Ба ҳар азме, ки бад буд, тавба кардам,
Руҷӯъи деву дад буд, тавба кардам.
Ба дунё омадан, худ ин гунаҳ буд,
Гуноҳам беадад буд, тавба кардам.
Намедонам гунаҳ буд, ё савобе,
Шароб беш аз " дусад " буд, тавба кардам.
Барои зиндагӣ кам гуфта, ҳар сол,
Умед то синни сад буд, тавба кардам.
Чу бонуе гузар мекард, хиромон,
Нигаҳ ҷониби қад буд, тавба кардам.
Агар як заррае, дар дил, ба ногаҳ,
Каме бухсу ҳасад буд, тавба кардам.
Набуд андар ҷавонӣ, фикри бикре,
Ба ишрат майл фақат буд, тавба кардам.
Гаҳе бо золиме, ҳамкорӣ доштам,
Ба некӣ дасти рад буд, тавба кардам.
Ба Мусо гуфта будӣ, - " лан таронӣ"!
Ба Ҳаҷ, ин гуфта садд буд, тавба кардам.
Нагиристам сари гӯри азизон,
Даруни гӯр ҷасад буд, тавба кардам.
Раис, гӯён тамаллуқе накардам,
Гадо шоҳи лаҳад буд, тавба кардам.
Агар Кайҳон, ба гирди хони нокас,
Ҳузури марҳамат буд, тавба кардам !
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев