Паноҳат бар Худо!
Марде ҳамсарашро бо тамоми ҳастиаш дӯст
медошт. Зиндагиашон вазнин гашту мард барои мардикорӣ ба шаҳри хориҷа равона гардид. Ин ҳангом ҳамсари олиҳааш ҳомиладор буд. Мард ҳангоми сафар бо
муҳаббат ба ӯ нигоҳ карду гуфт:
-Азизи дили ман, чароғи хонадонам, тифли шикаматро, ки меваи муҳаббати ҳардуи мо
аст, ба паноҳи Худои пок месупорам. Хайр, ман зуд меоям. Ин дам мард фаромӯш кард, ки ин суханонро ба ҳамсараш низ бигӯяд.
Мард рафту ҳамсараш бемор шуд. Аз бемории шадиди домана дере нагузашта ин зан вафот кард. Ӯро бо тифли ҳанӯз тавлид наёфтааш
гӯрониданд. Мард аз сафар баргашту ҳамсарашро дар хона наёфт. Хешовандонаш
барои таъзияву ҳамдардӣ омада гуфтанд, ки занат бемор шуду вафот кард. Мард гирякунон ба қабристони деҳа барои зиёрати эшон раҳсипор гардид.
Аз гӯшаи қабр равшание намоён буд. Мард наздиктар рафта дуои фотиҳа хонду боз ба ҳамон рӯшанӣ назар кард. Рӯшанӣ мисли нури офтоб буд. Мард дар тааҷҷуб монда ба назди домуллои калони деҳа рафт. Домулло низ ба
сари қабри ин зан омада ин равшаниро бидиду даст ба гиребон бурд. Ду се нафар пири хирадро фарёд карда қабрро кушоданд. Аз даруни тобут нолиши паст-пасти тифле меомад. Тифл даруни тобут зинда буду мегирист. Тифли зиндаро дида домулло дуо хонда аз Худо ва мӯъҷизаи ӯ гиря мекард. Ин дам ба дили мард омад, ки вақти хайрухуш гуфта буд:
-Паноҳи тифламон ба Худо. Аммо нагуфта буд, ки туро низ ба Худо месупорам.
Мард бедареғ мегирист.
Барои ҳамин азизони дилу дида, бо якдигар меҳрубон бошед. Фақат азизтарин шахси худро ба Худо супоред. Худованд бузург аст.
Паноҳи ҳамаатон ба Худо!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев