﴾
📚 صحيح الجامع { ۷۴۵۸ }
1 - Ҳадис!
Аз Ъабдуллоҳ ибни Ъумар, разияллоҳу ъанҳумаа, ривоят аст, ки гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд! «Занҳоятон-ро аз рафтан ба масҷидҳо манъ накунед, (Агар онҳо хостанд ) ва хонаҳояшон барояшон беҳтар мебошад.»
✒️Шарҳ!
Дар дини Ислом, ҳар вақте, ки занҳо муштоқ бар анҷом додани намози бо ҷамоъат дар масҷид шаванд, онҳоро аз рафтан ба масҷид манъ накунед, башарте ки аз фитнаҳ маҳфуз бошанд.
Аммо анҷом додани ъибодат дар хона барои занҳо афзалтар ва хубтару беҳтар ва дур аз фитнаҳ мебошад. Аллоҳу аълам.
📚Саҳеҳ-ул-ҷомиъи имом Бухори. [7458].
Ва ҳамчунин Аллоҳи мутаъаал дар қур-они Карим, дар 📖 сураи Ал - Аҳзоб, ояти - 33 мефармояд!
﴿وَقَرْنَ فِى بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ ٱلْجَـٰهِلِيَّةِ ٱلْأُولَىٰۖ﴾.
"Дар хонаҳои худ боқи бимонед, ва ҳам чунин худ намои накунед, монанди (занҳой) даврони ҷоҳилияти замони гузашта худнамои накунед."
✒️Тафсири ояти 33 сураи Аҳзоб!
Аллоҳи мутаъаал, ба ҳамсарони Расули Аллоҳ, салаллоҳу ъалайҳи ва саллам, амр мекунад, ки
дар хонаҳои худ бимонед ва бидуни зарурат аз хонаҳоятон берун нашавед.
Зеро дар хона мондан барои занҳо афзалтар ва хубтар аст, ва эмин мондани онҳо аз шарри шайтон аст.
Чун, ки аз фитнаҳи фитна гарон, маҳфуз мемонанд.
Ва ҳамчунин мефармояд, ки монанди занҳои даврони ҷоҳилият, худро зинат ва ороиш дода, барои ҷалб кардани мардҳои бегона ба берун наравед.
Барои занҳо ҷоиз нест, ки бидуни зарурат ва ҳоҷат аз хонаҳояшон берун шаванд.
Ва ҳамчунин барои занҳо ҷоиз нест, ки худро барои мардҳои бегона зинат диҳанд ва ба берун бароянд.
Зеро ин гуна ъамал, рафтори занҳои даврони гузашта аст, дар даврони ҷоҳилият, ва барои занҳой мусалмон шоиста нест, ки ин ъамали занҳои даврони ҷоҳилиятро анҷом бидиҳанд.
Бааракаллоҳу фикум.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев