Шубҳае дар дил надорам, тоҷики ман миллат аст,
Миллати дар кулли олам, бекаму беиллат аст.
Ҳар чи дорад сарфаи меҳмону мизбон мекунад,
Дар куҷо дидӣ, ки тоҷик одами беҳиммат аст ?!
Ҳусни рӯю ҳусни мӯю ҳусни дидораш бубин,
Тоҷики ман аз зару тиллои олам қиммат аст.
Дар дилаш имони сахту дар лабаш оёти Ҳақ,
Посдори мазҳабу ойину дину суннат аст.
Дар дили мо заррае гарду ғубори кина нест,
Халқи тоҷик халқи меҳру халқи покитинат аст.
Рӯдакиву Ибни Сино, шаъну шони тоҷиканд,
Халқи тоҷик халқи орӣ аз заволу зиллат аст.
Миллатеро ҳамчу мо зебанда пироҳан куҷо ?
Атласу адрас ба тоҷик, аз ниёгон хилъат аст.
Базми Ҷоми Ҷам кӣ дорад, ё навои Борбадӣ ?!
Миллати соҳибтамаддун, халқи волосанъат аст.
Ҳамчу тоҷик чеҳрагулгун, дар ду Кайҳон нест, нест,
Тоҷики ман оламеро, фарру зебу зиннат аст !
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев