كُنَّ يَخْرُجْنَ باللَّيْلِ إذا تَبَرَّزْنَ إلى المَناصِعِ وهو صَعِيدٌ أفْيَحُ فَكانَ عُمَرُ يقولُ للنبيِّ صَلَّى اللّٰه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: احْجُبْ نِساءَكَ، فَلَمْ يَكُنْ رَسولُ اللهِ يَفْعَلُ، فَخَرَجَتْ سَوْدَةُ بنْتُ زَمْعَةَ، زَوْجُ النبيِّ صَلَّى اللّٰه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، لَيْلَةً مِنَ اللَّيالِي عِشاءً، وكانَتِ امْرَأَةً طَوِيلَةً، فَناداها عُمَرُ: ألا قدْ عَرَفْناكِ يا سَوْدَةُ، حِرْصًا على أنْ يَنْزِلَ الحِجابُ، فأنْزَلَ اللهُ آيَةَ الحِجابِ..
(📚صحيح البخاري ١٤٦)
2 - Ҳадис!
Ҳазрати Ъоиша разиялоҳу ъанҳаа мефармояд, ки ҳамсарони Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ҳар вақте, ки нияти қазои ҳоҷат мекардан, дар ҳангоми шаб берун мешуданд, ва мерафтанд ба тарафи маносеъ ( як маконе аст дар шаҳри Мадинаҳи мунаввараҳ, дар сарзамини бақи) ки замини соф ва кушод аст, ва ҳазрати Ъумар, разияллоҳу ъанҳу, барои Наби Акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, мегуфтанд, ки ҳамсарҳои худро амр ба (пушидани) ҳиҷҷоб кун! Ва Наби Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ин корро анҷом намедод. ( На ба хотири нописанд донистани ҳиҷоб, балки то ин вақт ҳукми ҳиҷоб барояш нозил нашуда буд, ва ӯ наметавонист дар шариъат ба ғайр аз иҷозати Аллоҳи мутаъаал, ҳукмеро содир кунад, ва мунтазири фармони Аллоҳи мутаъаал буд.) Як шабе аз шабҳо Савда бинти замъа ҳамсари Наби Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар вақти ъишо аз хона берун шуданд, ва эшон зани қомат баланд буданд, ва ӯро ҳазрати Ъумар, разияллоҳу ъанҳу диданд ва садо зада гуфтанд!
Эй Савда мо шуморо шинохтем, (ва ин ъамалро ба ин хотир анҷом доданд, ки ҳарис ба нозил шудани ояти ҳиҷоб буданд.) Ва баъд аз ин Аллоҳи мутаъаал, ояти ҳиҷҷобро нозил фармуданд.
[📚 - Саҳеҳи Бухорӣ - 146].
Ва ҳамчунин Аллоҳи мутаъаал дар қур-они карим сураи 33 ояти 59 мефармояд.
﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُل لِّأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلَابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَن يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا﴾
"Эй Паёмбар, ба занон ва духтарони худ ва ба занҳои муминҳо бигу, ки чодарҳои худро бар (сари) худ биандозанд. Ва ин кор (барои онҳо) беҳтар аст, ки онҳо бо покдомани шинохта шаванд. Ва мавриди азиият ва озори дигарон қарор нагиранд. Ва Аллоҳ, ғафуру раҳим аст."
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев