6 комментариев
    2 класса
    Эй дил, баро аз баҳри ғам, як омадан, як рафтан аст, Парво накун аз бешу кам, як омадан, як рафтан аст. Фикри ту гардон мекунад нуҳ гунбади афлокро, Берун шав аз фикри дирам, як омадан, як рафтан аст. Бе як тамошо меравад, бе як таҷалло меравад Ин лаҳзаҳои муғтанам, як омадан, як рафтан аст. Таркам макун то ҷовидон, эй зинату орои ҷон, Эй орзуи муҳташам, як омадан, як рафтан аст. Ваҳйе, ки ояд аз баҳор моро ба ҷони интизор Вопас бихонад аз адам, як омадан, як рафтан аст. Карданд дар пиндори ман тасбеҳу зуннор оштӣ, Якто бишуд дайру ҳарам, як омадан, як рафтан аст. Ховар бишуд афрангноз, Афранг шуд ховарнавоз, Ҳамдам шуданду ҳамқадам, як омадан як рафтан аст. Бар ҳурмати шамсу қамар, бар дӯстдории башар Ман додаам қавлу қасам, як омадан, як рафтан аст. Номи муҳаббат аз азал чун зиндагии беаҷал, Дар қисмати ман шуд рақам, як омадан, як рафтан аст. ФАРЗОНА
    1 комментарий
    21 класс
    Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт. Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд, Ангур на аз баҳри набизаст ба чархушт. Исо ба раҳе дид яке кушта фитода, Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт. Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор? То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт? Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас, То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт. Абӯабдуллоҳи РӮДАКИ
    1 комментарий
    35 классов
    Аз силсилаи: *"Пандҳои гавҳарбор барои дарозумрию тансиҳатии комили дӯстону пайвандон"** ФАЛСАФА НЕ, ВОҚЕИЯТ АСТ. 🌄 ⚜️ 🌱 ПАНДҲО БАРОИ ОНҲОЕ, КИ БА СИННИ 35, 40 Ё АЗ ИН БОЛОТАР РАСИДААНД. 🌸 ПАНДИ АВВАЛ: Ҳар сол ҳиҷоматро анҷом деҳ, ҳатто агар Худоро шукр гирифтори ҳеҷ дарду маризе нестӣ. 🌷 ПАНДИ ДУВВУМ: Ҳамеша об бихӯр, ҳатто агар ташна набошӣ ва эҳсосашро надошта бошӣ , чун бештар мушкилоти саломатӣ аз камобии бадан аст. ❤ ПАНДИ САВВУМ: Варзиш кун , ҳатто агар дар авҷи машғулият бошӣ , ҷисмат  бояд таҳрик дошта бошад , ҳатто агар пиёдараву шиновар бошӣ. 💐 ПАНДИ ЧОРУМ: Ғизо хӯрданро кам кун. Ҳаваси хӯрданро тарк кун, ки ҳеҷ хубие дар он нест . Худатро маҳрум макун аз хӯрдан, вале миқдорашро кам кун. 🥀 ПАНДИ ПАНҶУМ: То ҷое метавонӣ, аз мошин кам истифода кун, саъй кун, пиёда биравӣ масҷид,  бозор,  хонаи касе, ё ҳар ҷои дигар. 🌱 ПАНДИ ШАШУМ: Аз асабоният дурӣ кун , қаҳру нороҳатиро тарк кун. Худатро дар шароити нороҳаткунанда қарор надеҳ, ҳамаи инҳо саломатиатро аз байн мебаранд ва рӯҳияатро хароб  мекунанд. 🌹ПАНДИ ҲАФТУМ: Ҳамон тавр, ки мегӯянд, пулатро рӯи офтоб раҳо куну худат бишин соя... Барои худат ва атрофиёнат  чизеро дареғ надор... Пул омада, ки то мо ба роҳат зиндагӣ кунем, на инки фақат пулу сарват ҷамъ кунем. 🌷 ПАНДИ ҲАШТУМ: На ҳасрати касеро бихӯр ва на ҳасрати коре, ки наметавонӣ, анҷомаш бидиҳӣ  ва на ҳасрати чизеро, ки наметавонӣ, ба даст биёрӣ. 🍁 ПАНДИ НӮҲУМ: Хоксор бош,  боз ҳам хоксор... Ки пулу мақому қудрат ва нуфуз ҳама бо ғуруру такаббур аз байн меравад.  Аммо хоксор, ки бошӣ, ҳама дӯстат  хоҳанд дошт ва Худованд ҳам, қадру манзалататро болотар хоҳад бурд... 💮 ПАНДИ ДАҲУМ: Мӯйҳои сарат, ки сафед шуд, ба ин маъно нест,  ки ба охири умрат наздик мешавӣ, балки он нишонаи ин ки зиндагии беҳтаре оғоз мешавад. Хушбин бош ! Хотира бисоз, сафар бирав, худатро ба хушиҳои ҳалоли дунё саргарм кун. 🕋 ПАНДИ ОХИР: Намозатро ҳаргиз тарк накун, ки намоз тӯшаи ту аз дунёст, барои рӯзе, ки на сарват ба дардат мехӯрад, на фарзанд. Бидонед, азизони дилу дида: НА БАЁНИ ФАЗЛ КАРДАМ, КИ НАСИҲАТИ ТУ ГУФТАМ, ҲАРЧИ АЗ ОДАМӢ ШУНИДАМ, БАЁНИ ОДАМИЯТ КАРДАМ. 💯 🏝️  ДАР ОХИР БАРОЯТОН ХИРАДИ ВОЛО, ГӮШҲОИ НАСИҲАТПАЗИР, БАРДАМИВУ САЛОМАТӢ ВА БАРОРУ КОМГОРИҲОРО ТАМАННО ДОРАМ. 🌿 🏵️ 🙏 🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄 💢💢💢💢💢💢💢 ☸️☸️☸️☸️☸️☸️☸️
    2 комментария
    29 классов
    Моҷарои хоксупории Ҳофизи Шерозӣ Рӯзе, ки Ҳофиз аз дунё рафт, бархе мардуми кӯча монеи дафни шоир мешаванд, ба ин далел, ки ӯ шаробхӯр ва бедин буда, набояд бар ин маҳал дафн шавад. Донишмандони шаҳр бо ин масъала ба мухолифат бар мехезанд, баъд аз гуфтугӯи зиёд ва баҳси зиёд як нафар аз он миён пешниҳод мекунад, то китоби уро биёранд ва фол бигиранд, ҳар чӣ омад, бад-он амал кунанд. Китоби шоирро ба дасти кӯдаке медиҳанд ва ӯ китобро боз мекунад ва ин ғазал намоён мешавад: Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт. Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош, Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт. Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст. Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ. Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо, Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт. Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал, Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт? На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас, Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт. Боғи фирдавс латиф аст, валекин, зинҳор, Ту ғанимат шумор ин сояи беду лаби кишт. Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме, Яксар аз кӯйи харобот барандат ба биҳишт. Ҳама аз ин шеър ҳайрат зада мешаванд ва сарҳои худро поён мекунанд. Дар охир дафни ҷасади Ҳофиз анҷом меёбад ва аз он замон Ҳофизро "Лисон-ул-ғайб" ном мегиранд. Аз Интернет
    2 комментария
    37 классов
    Дӯстон, дар зиндагӣ аз ҳар нафас лаззат баред! Дар замин чун мурғи озод аз қафас лаззат баред! Мерасад рӯзе, ки кас н-ояд ба дидори шумо, Ҳол аз дидорбиниҳои кас лаззат баред! Менабинем андаруни хок ғайри решаҳо, Рӯи хокед? Аз гулу ҳам хору хас лаззат баред! Мешавад хомӯшие як рӯз моро ихтиёр, Аз суруду бонгу фарёду ҷарас лаззат баред! Одамон, з-одам будан ҳар лаҳза шукри ҳақ кунед! Аз нигоҳи гову хар, мӯру магас лаззат баред! Ҳотамӣ бешубҳа мегӯяд, ки дар ҳар тангно, Аз расиди муждаи фарёдрас лаззат баред! Ғайратҷон Ҳотамӣ
    1 комментарий
    61 класс
    #Розе_ба_гӯши_зиндагӣ... Зиндагӣ чун ҷаҳли моиндар азобам додаӣ, Заҳр гоҳе ҳамраҳи ҳар қатра обам додаӣ. Ояти шукрона бар лаб боз мехезам зи ҷо, Як дили покиза чун ашки саҳобам додаӣ. Такягоҳи ман сутуни қоматам буд рӯзи ғам, Аз касе имдод кай хоҳам ба меоди алам. Чун магас олуда болам нест аз шаҳди тамаъ, Рӯзиям моли ҳалол аст беш бошад ё ки кам. Бар вуҷуди ман бахилию ҳасад бегона аст, Сер чашми мурғаки нафсам зи обу дона аст. Дӯст медонад ниёзи рӯҳи бедори маро, Таъб моро аз матои шаҳпари парвона аст. Зиндагӣ, ҳарчанд оғӯшат бароям сард буд, Хандаи зебо сипар бар рағми сӯзу дард буд. Бастааст обила пойи умр аз ҷабри раҳат, Зистам, то кас нагӯяд як занизб номард буд. Лолаи Саидакбар. Факат таья бар худо🌹
    1 комментарий
    45 классов
    Хатман хонед! ! ! ЯК МАРДЕ СУБХДАМ БА СУЙИ МАСҶИД БАРОИ ХОНДАНИ НАМО3И БОМДОД МЕРАВАД . НОГАҲОН ДАР РОҲ МЕАФТАДУ ҲАМА ЛИБОСҲОЯШ БЕНАМО3 МЕШАВАД ВА БА ХОНААШ БАРГАШТА ЛИБОСХОЯШРО ИВА3 КАРДА МЕОЯД КИ БО3 ДАР ХАМОНЧО МЕАФТАД НОУМЕД ШУДА БО3 САРОСЕМАВОР ХОНААШ РАФТА БО3 ЛИБОСХОИ ТО3ААШРО ПУШИДА БА СУЙИ МАСЧИД БАР МЕГАРДАД А3 ХОНААШ МЕБАРОЯД МЕБИНАД КИ ЯК ШАКЛИ ОДАМЕ ДАР ДАСТАШ ЧАРОF РУШНОИ ДОДА ИН МАРДРО ТО НАЗДИ МАСЧИД МЕБАРАД НАFАЛТОНДА. . .! ВА ИН МАРД БА У НИГОХ КАРДА МЕГУЯД ЭЙ ШАХС БИЁ БА МАСЧИД ДАРОЕМ У МЕГУЯД НЕ ИНЧО МАН ДОХИЛ ШУДА НАМЕТОНАМ ОН МАРД ХАЙРОНШУДА МЕПУРСАД: БАРОИ ЧИ? МЕГУЯД МАН ШАЙТОНАМ БА МАСЧИД ДОХИЛ ШУДА НАМЕТОНАМ МЕГУЯДУ МАРД МЕПУРСАД ХАЙ ТУ ХАМОН ШАЙТОНИ ЛАЪИН БОШИ ПАС ЧАРО БА МАН БО ЧАРОF ЁРДАМ ДОДИ?ШАЙТОН ДАР ЧАВОБ:ЯКУМ БОРЕ КИ АФТИДИ ДАР РОХ ТУРО МАН АФТОНДА БУДАМ, КИ БА МАСЧИД НАРАВИ ТУ БОШИ БО3 РАФТА ЛИБОСХОИ ТО3ААТРО ПУШИДА ОМАДИ А3 ИН КОРАТ ХУДО ХУШНУД ШУД ВА ТАМОМИ ГУНОХХОЯТРО МАFФИРАТ КАРДА БАХШИД! ! !ДУЮМ БОР БО3 АФТОНДАМАТ КИ НАРАВИ БА МАСЧИД ТУ БО3 ГАШТА ОМАДИ БА СУЙИ МАСЧИД ХУДО ТАМОМИ ГУНАХХОИ АХЛУ АВЛОДАТРО БАХШИД! ! ! МАН АГАР СЕЮМиБОРА МЕFАЛТОНДАМ ТУРО БО3иРАФТА ЛИБОСАТРО ДИГАР КАРДА МЕОМАДИ ХУДО ТАМОМИ РУЙИ 3АМИНДА БУДАГИ БАНДАХОЯШРО ГУНОХАШРО МЕБАХШИД..! МАН БАРОИ ХАМИН ЁРДАМ ДОДАМ,КИ НААФТИ
    1 комментарий
    40 классов
    Рӯзе ҷинне дохили бадани зане шуд ва ба муддати як рӯз вайро дучори саръ намуд, бародаронаш низ назди шайхи олиме рафтанд то бар хоҳарашон Қуръон бихонад, ҳангоме ки шайх вазъияти занро дид ба онҳо гуфт: Лозим аст то муддати тӯлонӣ бар вай Қуръон бихонам! Онҳо низ ба шайх гуфтанд: ҳар чи қадар ки хостӣ бар ӯ Қуръон бихон муҳим он аст ки он ҷинн аз бадани ӯ хориҷ шавад ва аз саръ халосӣ ёбад.. Пас шайх низ шурӯъ ба хондани Фотиҳа намуд, сипас бар вай Бақара хонд, баъд бо ҷинн сухан гуфт ки аз бадани зан хориҷ шавад, ҷинн низ бо шайх ба сухан афтод ва ба вай гуфт: Ба Худо савганд ҳаргиз аз ӯ хориҷ намешавам ту ҳам ҳарчи дилат хост анҷом бидеҳ. Зоҳиран ӯ ҷинни саркаше аз миёни шаётини ёғӣ буд ва ӯ раис ва бузурги онҳо буд Шайх низ ба ӯ гуфт: вале ба изни Аллоҳ ба зудӣ туро хориҷ хоҳам сохт, ва шайх ба қироати Қуръон идома дод.. Ҳангоме ки ба сураи "Соффот" расид ва ояи «وَحِفْظًا مِّن كُلِّ شَيْطَانٍ مَّارِدٍ» ро қироат кард, яъне: онро аз ҳар шайтони саркаше маҳфуз доштем. Ҷинн дучори заҷру азоб шуд ва гуфт: аз ин оя сарфи назар кун!! Шайх ба ӯ гуфт: аз он сарфи назар нахоҳам кард то замоне ки аз он зан хориҷ шавӣ, ва барои ӯ мушаххас ки аз куҷо хориҷ шавад.. Ҳангоме ки он ҷинни саркаш исрори шайхро дид ба вай гуфт: Аз ӯ хориҷ мешавам вале ба як шарт, шайх гуфт чӣ шарте? Гуфт ба шарте ки агар берун омадам ин бор дохили бадани ту шавам.. Шайх гуфт: бисёр хуб ман бо ин шарт мувофиқ ҳастам.. Шайх аз нафси худ мутмаин буд зеро ӯ худро бо азкори шаръӣ масун ва мусаллаҳ карда буд,, пас ҷинн низ қабул кард хориҷ шавад ва ҳангоме ки хориҷ шуд ва хост вориди бадани шайх гардад ба гиря афтод ва ба шайх гуфт ман наметавонам дохили ту гардам, шайх пурсид: чаро наметавонӣ? Гуфт: ман дар атрофи ту ҳифози маҳкаме дидам ки тавоноии нуфуз ба онро надорам, зеро ту сад мартаба ин зикрро хондаӣ ки: "Ла 'илаҳа 'иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд, ва ҳува 'ала кулли шайъин қадир " Ва ин зикр туро аз мо ҳифз мекунад..! Ҳол бубин эй бародар ва хоҳарам ки он ҷинн чӣ гуфт, ва ҳақиқатан мо онро рост шумурдем дар ҳоле ки ӯ каззоб, ва ин гуфтаи он ҷинн набуд, балки фармудаи Паёмбарамон Муҳаммад ﷺ аст, ва бидонед ки ҳар кас сад мартаба ин зикрро бихонад, танҳо аз ҷинн ва шаётин маҳфуз нахоҳад буд балки илова бар он панҷ мазияти дигар низ хоҳад дошт, ки ҳар як аз онҳо аз дигаре бузургтар аст!.. Расулуллоҳ ﷺ фармуданд «من قال لا إله إلا الله وحده لا شریک له ، له الملک وله الحمد وهو على کل شیء قدیر . فی یوم مائه مره ، کانت له عدل عشر رقاب ، وکتبت له مائه حسنه ، ومحیت عنه مائه سیئه ، وکانت له حرزا من الشیطان یومه ذلک حتى یمسی ، ولم یأت أحد بأفضل مما جاءبه إلا رجل عمل أکثر منه» Бухорӣ ва Муслим ва ибни Ҳиббон Яъне: «ҳар кас дар ҳар рӯз сад бор ин дуоро бихонад: Ла 'илаҳа 'иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд, ва ҳува 'ала кулли шайъин қадир: Ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест ки танҳо ва бешарик аст, подшоҳӣ ва ҳамду ситоиш сазовори Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе ва ҳар коре тавоност», Барои ӯ савобе муодил савоби озод карлани даҳ барда хоҳад расид ва барои ӯ сад кори нек навишта ва сад гуноҳ аз ӯ пок мегардад ва он рӯз то ғуруб аз шарри шайтон маҳфуз ва дар амон аст, ва ҳеҷ кас коре беҳтар аз он накарда, магар он кас ки бештар аз ӯ амал карда бошад
    1 комментарий
    90 классов
    Эй ашк охиста бирез ки гам зиёд аст , Эй шамъ охиста бисуз, ки шаб дароз аст. Имруз касе мархами асрори касе нест. Мо тачриба кардем касе ёри касе нест. Хар марди шутурбон Увайси Карани нест, Хар шишаи гулранг аъкики Ямани нест. Хар сангу гиле гавхари ноёб нагардад , Хар Ахмаду Махмуд Расули Мадани нест. Бо марди Худо панча маяфкан чу Намруд, Ин чисми Халил аст, ки оташ задани нест. Хушнуд машав душман агар кард мухаббат. Хандидани чаллод зи ширин сухани нест. Бар мурдадилон панд мадех хеш маёзор , Зеро, ки Абучахл мусалмон шудани нест. Чое ки бародар ба бародар накунад рахм, Бегона барои ту бародар шудани нест. Сад бор агар доя ба тифли ту дихад шир, Гофил машав эй дуст ки модар шудани нест.
    1 комментарий
    38 классов
Фото
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
Показать ещё