Аксаран одамон бар ивази некӣ бадӣ мекунанд, вале дар ин миён инсонҳои дарёдиле низ ҳастанд, ки ҳатто бар ивази бадӣ некӣ мекунанд. Қаҳрамони қиссаи мо аз тоифаи чунин афроди фариштахисол аст.
Дар байни хешовандони падарам Қумринисо ном зани ҳалиму меҳрубоне буд, ки хурду калон сахт дӯсташ медоштанд. Момаи Қумринисо дар деҳаи Ҷузии ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ мекард ва бисёр зани ширинзабон буд.
Ҳар гоҳ, ки момаи Қумринисо ба хонаи мо меҳмонӣ оянд, манзиламон гӯё нуру сафо мегирифт ва ҳама аҳли оила дар атрофаш ҷамъ шуда, чашм аз даҳонаш намекандан Кампир чунон нақлҳои аҷоибу ғароибе мекард, ки кас аз шуниданаш ҳеҷ сер намешуд.
Қиссае, ки бароятон нақл карданиям, аз ана ҳамон нақлҳои пандомӯзи момаи Қумринисо аст.
Сағераи бетолеъ
Дар ҳамсояқишлоқи мо Сафар ном ҷавони зебое зиндагӣ мекард, ки ҳанӯз дар синни яксолагӣ аз меҳру навозиши падар маҳрум монда, дар тарбияи модари меҳнатқаринаш ба воя расида буд,-нигоҳашро ба дуродур дӯхта, қисса мекард момаи Қумринисо.
Беҳуда нагуфтаанд, ки “даҳони ятим ба но расад, биниаш хун мешавад”. Ин сағераи берӯзӣ ҳам рӯзу рӯшноӣ надид ва дар 20-солагӣ модарашро ҳам аз даст дода, тамо бекасу кӯй монд.
Азбаски ягон хешу табори наздик надошт, баъди гӯру чӯб кардани мадари ғамкуштааш Сафари бетақдир дари ҳавличаи хурдакаки меросиро қулф зада, аз деҳа баромада рафт ва бо ҳамин чанд сол беному нишон гашт
Гоҳ-гоҳ баъзе ҳамдеҳагонамон хабар меоварданд, ки Сафар дар шаҳр кор мекунад ва Азиза ном ятимдухтареро ёфта, хонадор шудааст.
Ниҳоят як рӯзи офтобии баҳорӣ Сафар ҳамроҳи занаш, ки дар ҳақиқат ба мисли маҳтоб зебо буд, бору бандашонро гирифта ба деҳа баргаштанд.
Беҳуда “дасти одамизод гул аст” нагуфтаанд, ин зану шавҳари гулдаст дар як муддати кӯтоҳ кулбачаи лойини аз раҳматӣ модари Сафар ба мерос мондаро бо дастони худ рангу бор кардаву дар гирду атрофи ҳавлӣ ниҳолакони себу гелосу олучаву зардолуву шафтолу шинонда, ин макони харобро ба гулистон табдил доданд.
Зани Сафар духтари шаҳрӣ бошад ҳам, бис ҷавонзани меҳнатдӯст буд ва рӯзи дароз д замини назди ҳавлигиашон обчакорию деҳқонӣ мекард.
Ин ҷавонзани бофаросату покизакор дар муддати кӯтоҳ ҳавлии фарсударо ба боғчаи сарсабзи зебою дилкаше табдил дод, ки як гӯшаи боғи биҳиштро ба ёди кас меовард, аммо...
Ба бахти бади Сафар ҳамсараш Азиза ҳангоми ба дунё овардани тифлаки нахустинашон сари фарзанд рафта, марди бечора боз яккаву танҳо монд....
Пас аз марги ҳамсари меҳрубону вафодораш дунё дар назари Сафар тираву тор гашт. Ба қавле “ду дасташ аз осмону ду пояш аз замин канда шуда буд” ва намедонист сари сахташро ба кадом дар занад.
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, писараки бетақдири ҳанӯз рӯйи модар надида аз меҳри модар маҳрум гаштааш шаб то саҳар пистони модар ҷуста, чирросзанон гиря мекард ва як алами Сафарро сад алам мегардонд...
Чанд нафар калонсолони деҳа ба Сафар маслиҳат доданд, ки кӯдакро бурда ба ятимхона супорад, вале ин ҷавонмарди бо нангу номус “ин кӯдак ягона ёдгории ҳамсари ҷавонмаргам ва барои ман амонат аст, ҳаргиз писарамро ба сағерахона намесупорам” гӯён, тифли ширмакро тани танҳо бо сад ранҷу азоб нигоҳубин мекард...
Бо ҳамин минвол писари ятимаки Сафар-Самад яксола шуд. Ин писарчаи ҷингиламӯй, ки нав роҳгардонак шуда буд, мисли як себи дукафон ба модари раҳматиаш монандӣ дошт ва чунон кӯдаки зебою дилкаше буд, ки одами дидагӣ мехост гирифта гурезад.
Сафар, ки муддати як сол худаш бо сад ранҷу азоб писаракашро калон мекард, маҷбур буд, ки барои пешбурди зиндагӣ ба кор барояд ва намедонист кӯдакро ба кӣ супорад.
Дӯстонаш ба ӯ маслиҳат доданд, ки ягон з худотарсу боимонро ёфта, хонадор шавад, ки ба писаракаш модарӣ кунад.
Сафар аввал “шавқу ҳаваси зиндагӣ ҳамроҳи ёри ҷавонмаргам дар дили ман мурд, дигар ба касею чизе заррае майл надорам” гуфта бошад ҳам, баъдтар ба хотири фарзандаш бо як зани шавҳармурда издивоҷ кард, аммо...
Ба бахти бади Сафар зани наваш одами хуб набаромад. Ин ҷавонзани маккора аз рӯзҳои аввали ба ин хонадон қадам гузоштан ба фарзанди шавҳараш бо чашми нафрат менигарист.
Зайнура хуб медонист, ки ҳарчанд Сафар бо ӯ издивоҷ карда бошад ҳам, то ҳол ишқи ҳамсари раҳматиаш дар дилаш лона дорад ва танҳо ӯро дӯст медораду халос. Ба мисли як себи дукафон ба модари худораҳматиаш монанд будани Самади хурдакак ғаши моиндарашро меовард ва “касофат, худаш мурда, сағераи сархӯрашро дарди сари ман кардааст” гӯён, дар набудани падараш Самади хурдакакро бераҳмона мезад, вале Сафар дар хона бошад, нисбати кӯдак чунон меҳрубонӣ мекард, ки гумон мекардӣ аз ӯ дида, зани меҳрубонтар дар тамоми олам вуҷуд надорад.
Ҳамин ки Сафар ба кор рафт, рӯзи писарак ятимаш ба шаби тор табдил меёфт. Мабод кӯдаки маъсум дар эзорчааш тар карда монад, моидараш Гулзира бачаро бо мушт лагад мезад ва ҳатто гӯшти баданашро бо дандонҳояш газида мегирифт.
Ҳамсояҳо борҳо чӣ тавр дар оби сарди ҷӯйбор кӯдакро оббозӣ дорондани ин зани бераҳмро дида, таъкид карданд, ки бо тифлаки ятим чунон муносибат накунад, зеро убол аст, вале ин зани ҷаллод “шумо кори худатонро кунед, охир ба шавҳари ману бачаи ман чӣ кор доред” гӯён, ба даҳони ҳама мезад ва чунон шӯру вовайло мебардошт, ки ногуфтанӣ.
Самади хурдакак ҳанӯз забони гӯё надошт, ки аз ҷабри моиндар ба падараш шикоят кунад ва Гулзира аз бесоҳибию бепаноҳии ин тифли маъсум истифода бурда, ҳарчи дилаш мехост, мекард....
Ҳамин тавр аз байн як сол гузашт ва Гулзира аз Сафар ду писари дугоник таваллуд карда, ба қавли мардуми деҳа “буҷулаш асп хест”, акнун вай ошкоро ба писари ятимчаи шавҳараш нафрат доштанашро нишон медод.
“Сағераи шумрӯй бо як ваҷаб қадаш аз ҳо бачаҳои маро чашми дидан надорад, ҳами ки чашмамро хато кард, ягон ҷойи кӯдако мисли саг мегазад”- шикоят мекард Гулзир ба шавҳараш.
Сафар ҳамсарашро сари инсоф хонда мегуфт: “Самад ҳоло кӯдак аст, охир вай бадбинию қасдгириро аз куҷо медонад. Бача аст, бозӣ карда гизадагист-дия”.
Гулзираи шаттоҳ ин суханони шавҳарашро, ки мехост ӯро ором кунад, шунида бештар “девона” мешуд ва қиёматро қоим карда, дод мезад, ки ҳушу ёди ту то ҳол бо ҳамон зани гурсӯхтаат ва сағераи вай банд асту як зарра ҳам парвои ману кӯдаконро надорӣ.
“Қасам мехӯрам, агар ягон рӯз сағераат ба бачаҳои ман зарар расонад, ӯро бо ана ҳамин дастони худам зада мекушам” фиғон мекашид зани ҷаллод.
Сафар дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист, зеро вай аллакай аз ин зани шаттоҳ ду фарзанд дошт ва агар ба хотири Самад Гулзираро талоқ диҳад, ду писараки навзодаш аз меҳри падар бенасиб мегаштанд...
Зани бад-дӯзахи мард
Бо ҳамин минвол аз байн се сол гузашта, Самад панҷсолаю писарчаҳои дугоники Гулзира сесола шуданд. Дар ин миён моиндараш боз ҳомиладор шуда, ин дафъа ду духтари дугоник таваллуд кард ва худро ҳӯҷаини комилҳуқуқи ин хонаву дар эҳсос намуда, дар назди Сафар шарт гузошт:
“Ман дигар тобу тоқати дидани сағераи ту надорам! Салимро бурда, ба ятимхона месупорӣ ё костюматро гирифта, аз хона баромада меравӣ. Ман 4 фарзанд дорам в ин хонаву дар ба пуррагӣ ҳаққи ману кӯдаконам мешавад. Ба куҷое, ки мехоҳӣ, рафта арзу дод кардан гир....”
Сафар аввал ба хубӣ, баъд бо дашному ҳақорат ва ҳатто бо мушту лагад кӯшиш кард ба ҳамсараш фаҳмонад, ки Самад ҳам фарзанди вай аст ва ба ин хонаву дар ҳақ дорад, аммо муроде ҳосил нашуд.
Гулзира мисли барзагови якрав ду пояшро тиррак карда, ба мақсади худ расидан мехост. Рӯзе набуд, ки аз рӯйи Самад дар ин хона байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷол нашавад...
Маслиҳати пирони деҳа
Сафар хеле фикр карда ба хулосае омад, ки аз Гулзира ҷудо мешавад. “Ҳамин хонаву дар сарашро хӯрад! Хонаро ба ин зани шаттоҳ медиҳам ва писаракамро гирифта, баромада меравам.
Шукри Худо ҷойи кор дорам, ягон хобгоҳ ё хонаи иҷора гирифта, писарамро худам ка мекунам. Зангириаш ҳамин бошад, дигар а баҳри зан гузаштам” мегуфт худ ба худ Са вале...
Пирони деҳа аз моҷарои оилавии Сафар огоҳӣ ёфта, ӯро ба масҷиди деҳа даъват намуданд ва аз зисту зиндагиаш пурсон шуданд. Сафар аввал сир бой надод, вале вақте фаҳмид, ки пирони деҳа аз ҳолу аҳволи ӯ ба хубӣ огоҳанд, чашмонаш ҳавзи об шуданд. (Давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев