Салом хонандагони азиз. Хеч боварам намеомад ки ман хам рузе калам ба даст мегираму аз зиндагии хел шикоят мекунам. Аммо имруз дарди гарони диламро мехохам ба шумо сабук созам. Хангоме ки номаи изхори ишк баъди 24 солро хондам фикр кардам ин саргузашти ман аст. Бисер дар харрос мондам. Аз он тарсидам, ки шояд бо касе рози дил карда бошам. Чанд маротиба пайи хам онро мутолиа намудам. Аммо баъзе лахзахояш аз саргузашти ман фарк мекард, лекин таъсири ин кисса дар дилам чунон асар кард, ки гузаштаамро пеши ру овард. Шояд пайдт шавад, ки нафаре маро санги маломат занад аммо хафа нестам
Аз кудаки хама ба ман мехр доштанд, хато хамсояхо вале аз як зани хамсоя доимо пинхон мешудам зеро у хар боре маро медид ха келин кучо? Гуфта мепурсид ман шарм дошта мегурехтам. Боре аз модарам пурсидам чаро хамсоя маро келин мегуяд? У гуфт дар таваллуд шуданат писараш афтода сараш кафидаст барои хамин мегуяд ба ман келин медихи. Хар бахор маро рузи иди навруз маликаи навруз мекарданд ва куртаи зебои сафед мепушонданд ба сарам точе аз гулхои тару тозаи бахори мегузоштанд лахзахои ширине буд,
Вакти ба синфи чор гузаштам ба дехаи хамсоя ба мактаб рафтам ончо ман аз дигарон тамоман фарк мекардам хама муи дубофак меомаданду маро апахоям бо лента ва муи кутох мефиристоданд аз сабабе ки дар хона дер боз кудак набуд апахоям маро эрка карда буданд.
Ман чамолакхои апаамро ба муи кутохам гирех карда пеши оина чавлон мекардам хамин тавр синфи 7 ро тамом кардам хар чанд бачахо зиед гап мепартофтанд ахамият намедодам. Аз синфи 4 боз сардори синф будаму муаллимон тамоман маро намепурсиданд дар охири дарс рузномаатро биер мегуфтанду панч мемонданд ин норозигии бачахоро зиед мекард
Ман дар партаи аввал Али бошад дар партаи сеюм менишаст. баьзан чашмакзанияшро медидаму ба у кавок меандохтам. У бачаи сабзина буд базеб хам набуд ба хар хол вучудамро ким чихел хиссиете фаро мегирифт. Ман ки сардори синф будам бояд хамаро дар танафус берун мекардам, зеро баьзан бачахо беодоби мекарданду партахоро мешикастанд. Рузе хама баромаду у аз хама охир ба дар наздик шуду дарро баст ман хостам кушоям вале убо дасти дигараш мародошта ба ман изхори мухаббат кард ман ки аз шарм дар мегирифтам чизе нагуфтам, рузхо мегузаштанд ва мо бо хам наздиктар мешудем ман дар кафи даст оиначае доштам баьзан бо оина ба кафо нигох мекардам у бо табассум ба ман чашмак мезад фикр мекардм ин лахзахо хушбахттаринам
Боре дугонаам ба ман чавонеро нишон доду гуфт вай хеши ман аст чавони боодоб туро дуст медорад. Ман бо ишва гуфтам, ки ман мехонам духтур мешавам баъд бо хешат наздам бие маслихат мекунем. Бечора бача чи кадар аз кафоям гашт, вале намедонист ки ман аллакай Алиро дуст медорам. Бо орзухои ширин ва рузхои хуши фаромушнашаванда
Мактаб ба охир расид. Ва аз Вли чудо шудем. Пас аз хатми мактаб замони митингхову майдоншинихо сар шуд, баьд аз ин танхо як бор вохурдем. Ман гуфтам, ки бе ту наметонам. У низ ин суханро гуфт. Он рафтанаш хеч гох аз едам намеравад. Чанги шахрванди сар шуду хама чиз тамом шуд, аз чумла ишк ва орзу он вакт намедонисти то пагох зинда мемони ё не. Падарам аз тарсе ки духтари кадбаланд будам маро хост бо обу ру тезтар ба шавхар дихад, вале ман рад мекардам.
Маро ба хонаи апаам равон карданд кариб тамоми бачахои ончо хар руз ба ман номахои ошикона мефиристоданд, аммо хушу еди ман бошад танхо ба Али буд, Муддате ончо мондаму баъди чанде ороми шуду ба хонаамон бар гаштам. Рузе аз назди дарвоза чавоне гузашт, ки хеле шинос менамуд. Вай аз ман чашм намеканд. Баъд фахмидам,бародари дугонаам Саид будаасту нав аз хизмат омадааст. У Алиро ба едам меовард чашмони у табассум хатто гушхои каме лаккааш ба у монанд буд, Али бошад боре наомад. У як деха боло буду метарсидам аз касе дар бораащ пурсам. саид ба хонамон падаршро равон кард, вале падари ман гуфт духтарам еш аст холо иззати калонхоро намедонад
Як сол пас аз хонаи саид ба хонамон боз хостгор омад падарам айб мешавад ду бор ноумед шаванд гуфта рози шуд. Хамин хел туй шуду маро авал ба хонаи шавхар баьди як мох ба руссия бурданд. Ман ки хуб мехондам бо руси муошират бароям осон буд. Саид аввал шавхари хеле хуб буд маро дуст медошт як чанд вакт бекор будам баьд ба кор баромадам.Аввалхо зиндагиамон хуб буд вале баьдтар Саид тагйир ёфтан гирифт. Ба хар бахона маро зери мушт мегирифт. Боре як бегох ба хона медаромадам поям ба оханпорае бархурду садо дод у маро ба хона бурда ба ман дод заду ту инро баркасд карди ки бачахои ончобуда ба ту нигох кунанд гуфт ва маро зад, фикр кардам хайр рашк кардааст хеч гап не он вакт ман одами мастро намедонистам ва надида будам. фарзанди калони ба дуне омад ва баьд дуюм мо ба русия мерафтему меомадем хона харида чудо шудем. Дар ин байн саид шабхо дер меомадаги шуду нушиданаш хам зиед гардид. Фарзанди сеюмам ба дуне омаду дунеи маро торик кард фахмидам ки бо зане шинос шудааст вайро гирифтанист. Вакте пурсидам ин рост аст? Гуфт: агар ба ту макул набошад ба кучое мехохи рав ман сахарда хаждахсолааша меерам. Ман чои рафтан надоштам намехостам дарди сари волидонам шавам. Бо зораю тавалло уро аз ин рох гардондам, вале ин дер давом накард у боз бо зани дигаре шинос шуду ба хона намеомадаги шуд. Рузи зодрузаш дастархон ороста бо се кудак интизораш шудем, вале чун бедор шудам сахар шудасту фарзандонам сари дастархон хобашон бурда буд ва аз падарашон дараке набуд. Хамин хел ба кавли худаш арусхояшро иваз мекарду хохи зиндаги кун нахохи рав мегуфт. Кошки хамон вакт мерафтам, шояд саломатиамро аз даст намедодам. Боре дар хона бо рафикаш телевизор тамошо мекард. Ман дастархон бурдам у тарафам писхандона нигох карду бо зани дар филмбуда ишора карду гуфт, ки ана инро арус меган ира зан меган туям зан шуди? бадар наврузи бо аруси наваш мераксид худамро дошта натавонистам бо гиряву зори гуфтам Рав биер арусата факат чавоби маро те ман чи гунох кардам ба ту чи намерасад? Хар боре менушид ба хона омада маро зери мушту лагат мегирифт. Аз ин зиндаги безор шуда будам дар хона чанд дона доруе буд хурдам шаб кудакора хоб карда бо онхо хайрухуш кардам мехостам хоб раваму дигар нахезам, вале чон чизи ширин аст сарам дар чархзани даромад дилам тез тез мезад хеле тарсидам. Саид наздам даромад илтичо кардам, ки каме дар пешам нишинад, зеро аз мурдан метарсам. Вакте фахмид ман дору хурдаам: ту чи дору хурди? Мурдан мехохи? Мур фалонам кати гуфта ба дигар хона гузашт хато духтурро чег назад ман дигарашро намедонам вакте бедор шудам боз бегох шуда буду гайри кудако дар хона касе нест. Хайрон мондам, ки чихел ман зинда мондам. Баьд аз духтури хамсоя фахмидам ки дорухо дозаи паст доштанд ва танхо доруи хоб ба ман сахт таьсир кардааст, е шояд ба мани бесохиб рахми Оллохи бузург омад то кудаконам хор нашаванд. Худо маро бубахшад! Боз ба хотири фарзандонам ба хамааш токат кардаму зиндагиро идома додам.
Рузе фахмидам, ки боз як занро бо худ ба русия бурданист назди он зан рафта гуфтам у 3 кудак дорад ту хам рузе ба чои ман мешави. У гуфт шавхарат мегуяд занам касал ба фарзандонам модари солим лозим ранги занам зард касали безеб дорад. Дар хакикат ман сап сафед будам зеро аз хона берун намебаромадам дар нохияе ки ман зиндаги мекардам хама аз гарми сип сиеханд, вале ягон хел касал надоштам маро бисер мепурсиданд, ки ман аз кучоям? Мегуфтам аз хамин чо бовар намекарданд. Баьди сухбатамон он зан саидро рад кард. Саид боз ба Руссия рафту баъди чанде гуфт агар наоям ягон зани дигарро меорад. Ман боз ба хотири кудоконам ба наздаш рафтам. Шабе маст омаду дарро сах сахт куфт. Ман кушодам давида маро зери мушт гирифту саволборонам намуд ки кучо рафта будам. Ба руям чунон мушти сахте зад ки аз чашмам оташ парид. Бовар кунед охир ман дар хона хамрохи додарам худат дар хона набуди гуфтам. Додарам бедор шуду язна тинчи гуфт аз тарсе ки уро назанад тинчи гуфта додарамро дар дигар хона кулф кардам. Сахар у чарогро гирен карда аз руйи сиёхи маро дида аз пешониам бусиду пурсид, ки апачон ки туро ба ин хол расонд? Оби чашмам чори шуду гуфтам: бало зад мисли харвакта. Хостам аз чоям хезам, вале хестаму хона дар сарам чапа шуд галтидам дигар ед надорам. Додарам маро бардошта ба духтур бурдаас ончо ба хуш омадам. Пайи хам духтурон мепурсиданд чи шудааси ба ту ки туро ба ин хол овард. Ман бошам боз дуруг гуфтам, ки аз балкон афтидам. Маро муоина намуда гуфтандки сараш онхо гуфтан сатрисении сахт дорад як мох сарашр начунбонад. Як мох сарамро ночумбонда хобидам фикр кардам аклаш ба сараш мезанад, вале афсуз. Муддати як мох додарам маро бардошта хурок мехуронд. Доимо мепурсид туро язнаам ба ин хол овард ман мегуфтам не. Бар замми хамаи ин ман ба касе боре аз у шикоят накардам, мегуфтам ман зиндаги мекунаму у дар чашми падару модарам ганда мешавад. Ман дар ягон тую махрака истода наметавонам вай маст мешуду ман аз тарсу шарм гурехта хона меомалам. Уро бошад е меоранд е сахар хушер шуда меояд. Худо маро бубахшад хаки бад гуфтанро надорам, зеро шавхараст, аммо дилам лабрез аст!
Хонаамонро фурухтем ман касдан назди масчиде замин харидам хона сохтем гуфтам шояд панч вакт азонро мешунаваду аз худо метарсад , вале ин накшаам хам галат баромад. Хамин хел рузхо мегузаштанду торафт аракхурияш зиед мешуд, бисер мардон хаел мекунанд,ки ба арусбозию аракхури занхо гунахгоранд ба фарзандонам касам дар давоми 24 соли зиндаги бо у боре чанг накардаам, вакте хушер аст сабаб нест ки чанг кунам вакте маст бошад хадде надорам ба руи у нигох кунам аз у сахт метарсам. Гову мол надорам, ки буи огил кунам. ман зан хастам ба 43 даромадам дигар мардон то хол хасуси маро мехуранд бовар кунед ягон камбуди надорам. Падарам бузургворам мегуфт сахттарин гунох бо газаб ба руи шавхар нигох кардан аст ман барои хурмати оллох боре ба у сахт нигох накардаам. У мегуфт агар зан ба мард не гуяд то субх малоикахо уро дуои бад мекунанд ман дар хаетам боре хохишашро рад накардаам, хатто баьди оне ки мезад ба у боре дод назадаам чанг накардаам шояд фикр кунед, ки дар ин замона чунин зан нест, вале шояд хамин хислатам боиси ин кадар бекадрии ман шудааст,зеро ман имонамро болотар аз хушбахтиам медонам.
Саид боз озими Руссия шуду рафт. Баъд аз чан мох маро наздаш фаред кард. Ин даф шарт гузоштам ки фарзандхоямро бо худ мебарам вагарна намеравам. Рози шуд то фарзандонамро барам. Максад гузоштам дигар намеоям хамончо зиндаги мекунем. Ба руссия омада ба кор даромадам писарамро низ кор ефтам. Ман бо писарам кор мекардем у бошад майшат мекард ягон суме даромад мекард менушид. Вакте мепурсидам барои чи мехури чи алам дори? Мегуфт ман аз пули худам мехурам кори ту набошад. Ман вакте хама хобанд ба кор мерафтаму ними шаб меомадам, вале ягон намозамро казо намекаржам аз худо зора мекардам ба у инсоф дихад Боре аз зики аз бачам хохиш кардам ба ман ок кушояд зеро дури аз модару падар дилгирам сохта буд мехостам ончо андармон шавам
Аввалин шуда раками мактабамонро кофтам даромада суратхоро тамошо кардам сурати хамсинфонамро дидаму бахо гузоштам. Яке аз гурухи хасинфонам дар профилам мехмон шуд намедонистам, ки ин Али аст аввалин шуда смс равон карду холпурсиам намуд ва худро муаррифи кард. Чанд лахза карахт мондам намедонистам чи гуям, гузаштаамро ба ед овардам. У ахволпурси намуда дар бораи худаш накл кард ман низ оилаамро таьриф кардам бо якдигар сурати фарзандону хамсарони худро равон кардем фахмидам, ки дугонаам ба хамон хешаш ки маро дуст медошт ба шавхар баромадааст ва Али бошад ба хохари дугонаам хонадор шудааст харчанд вакти бо у гуфту гу карданам дилам тез мезаду ларзаам мегирифт худамро ба даст мегирифтам у бо видео визов занг заду гуфт ки тамоман дигар нашудаи аз пештара зеботар шудаи ман аз шарм ба у нигох карда натавонистам танхо хамон нигоху табассуми ошноро дидам ки умре боиси тапиши дилам шуда буданд. Хамин тавр гох гохе сухбат мекардам бо Али.
Рузе аз кор омадам Саид дар хона набуд вакти хоб омад чунон маст буд чизеро намефахмид. Хар шаб мехурд, вале ба ин дарача не, шуру магал бардошт бо зориву хушомад ба чагах даровардам намемонд хоб равам зори кардам хоб кун пагох ман соати 6 бояд кор равам соат як шуд вале у намефахмид хуллас охир боз кори харвактаашро кард ба сарам чунон зад намедонам кудако худро болои ман партофтанд дод зада мегиристанд, вале у намефахмид онхоро кашида хаво медод базур гурехта ба берун баромадем мохи декабр бо либоси тагпуш дар сармои руссия кудакхоро сахт огуш кадам токи хунук нахуранд. Ба писарам ки бо амакаш дар дигар куча зиндаги мекард занг задам у давида омаду моро боз ба хона даровард, вале у овози моро шунида мисли дарранда маро чег задан гирифт зеро он кадар назада буд ки дилаш хунук шавад. Писарам моро гирифта чои хоби худ овард бечора хеварам.
Ман субх хеста ба кучо рафтанамро намедонистам чи кор карданамро намедонистам боз ба кор рафтам бегох баромадаму ба метро даромадам хостам то махкам шудан ончо монам ончо гарм аст каме гиристаму ба едам Али расид ба у занг задам вакти ахволпурси худамро дошта натавонистаму ахволамро ба у накл кардам у дар газаб шуду гуфт зуд аз метро барою ба хонаат рав намедонам чаро ки уро гуш кардам ба суи хона рафтам ними шаб буд хостам трассаро дар чарогаки сурх гузарам гуе у медида бошад аз афтобуз фаромадан замон занг зад гуфтам мехохам худамро зери мошин партоям уро дидан намехостам бозам маро чанчол карду гуфт ин кадар сол намоз хонди руза гирифти имруз барбод медихи шояд Худо ин лахза туро имтихон дорад. Гуфтам чаро Худо факат маро имтихон мекунад? Охир ман танхо аз тарси Худо чунин шавхарро боз хурмату эхтиром мекунам чи гунох дорам,, у гуфт ман дусти туам аз ин бад ту танхо нести зуд хона рав ях мекуни ман пагох боз занг мезанам. Хамин суханонаш маро зинда карду аз болои кати истгох ки алакай либосам ях карда часпида буд хеста. Ба хона рафтам
Хама алакай хоб буданд касе маро чизе напурсид духтарам чанд руз дасташро дошта гашт сахт зарб хурдаст. Али пагох занг заду ахволпурси кард. Баьдан гох гох дар тамос мешудем маро насихат мекард дар хаки шуят дуо кун мегуфт Худо хидояташ мекунад. Саршавии мохи рамазон буд ман як руз пеш руза гирифтам он руз ба Али занг задаму табрик кардам у дар чавоб гуфт то як мох наметавонам бо ту гап занам, зеро убол аст бо зани каси дигар гап зани ман харчанд гуфтам ки байни мо ягон гап е кори баде нест ки гунох бошад, вале гуфт як калима хам гунох аст , ман дубора дилшикаста шудам гуфтам шояд аз аламхои ман безор шудаи. Гуфт не, агар шуавхар намедошти дигар буд харчи набошад шуят хаст ман номард нестам. Мани девона гуфтам, ки ту дуюм бор аст маро зинда мекунию боз мекуши ту намедони ки ман то хол дустат медорам. У гуфт: медонам хис мекунам барои хамин мехохам аз ту дур бошам то сабаби шикастани оилаат нашавам. Харчанд газаби шудам, вале чизе гуфта натавонистам танхо ором гиристам, зеро ман одат карда будам шавхарам намегузошт хиккак занам аз тарс даруни мегиристам танхо оби чашмам мерехт имруз хам оби чашмам мерехт аз касе наметарсидам, вале одатам буд одат
Ман тамоми сол бе танаффус кор кардам, рамазон хам намозамро дар вакташ мехондам бе казо, бегох тарових мехондам
Ба шавхарам ахмият намедодаги шудам гохо маст буду гохо не идро интизор будам то ба Али занг занам ва овозашро шунавам. Рузи ид паемак равон карда табрик кардам у низ чавоб дод бехтарин рузи зиндагиям буд. Баьди чанде у ба ман фахмонд, ки ба ман хеч хисе надорад танхо дилаш ба ман месузад дигар ба у нанавиштам, вале боз токат накардам дар охирхо смс хои ман бисер бе чавоб мемонданд. рузе дугонаам ба профили ман мехмон шуд шод шудам бо хам хеле гап задем, у гуфт шавхарам то хол дар бораи ту гап мезанад, хатто ба кудако фахмондаст ки ман очата гуфтам дугоната тугри кун очат худаша тугри када манда дод! Мо хеле гап задем дилам сабук шуд, гуфт Алии ту хохари маро гирифт медони? Гуфтам шунидам илохо хушбахт шаванд Худо хаминро мехостааст! Ту чаро ин кадар дур рафти? гуфта пурсид. Дардам омаду бо шухи гуфтам. Шавхарат дустам медошт худат гирифти Алиро ба хохарат доди дигар чи кор кунам барои хамин тарки ватан кардам чунин гуфтаму хеле хандидем, у гуфт агар хохи шавхарамро хозир ба ту медихам. Шуи калат ба худат насиб кунад гуфтам боз хандидем,аз ин пас занг мезадему гап мезадем шухи мекардем медонистам ба у Али профиламро додааст то ман зик нашавам, вале хеч кас чои у буда наметавонист.
Иди курбон наздик мешуду байни ману шавхарам ба чуз нафрат чизе намонд у маро тамоман гуш намекард хар шаб пеши ошнои алкашаш мерафту масти мурда меомад ман ба у гуфтам ки агар зинда монам ба ватан баргардам аввал ба суд дода чудо мешавам, шояд каме тарсид, ки дигар намезаду бо хар бахона дашном дода дод мезад, арафаи ид бозори кардему хостам дастархони иди кушоям , аз у илтимос кардам дар арафа хурди дар ид нахур идро якчоя гузаронем, вале у сахари ид баромаду соати 10 дусташ нимколамаст занг зад, ки гусфанд кушта истодаасту ман бо кудако биеем, ман хуб гуфта хомуш кардам ва ба чагах даромада гирякунон хобидам кудако хам медонистанд ки у рузи дароз мехурад бо таби хира ба назди телевизор нишастанд ман он руз то бегох бо худои худ роз гуфтам ва касам хурдам ки аз хамин ид танхо худамро дуст хохам дошт худамро хурмат хохом кард ва барои ман дар дуне мард гуфтани кас вучуд нахохад дошт, азбаски дигар ба у ахамият надодам у гуфт ба ватан баргард. Медонистам ки холаш чи мешавад, вале баргаштам. У бошад мухлати хафтае ки ман баргаштам чуноне русхо мегуянд дар запой буд боз аз хеваронам хохиш кардам уро пеши худашон баранд онхо маст уро ба такси шинонда бурдаанд, зеро хушер мешуд рози намешуд
Ман як хаёт бо у якчоя кор кор кардам, вале у маро хеч медонад дилам чунон аз зиндаги мондааст, ки танхо барои кудаконам зиндаги дорам то ин дам хам ба хотири онхо токат карда будам. Пас аз омаданам ба али барои саволе навиштам у б ман чавоб дод ва гуфт, ки чаро мепурси? гуфтам кудаконамро мехохам дар мактаб монам. Шояд Али аз омадам шод шуд, ки дарав саросемавор пурсид: ту бар гашти? Гуфтам ха аз саид пурсид нагуфтам ки бадтар шуд гуфтам дертар меояд гуфт занг зан маслихат медиххам аввал нахостам, вале дастонам беихтиер тел гирифтанду занг задам баьди пурсу пос аз ман хохиш кард ба чои кораш биеям, зеро гапи телефони несту бояд аз пеш маслихат кунем ман ба ту ери медихам, ман гуфтам агар равам туро зада мекушам медони? У гуфт хар коре мекуни бикун ту ба ин хак дори! Ман бошам намехохам уро аз наздик бинам Худо медонад чи гап мешавад. Харчад у муллоранг аст, лекин ман ба худам бовари надорам, зеро бо еди у мехобаму бо еди у мехезам аз худам метарсам. Гарчанде гуфт кайе хохи занг зан худамро ба даст гирифтаам занг намезанам намедонам чи кор кунам! Чи тавр уро фромуш кунам? Мегуянд хатто барги дарахт бе ризогии оллох намерезад, вале ба худ бовари надорам. Ман мачбурам пешаш равам зеро корам зарур аст вале холо не.....
Ман маьлумоте надорам ин танхо садои манаст заррае аз дуньеи дили дардмандам аст як зарра. Фарзандонам мегуянд оча хамаш аз сустии худат аст чи кор кунам? Охии худо маро хамин хел офаридаст.....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 8
Ина сабри зани точик меган.
Худованд аз шумо Рози бошад апачон!
АМО кушиш кунед,хатогие аз дастатон наояду газаби Аллох шавад.