(📚روى الترمذي (2786).
(📚وأحمد (19019).
(📚وابن خزيمة (1681).
(📚وابن حبان (4424).
(📚والبيهقي (6188).
(📚والبزار (3034).
Ҳадис!
Аз Аби - Мусой Ашъари, разияллоҳу ъанҳу, ривоят аст, ки ривоят мекунад аз Набӣи Карим, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ки Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
(Ҳар чашм зино кунанда аст).
Ва зан вақте, ки ъатр истиъмол мекунад, пас мегузарад ба як маҷлисе, пас ин зан казаа - ва казаа, (казаа ва казаа-ро баён мекунад, яъне - зааниятан.
(Ровии Тирмизи - 2786).
(Ва Аҳмад - 19019).
(Ва Ибни Хузайма - 1681).
(Ва ибни Ҳибон - 4424).
(Ва Бақҳақи - 6188).
(Ва Базор - 3034).
Шарҳ!
Ва ҳамчунон дар мавриди ин ҳадис Ҳайтами дар маҷмӯъаи завоиди худ дар ҷилди, 6/саҳ - 390 - мегӯяд, ки риҷаалуҳу сиқоотун, яъне - ровиёни ин матни ҳадис сиққаҳ мебошанд.
Ва ҳамчунон дар бораи ин ҳадис ибни Қаттон, дар китоби Аҳкомунназар, дар саҳфаи - 67 мегӯяд, ки риваату иснаадиҳи машҳууруун, яъне - ровиёни асноди ҳамин ҳадис машҳуруунанд.
Ва ҳамчунин дигар муҳаддисин низ дар бораи ин ҳадис ҳамин гуна зикр мекунанд.
Маъней (куллу ъайнин зониятун) - яъне - ҳаммай чашмҳо зино кунада ҳастанд.
Дар ин бора Ъалома Муборакфуурии, раҳимаҳуллоҳ дар китоби
(Туҳфатул-Аҳвази) мегӯяд!
Ҳар чашме, ки ба сӯи номаҳрам ва ъаҷнаби бо шаҳват нигоҳ мекунад, пас он чашм зинокор аст.
Ва ногуфта намонад, ки
баъзе аз шубҳаҳотеро, ки аҳли бидъат дар бораи ин ҳадиси
( وكلُّ عينٍ زانيةٌ).
Яъне - ва ҳаммай чашм зинокор аст.
Дар баробари ҳадиси
(وكلَّ بدعةٍ ضلالةٌ )
Яъне - ва ҳаммаи бидъатҳо гумроҳи ҳастанд, пеш мекунанд.
Чунки
вақте, ки аҳли бидъат мехоҳад шубҳа андозад, ҳамин қавли (куллу ъайнин заанияро) - пеш мекунад ва мегӯяд, ки оё ҳаммай чашмҳо зинокор ҳастанд?
Яъне - чашмони паёмбарон низ зинокор ҳастанд, гуфта мардумонро бо ин шубҳаҳоташон дар шак меандозанд.
Ва зеҳнҳои онҳоро хароб мекунанд.
Ҷавоби мо бар ин гурӯҳи аҳли бидъат ин аст.
Аввалан вақте, ки мо дар як масъала дохил бишавем.
Дар қадами нахуст, мо аввал ва охири ҳадисро нигоҳ мекунем.
Чунки дар ин ҳадис чунин омадааст, ки
وَالْمَرْأَةُ إِذَا اسْتَعْطَرَتْ فَمَرَّتْ بِالْمَجْلِسِ فَهِيَ كَذَا وَكَذَا - يَعْنِي زَانِيَةً.
Зане, ки ъатр истиъмол намояд ва ба як маҷлисе бигзарад, казаа - ва казаа, яъне зинокор аст.
Яъне - зане, ки худашро хушбӯй мекунад ва бар назди як маҷлисе ё ҷамоъате аз мардон мегузарад, ва касоне, ки ба ин зане, ки худашро бисёр хушбӯй карда бошад, бо чашми шаҳват нигоҳ мекунанд, он чашмҳо низ зинокор ҳастанд.
Яъне - ҳар он чашме, ки худро бар ҳамчунин занҳо мулаввас месозад, ки аз ҳолати асли ба дигар тараф бар мегарданд, ана ҳамин гуна чашмҳо зинокор ҳастанд.
Аммо чашмҳое, ки ба тарафи номаҳрам нигоҳ намекунанд, ва ё тасодуфан агар чашми касе бар чунин занҳо афтад, ва он шахс дар ҳол чашмонашро поён кунад ва ҳаё кунад, ингуна чашмҳо зинокор нестанд.
Ва сивоқу сиёқи ин ҳадис барои аҳли бидъат як далиле ҳаст.
Дувум ҷавоб!
( كُلُّ عَيْنٍ زَانِيَةٌ)
Ҳар чашм зино кунанда аст.
Биноан дар як ҳадиси қудси дар китоби саҳиҳ Муслим чунин омадааст!
عَنْ أَبِي ذَرٍّ الْغِفَارِيِّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِيمَا يَرْوِيهِ عَنْ رَبِّهِ عَزَّ وَجَلَّ أَنَّهُ قَالَ: " يَا عِبَادِي: إِنِّي حَرَّمْتُ الظُّلْمَ عَلَى نَفْسِي وَجَعَلْتُهُ بَيْنَكُمْ مُحَرَّمًا فَلَا تَظَالَمُوا. يَا عِبَادِي: كُلُّكُمْ ضَالٌّ إِلَّا مَنْ هَدَيْتُهُ فَاسْتَهْدُونِي أَهْدِكُمْ، يَا عِبَادِي: كُلُّكُمْ جَائِعٌ إِلَّا مَنْ أَطْعَمْتُهُ فَاسْتَطْعِمُونِي أُطْعِمْكُمْ، يَا عِبَادِي: كُلُّكُمْ عَارٍ إِلَّا مَنْ كَسَوْتُهُ فَاسْتَكْسُونِي أَكْسُكُمْ.
Ва мо ҳадисро ба дигар ҳадис рабт медиҳем.
Дар ин ҳадис Аллоҳи мутаъаал мефармояд, ки эй бандагони ман ҳаммай шумо гумроҳ ҳастед.
Магар касеро, ки ман ҳидояташ кунам.
(Дар ҳадиси боло гуфта гузаштем, ки ҳар чашм зино кунанда аст).
Ва дар ин ҳадиси қудси мегӯяд, ки ҳаммаи шумо гумроҳ ҳастед.
Биноан ин ҳадис ихтисос пайдо мекунад, чунки (إلَّا - иллаа) барои истиснаа аст.
Чунки дар қадами аввал паёмбарон аз ҳамма дида ҳидоят ёфтаанд.
Аллоҳи мутаъаал дар қур-они ъазииму шаънаш мефармояд!
(إِنَّكَ تَهْدِي مَنْ تَشَاءُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ).
Яъне - яқиинан ту ҳидоят медиҳи касеро, ки бихоҳӣ ба сӯи роҳи рост раҳнамои мекуни.
Барои ҳамин аз ин нуктаи назар паёмбарон хориҷ мешаванд.
Ва дар сураҳи фотиҳа низ чунин гуфта шудааст!
(صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ).
Яъне - роҳи касоне, ки бар онҳо инъом кардаи.
(Дар инҷо Аллоҳи мутаъаал, ишора бар паёмбарон ва сиддииқон ва шуҳадаа, ва солиҳин кардааст.
Чунки инҳо дар роҳи рост ҳаракат мекарданд ва дар роҳи рост ҳаракат мекунанд).
Барои ҳамин мо чунин бардошт мекунем, ки ҳаммаи чашмҳо гумроҳ ҳастанд, магар чашме, ки онро Аллоҳи мутаъаал ҳидоят карда бошад.
Ва ногуфта намонад, ки ин ба он маъно нест, ки Алоҳи мутаъаал касонеро, ки ҳидоят накарда бошад пас бар онҳо ҷабр карда аст, ин гуна нест.
Дар сурате дуруст аст, ки
كُلُّكُمْ ضَالٌّ إلَّا مَن هَدَيْتُهُ، فَاسْتَهْدُونِي أَهْدِكُمْ.
Аллоҳи мутаъаал дар ҳадиси қудси мегӯяд!
Ҳаммаи шумо гумроҳ ҳастед.
Пас аз ман талаби ҳидоят бикунед, шуморо ҳидоят мекунам.
، يَا عِبَادِي: كُلُّكُمْ جَائِعٌ إِلَّا مَنْ أَطْعَمْتُهُ فَاسْتَطْعِمُونِي أُطْعِمْكُمْ.
Эй бандагони ман ҳаммаи шумо гуруснагон ҳастед, магар касеро, ки ман таъомаш бидиҳам.
Пас талаби таъом бикунед аз ман, ман шуморо таъом медиҳам.
يَا عِبَادِي: كُلُّكُمْ عَارٍ إِلَّا مَنْ كَسَوْتُهُ فَاسْتَكْسُونِي أَكْسُكُمْ.
Эй бандагони ман ҳаммаи шумо бараҳна ҳастед, магар касеро, ки ман бипушонам, пас аз ман талаби либос бикунед ман шуморо либос медиҳам.
Пас дувумин далиле, ки ихтисос пайдо кард ҳамин далилҳое, ҳастанд, ки мо дар боло зикр кардем, ва гуфтем, ки ин далилҳо истисно қарор медиҳанд ҳидоят ёфтагонро...
Ва ҷавоби севуми мо бар аҳли бидъат ин аст, ки
( كُلُّ عَيْنٍ زَانِيَةٌ)
Ҳаммай чашм зино кунанда аст.
Оё чашми Паёмбарон низ зино мекунанд?
Мо мегуем, ки дар насҳ ворид шудааст, ки кулл, дар ҳамаҷоҳо ба маънои ъумум намеояд.
Чунки Аллоҳи мутаъаал мефармояд!
تُدَمِّرُ كُلَّ شَيْءٍ بِأَمْرِ رَبِّهَا.
Сураи Аҳқоф ояти - 25.
Яъне - ба фармони Аллоҳи мутаъаал, ҳама чизро барҳам мезанад ва нобуд мекунад.
Ин оят нозил шудани ъазоби Аллоҳи мутаъаалро бар қавми Ъод нишон медиҳад, ки вақте, ки нофармони Аллоҳ ва Расулашро мекунанд, Аллоҳи мутаъаал ба воситаи шамол хонаву дару чорпоҳояшонро аз замин бардошта ба боло мебарад, ва аз боло сарозер ба поён мепартояд.
Аммо ҳама чиз нобуд намешавад, масалан осмонҳо ва замин ва дигар мардум нобуд ва ҳалок намегарданд.
Барои ҳамин дар ин оят низ кул ба маънои ъумуми наомада аст.
Балки дар баъзе ҷоиҳо бар ъумум далолат мекунад.
Чи гунае, ки дар ин оят ихтисос пайдо намудааст.
Барои ҳамин ихтисоси кул дар ҳаммаҷо ба маънои ъумум намеояд.
Ва ногуфта намонад, ки ин ҳадис ба чашми Паёмбарон, ҳеҷ рабте надорад.
Чунки дар лафзи ҳадис истисно омадааст.
Ва ибни Қайими Ҷавзӣ раҳимаҳуллоҳ дар китоби зодул маъаад ҷилди - 4 /саҳ - 297 - 298 - мегӯяд, ки ин ҳадис ъом нест, дар ҳаммаи чашмҳо ъом намебошад, балки чашмҳои паёмбарон аз ин гуна гуноҳу зино пок ҳастанд. Чунки паёмбарон хайрул башар ҳастанд, ва маъсум ҳастанд.
Барои ҳамин ҷоиз нест барои шахси мусалмон ин, ки чунин суханро ба паёмбарон нисбат кунад. Чунки ин навъи сухан, дар ҳаққи паёмбарон тӯҳмат ба ҳисоб меравад, ва тӯҳмат задан дар ҳаққи шахсони покдоман мутлақан ҳаром аст.
Ногуфта намонад, ки мурод аз лафзи
(وكل بدعة ضلالة.
Ва куллу бидъатин залаалаҳ.)
Яъне - ҳаммай бидъатҳо гумроҳи ҳастанд.
Мурод бидъати шаръи аст.
Яъне - мурод навовари кардан дар дини Аллоҳ ва Расулаш аст.
Ҳар касе, ки бидъатеро ба Ислом нисбат бидиҳад гумроҳ аст, ва ҳаммай бидъатҳо дар Ислом гумроҳи ҳастанд, ва ҳаммай гумроҳон дар оташ ҳастанд.
Ва боз ногуфта намонад, ки баъзе аз аҳли бидъат, далил аз қавли Ъумар ибни Хаттоб, разияллоҳу ъанҳу пеш мекунанд, ва мегӯяд!
قَالَ عُمَرُ: "نِعْمَ البِدْعَةُ هَذِهِ.
Ниъмал бидъату ҳаазиҳи.
Яъне - неъмати бидъат ҳамин аст.
Инҷо аҳли ъилм ҷавоб додаанд, ки ин бидъате, ки Ъумар ибни Хаттоб разияллоҳу ъанҳу анҷом додааст, асли шаръи дорад, чунки дар даврони паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, се маротиба намози қиёми лайл ҳамроҳӣ саҳобагон ҷамоъат хонда шуда буд.
Сипас паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам тарсид, ки мабодо бар умматам фарз қарор нагирад гуфта таркаш кард, ва дар ҷамоъат ҳозир нашуд.
Барои ҳамин ин бидъатеро, ки Ъумар разияллоҳу ъанҳу анҷом дод ва гуфт, ки ниъмати бидъат ҳамин аст.
Ибни Таймия раҳимаҳуллоҳ ва дигаре аз
Аҳли ъилм инро бидъати луғавӣ гуфтаанд, на бидъати шаръи.
Ва боз ногуфта намонад, ки худи Ъумар ибни Хаттоб, разияллоҳу ъанҳу, ба хотире ки мабодо ъамали бидъате анҷом бидиҳам гуфта, намози пешинашро, ки фарз буд тарк кард.
Ин ҳодиса чунин буд, ки Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, Ъумар ва Ъаморро, Аллоҳ аз ҳардуяшон рози бошад, барои анҷом додани коре равон кард, ва ҳангоме, ки ба сафар баромаданд дар роҳ вақти намози пешин даромад, обе барои таҳорат кардан надоштанд.
Ъаммор мисли ҳайвонҳо барин худашро дар хок ғалтанак кард ва намозашро хонд.
Ва сипас ба Ъумар ибни Хаттоб, разияллоҳу ъанҳу амр кард, ки ту низ мисли ман бикун ва намозатро бихон!
Ъумар ибни Хаттоб, разияллоҳу ъанҳу ба Ъамор гуфт!
Эй Ъаммор!
Аз Аллоҳ битарс ъамали бидъатро дар дини Аллоҳ ва Расулаш эҷод накун!
Барои ҳамин Ъумар ибни Хаттоб разияллоҳу ъанҳу ба гуфтаи ӯ розӣ нашуд ва намозашро қазо кард.
Сипас вақте, ки ба назди Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам омаданд, Ъаммор ҳодисаро ба Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам нақл кард.
Расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ба Ъумар разияллоҳу ъанҳу, хитоб карда гуфт!
Эй Ъумар!
Агар ту низ мисли Ъаммор дар хок ғутта мезади ва намоз мехонди намозат дуруст мешуд.
Сипас паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, тарзи дуруст анҷом додани таямумро барои онҳо нишон дод.
Ва мо ба истилоҳи шаръи ду навъ бидъат дорем.
Якумаш бидъати (фиддиин) аст.
Дувумаш бидъати (лиддиин) аст.
(фиддин - яъне - бидъати дар диин).
(Лиддиин - яъне - бидъат барои диин).
Ва мурод аз -
(كل بدعة ضلالة) -
Яъне - ҳар бидъате, ки дар диин бошад гумроҳи аст.
Чуноне, ки дар ҳадис омадааст.
عن عائشة أم المؤمنين: من أحدَث في أمرِنا، أو دينِنا ، هذا ما ليس فيه فهو رَدٌّ. وفي لفظٍ ( من عمل عملًا ليس عليه غيرُ أمرِنا فهو رَدٌّ.
أخرجه البخاري (٢٦٩٧)، ومسلم (١٧١٨).
Ъойшаҳ разияллоҳу ъанҳаа мегӯяд!
Касе, ки навоварӣ дар коре ва ё дар дин эҷод мекунад, ки он кораш аз (ъамали кардаи мо набошад, пас рад аст.
(Ба худаш пас гардонида мешавад).
Дар ҳаиин лафзи ҳадис маъней (фии амринаа) - ба маънеи (фии диининаа) меояд.
Яъне бидъати дар диин мешавад.
Барои ҳамин (кулл) дар ҳама ҷоҳо - далолат ба ъумум намекунад, ба ҷӯз бидъате, ки. дар дин бошад.
(كل بدعة ضلالة)
Яъне - ҳаммаи бидъатҳо гумроҳи ҳастанд.
Ба ин маъно, ки ҳаммаи бидъатҳое, ки дар шариъат ба вуҷуд меоянд гумроҳи ҳастанд.
Аммо назари мо бидъати луғави нест, балки бидъати шаръи аст.
Дар инҷо (кулл) ба ъумум далолат мекунад.
Ва ҷавоби чоруми мо ба аҳли бидъат ин аст, ки ҳеҷ яке аз шориҳини ҳадис ин нуктаро ишора накардааст, ки -
(كل عين الزانية) - далолат бар ъумум кунад.
Танҳо аҳли бидъат ишора бар ин нукта мекунанд.
Аммо бардошти муҳаддисин аз ин ҳадиси - (كل عين الزانية) - ин аст, ки назар кардан ба зани номаҳрам ҳаром аст.
Ва чашми зино кунанда чашме мебошад, ки соҳибаш он чашмҳоро ба сӯи зани номаҳрам мулаввас месозад ва бо шаҳват ба он зани номаҳрам нигоҳ мекунад.
Ва ин ҳадис хос ба заноне далолат мекунад, ки худашонро ъатр мемоланд.
Аз он навъи атрҳое, ки он ъатрҳо бехӣ аз ҳад зиёд бӯй хуши тунду тезе доранд.
Ва сипас аз назди гурӯҳи мардҳо мегузарад ва он мардҳо ба ин зани номаҳраме, ки хушбӯй истеъмол кардааст, бо чашми шаҳват назар мекунанд, ва аз бӯй хушаш истишмом мекунанд.
Ана ин гуна чашмҳо зинокор ҳастанд, ва ана ҳамин гуна занҳо низ зинокор ҳастанд.
Фоидаҳои ҳадис!
1) - Дар ин ҳадис - ( كُلُّ عَيْنٍ زَانِيَةٌ) - куллу ъайнин зонияҳ ба маънои ъумум наомадааст.
2) - Мусалмон бояд аз асбоби зино даст бикашанд.
Чуноне, ки Аллоҳи мутаъаал мефармояд!
(وَلَا تَقْرَبُواْ ٱلزِّنَىٰٓ ۖ).
Яъне - ба зино наздик нашавед.
3) - Аллоҳи мутаъаал мефармояд!
(قُلْ لِلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ).
Яъне - Бигӯ эй Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, бар мардони муумин, ин ки фурӯ бибаранд чашмҳояшонро.
(Яъне - нигоҳояшонро фурӯ биёваранд).
4) - Аллоҳи мутаъаал мефармояд!
(وَقُل لِّلۡمُؤۡمِنَـٰتِ یَغۡضُضۡنَ مِنۡ أَبۡصَـٰرِهِنَّ وَیَحۡفَظۡنَ فُرُوجَهُنَّ).
Бигӯ - эй Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, бар занони муумина, ин ки фуруд биёваранд чашмҳояшонро ва ҳифозат бикунанд шармгоҳояшонро.
(Яъне - нигоҳояшонро фурӯ биёваранд, ва шармгоҳояшонро ҳифозат кунанд).
Ва ин сиға сиғаи амр аст, ки Аллоҳи мутаъаал барои мардони бо имон ва барои занони бо имон як нуктаро дар ҳифзи ъавраташон ишора мекунад, ки бояд ъаврати зану марди муумина ва муумин аз гуноҳ ва зино маҳфуз бошад, ба сабаби сатр кардан.
Аа бояд чашми муумин ва муумина аз зино маҳфуз бошад, ба сабаби нигоҳ накардан ба сӯй зану марди номаҳрам ва нигоҳ накардан ба сӯй ҳар он чизе, ки шариъат иҷозат надода бошад.
Чунки нигаҳ дории чашму ъаврат аз зино ва аз ливота, ин зоҳир нанамудани ъаврат мебошад.
5) - Аллоҳи мутаъаал мефармояд!
وَالْحَافِظِينَ فُرُوجَهُمْ وَالْحَافِظَاتِ وَالذَّاكِرِينَ اللَّهَ كَثِيرًا وَالذَّاكِرَاتِ أَعَدَّ اللَّهُ لَهُم مَّغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا.
(35 - الأحزاب).
Яъне - Ва мардоне, ки шармгоҳи худашонро муҳофизат мекунанд.
Ва заноне, ки шармгоҳи худашонро муҳофизат мекунанд.
Ва мардоне, ки Алоҳи мутаъаалро бисёр зиёд зикр мекунанд.
Ва заноне, ки Аллоҳи мутаъаалро бисёр зиёд зикр мекунанд.
Аллоҳи мутаъаал барои инҳо омода кардааст
Мағфиратро ва омода кардааст подоши бузургеро барояшон.
(Ба хотири чӣ Аллоҳи мутаъаал ин гуна мардҳо ва ингуна занҳоро мағфират мекунад ва подоши бузурге барояшон омода мекунад?
Ба хотире, ки инҳо шармгоҳои худашонро аз зино ҳифозат мекунанд.)
Ва ҳатто дар дигар ҳадис баён мекунад, ки хобидани ду зан бо ҳам дар як бистар ва ё ин, ки хобидани ду мард бо ҳам дар як бистар ҳаром аст.
Чунки ин асбобҳо сабаби наздик шудан ба зино ва гуноҳ мешаванд.
Чунки сабаби сӯхтани як бешазор як доначуби аз кибрит (гугирд) шуда метавонад.
Барои ҳамин мегӯянд, ки ъилоҷи пеш гири воқеъа пеш аз вуқуъ аст.
Ва асбоби ба вуқӯъ омадани воқеъа дар ҳар ҳолате бо ҳар сабабе воқеъ мешавад.
Ва пеш гири кардан аз асбоби гуноҳ ва зино, ҳифз кардани ъаврат мебошад.
6) - Имом ибни Қайими Ҷавзӣ, раҳимаҳуллоҳ, дар борай фуруд андохтани чашмҳо, дар китоби
( الجواب الكافي)
(Алҷаваабул Каафии) - дар саҳфаи - 129 - 130 чунин мегӯяд!
Як лаҳза нигоҳ кардан ((ба сурату ъаврати зани номаҳрам, ва ё ин, ки як лаҳза нигоҳ кардан ба филмҳои фоҳишагӣ ва бе шарми)) дар аввалин қадам паёми хатарнокеро барои инсон хабар медиҳад.
Барои ҳамин Ибни Қайими Ҷавзӣ, раҳимаҳуллоҳ, мехоҳад ҳамин чизро барои мову шумо бифаҳмонад, ки ҳифозат кардани чашмҳо барои як лаҳза нигоҳ кардан меҳвари ҳифзи ъаврат мебошад.
Ва агар чашмонашро аз нигоҳ кардан ба сӯи занҳои номаҳрам ва филмҳои бешарми ҳифз накунад, дар ҳақиқат худашро дар чоҳи ъамиқи хатарноке андохтааст, ки ҳалокаташ дар ҳамин аст.
Ба ҳамин хотир Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ба Ъали ибни Абутолиб, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
يَا عَلِيُّ لا تُتْبِعْ النَّظْرَةَ النَّظْرَةَ فَإِنَّ لَكَ الأُولَى وَلَيْسَتْ لَكَ الآخِرَةُ.
(أبوداود - 2149).
(الترمذي - 2777).
Эй Ъали!
Пай дар пай болой ҳам нигоҳ накун!
Яъне - пушти сари ҳам дубора пайҳам нигоҳ накун.
Барои ту ҳамон нигоҳ кардани аввал аст.
(Яъне - мутаваҷҷеҳ бош, ки бори аввал, ки ту нигоҳ карди маъзур ба ҳисоб мерафти, барои ҳамин бахшида мешави.
Чунки нигоҳи аввал, нигоҳи ногаҳони аст.
Барои ҳамин бахшида мешави.
Вале дуюм бораву сеюм бора назар кардан (пири - масмум аст - яъне пири заҳрнок аст, ва тирҳои шайтон аст.
النَّظرةُ سَهمٌ من سِهامِ إبليسَ مَسمومةٌ، فمَن تَرَكها مِن خَوفِ اللهِ أثابَه جَلَّ وعزَّ إيمانًا يَجِدُ حَلاوتَه في قَلبِه.
الراوي: حذيفة • الحاكم، المستدرك على الصحيحين (٨٠٨٨) •
صحيح الإسناد.
Яъне - Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд, ки (дубора ва се бора ва ё такрори ба такрор назар кардан бар ъаврати занони номаҳрам) пири заҳролуд аст, ва аз ҷумла тирҳои шайтон аст.
Пас нигоҳ кардан ба суи занони номаҳрам ва ё нигоҳ кардан ба сӯи филмҳои бе шарми ва бе ҳаёги, меҳвари ҳаммаи ҳодисаҳое аст, ки барои инсон пеш меояд.
Дар ҳақиқат ҳамин нигоҳ сабаб мешавад, ки хотираҳоро ба вуҷуд меорад.
Чунки вақте, ки ба шаҳват ба сӯи як зани номаҳраме нигоҳ карди, ва ё ин, ки филмҳои бешарми ва бе ҳаёгиро нигоҳ карди, ҳамон чизҳо дар зеҳну, ақлу, фаҳми, ту як хотира мешаванд.
Ва сипас ҳамон хотира дар фикри ту ба як нақшаву хаёл мепечад, ва сипас оташи шаҳвататро ба ҳаракат медарорад, вақте, ки шаҳват дар ҳаракат даромад як иродаеро ба вуҷуд меоварад. Ва ҳамон ирода қавӣ шудан мегирад, ба мисли оҳане, ки дар оташ доғ мегардад, ба ҳамин қисм шаҳвати инсон то ҷое доғ мешавад, ки қави мегардад ва ҳарорати шаҳват боло меравад.
Дигар сард намешавад, ва паст намешавад.
Дар натиҷа инсон шаҳваташро контрол карда наметавонад, ва сипас қасди анҷом додани зиноро пеша мекунад, ва бил охира муртакиби ъамали зино мегардад.
Ва ба ҳамин сабаб худашро дар залолату гумроҳи ва дар ҳалокат меандозад.
Барои ҳамин фурӯ андохтани чашмҳо, ва нигоҳ накардан ба сӯи занони номаҳрам ва нигоҳ накардан ба сӯи филмҳои бе шарми ва бе ҳаёги сабаби монеъ шудани инсон аз кори гуноҳ ва зино мегардад.
Барои ҳамин сабр бар фуру андохтани чашмҳо бисёр осон ва содатар аст, азоне, ки нигоҳ куни ва муртакиби ъамали зино шави ва худро ҳалок куни.
Пас бидонед эй бародарон ва эй хоҳарони Исломии мо.
Бар мову шумо лозим аст, ки чашмонамонро аз нигоҳ кардан ба сӯйэи гуноҳу беҳаёги ва бе шарми фурӯ андозем.
Чунки ъоқибати нигоҳ кардан ба чунин чизҳо инсонро ба гуноҳу ба зино мекашонад ва ба ҳалокат мерасонад, ки ъоқибаташ ҳасрату надомату пушаймони аст.
7) - Ва дар ин ҳадис аз истиъмоли ъатре, ки буяш зиёд тезу тунд аст, ва сабаби истишмоми мардони номаҳрам мешавад, ва сабаби зино мешавад, барои занон манъ кардааст, ки занҳо дар кӯча аз ъатр истиъмол накунанд.
8) - Ва худи зино ба ду қисм тақсим мешавад.
Яке зинои ҳақиқӣ, ва дувум зинои ғайри ҳақиқӣ.
Ва зиной ҳақиқӣ ҳамон навъ зиное аст, ки билкул инсон муртакиби ъамали зино мешавад ва муҷриму муттаҳам қарор мегирад.
Ва сипас бар болои ӯ ҳадду ҳудуди шаръиро ҷорӣ мекунанд, ки масъалаи зоҳиру ошкор аст.
Ва зинои ғайри ҳақиқӣ, зиной чашму зинои гӯшу, зинои дасту поча мебошад, ки ба ҳақиқати зино намерасад, ва бар болои соҳиби ин навъ зино ҳадди шаръи ҷорӣ намешавад, ва сангсор карда намешавад.
Ва ин анвоъи зино дар аҳодис баён шудааст.
203 - عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا: عَنِ النَّبِيِّ صلى الله عليه وسلم : إِنَّ اللَّهَ كَتَبَ عَلَى ابْنِ آدَمَ حَظَّهُ مِنَ الزِّنَا، أَدْرَكَ ذَلِكَ لا مَحَالَةَ: فَزِنَا الْعَيْنِ النَّظَرُ، وَزِنَا اللِّسَانِ الْمَنْطِقُ، وَالنَّفْسُ تَمَنَّى وَتَشْتَهِي، وَالْفَرْجُ يُصَدِّقُ ذَلِكَ أَوْ يُكَذِّبُهُ.
(بخارى - 6243).
Ибни Ъабос разияллоҳу ъанҳумаа мегӯяд!
Набии Акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Аллоҳ бар фарзандӣ одам насибе аз зиноро менависад.
Зиной чашм, нигоҳ кардан аст.
Зиной забон сухан гуфтан аст.
Ва зиной нафс, орзу кардан ва хостан аст.
Ва ин шармгоҳ аст, ки онро рост ва ё дурӯғ мебарорад.
(Бухори - 6243.)
9) - Ва ногуфта намонад, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо, оғози зино аз тарафи занҳо сурат мегирад.
Барои ҳамин дар бисёре аз мамолики ғарб, занҳоро ҳукми озоди аз ҳиҷоб медиҳанд, ва барои ороиши занҳо салонҳои зебо сози ва тағир диҳи, ва ранг куни, ки онро педикюр ва маникюр меноманд сохта мешаванд.
То ин, ки сафи занҳои зинокор зиёда шавад.
Барои ҳамин дар шаҳрҳои Исломӣ дарҳои асбоби зино ба монанди дари салонҳои меникюр ва педикюр баста мешаванд, то ин, ки асбоби зино баста шавад.
Ва Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам дар ҳадисаш ба мо хабар додааст, ки
فَرَأَيْتُ أَكْثَرَ أَهْلِهَا النِّسَاءَ.
(بخارى - 3241).
Пас ба дӯзах назар кардам ва дидам, ки аксарияти дузахиёнро занон ташкил медиҳанд.
(Бухори - 3241) .
Ва Алоҳи мутаъаал дар сураҳи Нур ояти - 2. мефармояд!
(الزَّانِيَةُ وَالزَّانِي).
Яъне - Аллоҳи мутаъаал дар аввалин қадам зани зинокорро зикр мекунад, ва баъдан марди зинокорро зикр мекунад.
Чунки дар тафсири ин оят мегӯяд, ки бисёртар сабабгори зино занон мебошанд, ва асбоби зино аз тарафи занҳо сурат мегирад.
Барои ҳамин бояд занҳо мутаваҷҷеҳ шаванд, ки сабаби вас-воси мардҳо нагарданд ва мардҳоро ба доми фиреби зиннату зебогияшон накашанд, ва сеҳр накунанд.
Чунки паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам хабар додааст, ки занҳо як қуввати ҷалб кунандае доранд, ки диққати мардонро ба тарафи худашон мекашонанд ва мардонро ба худашон ҷалб мекунанд.
Барои ҳамин дар қадами аввал бояд занҳо ъавраташонро бипӯшонанд ва ҳаё кунанд, то дари асбоби зино баста шавад.
10) - душманони ғарб бо ҳамин роҳ мардумонро фиреб медиҳанд.
Ва дар қадами аввал аз занҳо мехоҳанд истифода бикунанд.
Барои ҳамин аз ҳаққи башар истифода мебаранд ва рӯсари ва чодарҳои занҳоро аз сарашон мекашанд ва сурату тани онҳоро бараҳна мекунанд ва дар ҷомеъа ба қонуни озодияшон занҳоро ба шакли ъурён дар чашми ъомаи мардумон дар намоиш мегузоранд.
Ва ба ҳамин асбобҳо ҷомиъаи обрдро харобу фасод месозанд, ва як ҷомиъаи фасоде бунёд мекунанд.
Барои мо пушида нест, ки алон дар тамоми мағозаҳои дунё, агар, ки дохил шавем, дар рӯи шанпунҳо ва собунҳо ва дар рӯи рангҳо ва либосҳо ва дар аксари журналҳо ва рекламаҳо ва дигару дигар чизҳо, расмҳои занони бараҳнаро дар намоиш мегузоранд, то ин, ки ҷомиъаро харобу фасод кунанд.
Ва ҳатто дар даврони хилофати ҳазрати Ъумар ибни Хаттоб, разияллоҳу ъанҳу, мардуми ғарб аз ин макру ҳилла истифода мебурданд ва занони зеборо луч мекарданд ва ба назди муҷоҳидин дохил мекарданд.
То ҷое, ки он занҳо шикоят мекарданд, ки шумо маро ба назди шӯхсанге равон кардед, на ба назди инсоне. Чунки он муҷоҳидини роҳи ҳақ чунон сарду сангин буданд, ки асло ба занҳо таваҷҷӯҳе намекарданд.
Барои ҳамин он зан ба амӣраш шикоят карда гуфт, ки ман ӯро монандӣ як шӯхсанге дарефтам, ки асло ба ман таваҷҷӯҳе накард.
Ин буд имони саҳобагони паёмбари Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ки ҳар гиз ба доми фиребу найранги ингуна занони зинокори шайтон сифат намеафтоданд.
Чунки тақво доштанд ва имонашон комил буд, ки аз Аллоҳ сахт метарсиданд. Барои ҳамин чашмҳояшонро фурӯ мебурданд.
Ногуфта намонад, ки нафси бад дар тани инсон барои инсон, душман аст.
Ва ҳар касе, ки дар пай сер кардани ҳавову ҳаваси нафсаш мебошад, он шахс муртакиби гуноҳу зино мешавад.
Боракаллоҳу фикум.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев