ТАРОНАИ ❤
ПАДРУД...👐
Чароғи рушани гарми хиёбон,
Замоне манзили парвонаҳо буд.
Шабеҳи қиссаҳои шодианҷом
Тамоми зиндагонӣ моли мо буд.
Гузашт он рузгори тозаву тар,
Гузашт ишқе, ки байни мову ту буд.
Раҳо кардам зи банди сина дилро
Ки аз дасти ҷафои ту наосуд.
Паёми як баҳори нозанинро
Ба дасти тираи поиз додам.
Ба ёди орзуҳои нагунам
Ба санги ноумедӣ сар ниҳодам.
Гузаштам аз худу аз ишқи бе ту,
Ки бо ёри навинат шод бошӣ.
Ғаматро ман пазируфтам азизам,
Ки аз қайди ғамон озод бошӣ.
Туро дар сафҳаи дил гур кардам,
Шабеҳи қиссаҳои дардолуд.
Вале ҳар лаҳза озорад диламро,
Садои хастаи падруд, падруд...
Кунун дар ҷодае торику хомуш,
Пари парвонае, мушти ғуборе,
Шақоиқхои пажмурда сари раҳ,
Нигоҳи ошиқи уммедворе...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4