муборак!
Гуфти: "Биё ба туям, мебош рубаруям!"
Пиндори хаст осон??? Хушбахтият муборак!
Гуфтам: "фидот чонам, рафтан наметавонам"
Гуфти: "маро маранчон" хушбахтият муборак!
Як номаи ба дастам, доди Зи гам бирастам,
Рафти Зи ман шитобон, хушбахтият муборак!
Бо сузу нолаву ох, рафтам ба туят эй мох,
Гаштам хазину хайрон, хушбахтият муборак!
Дидам туро канори он ёри дилнавозат,
Хушхолу шоду хандон, хушбахтият муборак!
Таклиф шуд, ки " имшаб з ин туй шав баранда!"
Бо гам шудам газалхон, хушбахтият муборак!
Ашъори хешро ман пеши ту месурадам,
Бо чашми ашкризон, хушбахтият муборак!
Умри дарозу бахти хуш, кардам орзуят,
Дар дил намонд армон, хушбахтият муборак!!
Инак ду руз шуд, ки аз ман чудости ту,
Эй гулбуни хиромон, хушбахтият муборак!
Таввоб хар замони такрор менамояд,
"Эй нури харду чашмон, хушбахтият муборак!"
{~Шеър Аз Дӯстам Таввобиддини панҷрӯдӣ~}
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1
Надидам дидаи ҷодуят эй ёр.
Агар мегуфти <<Дорам туй, зуд о>>
Давон меомадам бар куят эй ёр.
Вале сад оҳу сад оҳ аз ғариби,
Ки будам дур аз паҳлуят эй ёр.
Пас аз чанде шудам огаҳ, ки рафти,
Шудам ошуфта ҳамчун муят эй ёр.
Ҷигарбандат кунун бо ман баробар,
Ба у рафтаст хулқу хуят эй ёр.
Нагаштам ёр бо ёре пас аз ту,
Ки мондам бе насиб аз руят эй ёр.
Бигуям баъди ҳабдаҳсол аз ҷон,
МУБОРАК ТОЛЕЪИ НЕКУЯТ ЭЙ ЁР.