Гулро чӣ масал ба рангу бӯят?!
Оташ нашавад ҳарифи хӯят,
Фирдавс намунае зи кӯят,
Бинад ба чаман қади накуят,
Сулсул биравад зи боғ сӯят!
Ё Раб, чӣ бало, ту нозанинӣ,
Меҳри фалаку маҳи заминӣ,
Сар то ба қадам ту ангубинӣ, Ангуштари ҳуснро нигинӣ!
Оина фитад агар ба рӯят,
Ҳайрон шавад аз рухи накуят!
Рухсори ту таъна карда бо гул,
Чоҳи зақанат ба чоҳи Бобул,
Зулфи сияҳат ба ҷаъди сунбул,
Тарзи нигаҳат ба нашъаи мул!
Гул ҷома дарад зи шавқи рӯят,
Анбар шиканад зи қадри мӯят!
Заҳри ғами ишқи ту чашидам,
Роҳат сари мӯ зи ту надидам,
Бори аламат басе кашидам,
То он ки ба ошиқӣ расидам,
Эй он ки манам дар орзуят,
Рӯзону шабон ба ҷустуҷӯят!
Ғайр аз ғами ту ба сар надорам,
Дар ишқи ту зору беқарорам,
Васфи ту бувад ҳамин шиорам,
Дар гулшани мадҳи ту ҳазорам! Ҳарчанд на маҳрамам ба кӯят,
Шодам ба ҳадиси гуфтугӯят!
Эй рӯйи маҳи ту офтобам,
Печу хами зулфи ту танобам,
Ҳар қатраи шабнамат гулобам,
Дар оташи ишқи ту кабобам!
Фарёд зи дасти хулқу хӯят,
Як ҷуръа надидам аз сабуят!
Нахлест қадат зи боғи хубӣ,
К-аш таъна занад ба сарву Тӯбӣ,
Юсуф ба дарат ба хокрӯбӣ,
Ҷӯёни ту шарқию ҷанубӣ,
Дар ҳар чаманест обрӯят,
Дар ҳар ватанест гуфтугӯят.
Як бор напурсӣ ҳоли Туғрал,
Маҳҷур ту аз висоли Туғрал,
Доим туӣ дар хаёли Туғрал,
Донӣ ту агар камоли Туғрал,
Аз лутфу карам барӣ ба сӯят,
Ҳамдам кунӣ бо сагони кӯят!
Туғрали Аҳрори
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев