(Кисми чорум)
45. Фикр накарда омӯхтан зоеъ кардани вақт аст. 46. Вақт нишон медиҳад, ки ҷаннат осон нест ва ҷаҳаннам беҳуда нест. 47. Шахсе, ки ҳаё дорад, бадӣ намекунад. 48. Роҳи аз ҳамаи бадиҳо дур истодан, забонро нигоҳ доштан аст. 49. Дар ҷаҳаннам оташе нест, ҳар як инсон онро бо худаш аз дунё мебарад. 50. Машаққат асоси мукофот аст. 51. Касе, ки аз Худо натарсад, аз банда шарм намекунад. 52. Шахси бахи дар дунё фақир зиндагӣ мекунад ва дар охират мисли дороён пурсида мешавад. 53. Бахил зоҳиран солим бошад ҳам, дар асл аз таъсири ҳасад бемор аст. 54. Бахилӣ ҳиссиётест, ки инсонро ҳақир мекунад. 55. Бузургтарин беадолатӣ беҷазо мондани ҷинояткор аст. 56. Ба пои шахси бекор шайтон банд мешавад. 57. Бемор не, шахсе мемирад, ки аҷалаш расидааст. 58. Боақл се тоифаро ҳақир намебинад: олимон, ҳокимон, дӯстон. 59. Боақл онест, ки аз ҳама кас чизе момӯзад. 60. Бисёр бовар макун ба он нафаре, ки аз кучактарин чиз қаҳр мекунаду меранҷад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев