Ман аз ғурбат
Ман аз дурӣ
Гирифториву маҳҷурӣ
Ман аз эҳсоси танҳоӣ
Наметарсам!
Ҷудоӣ вожае аз номаҳоят буд
Хати бутлон кашидан рӯи исмам
Сархати ҳангомаҳоят буд.
Туфу! Дигар ба оини вафодорӣ
Туфу бар ишқи иҷборӣ,
Ки аз санги ғурурат
Мисли як оина бишкастам!
Аз ин пас бешаку тардид
Барои кафтаре,ки пар кашида аз кафи дастам,
Нахоҳам сӯхт.
Ки у бар ҳиммати як донаи арзан намеарзад
Ба ҷангидан намеарзад
Барои ман намеарзад!
Чӣ шуреро ба сар кардӣ
Хиёнатро сипар кардӣ
Ба шаҳри орзуҳои саробият
Сафар кардӣ.
Сафар хуш ай азизи ман!
Аз ин ҳиҷрат
Аз ин дурӣ
Гирифториву маҳҷурӣ
Наметарсам,
Вале аз қисмати ту тарс дорам
Ки аз ман меравӣ бадбахт хоҳӣ шуд
Асири рузгори сахт хоҳӣ шуд
Гадои бахт хоҳӣ шуд!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
Аз ин дурӣ
Гирифториву маҳҷурӣ
Наметарсам,
Вале аз қисмати ту тарс дорам
Ки аз ман меравӣ бадбахт хоҳӣ шуд
Асири рузгори сахт хоҳӣ шуд
Гадои бахт хоҳӣ шуд!