Предыдущая публикация
Бигзор, ки дар рӯи ту бинем Худоро.
То накҳаташ ҷонбахши ту ҷонбахши сабо шуд,
Хосияти Исост дами боди саборо.
Пеши ту дуо гуфтаму дашном шунидам,
Ҳаргиз асаре беҳтар аз ин нест дуоро.
Он рӯз, ки таълими ту мегуфт муаллим,
Бар лавҳи ту нанбишт магар ҳарфи вафоро.
Ҳарчанд ки хубон ҳама дар роҳи ту хоканд,
Ҳайф аст, ки бар хок ниҳӣ он кафи поро.
Мехостам осуда ба кунҷе бинишинам,
Болои ту ногоҳ барангехт балоро,
Гар ёд кунад майли Ҳилолӣ, аҷабе нест,
Шодон, чӣ аҷаб, гар бинавозанд гадоро.
﴾Б. Ҳилолӣ﴿
🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев