Предыдущая публикация
Бигзор, ки дар рӯи ту бинем Худоро.
То накҳаташ ҷонбахши ту ҷонбахши сабо шуд,
Хосияти Исост дами боди саборо.
Пеши ту дуо гуфтаму дашном шунидам,
Ҳаргиз асаре беҳтар аз ин нест дуоро.
Он рӯз, ки таълими ту мегуфт муаллим,
Бар лавҳи ту нанбишт магар ҳарфи вафоро.
Ҳарчанд ки хубон ҳама дар роҳи ту хоканд,
Ҳайф аст, ки бар хок ниҳӣ он кафи поро.
Мехостам осуда ба кунҷе бинишинам,
Болои ту ногоҳ барангехт балоро,
Гар ёд кунад майли Ҳилолӣ, аҷабе нест,
Шодон, чӣ аҷаб, гар бинавозанд гадоро.
﴾Б. Ҳилолӣ﴿
🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7
Бузургро дар нури у - Аллох, тасаввур кардааст.
. Хамзамон чун боди Сабо, фораму чонбахш будни нури У Аллох ва хосияти хислатхои Исо пайомбаро ба хома додааст.
Казоват кунед, ки дар хамон давр хам, нисбати илму адаб ва маьрифати воло ахду вафо набуд.
Нафаре пайдо мешуду оиди худо ва неьматхои волои худованд ва илму маьрифат харф мезаду шукргузори мекард, чохилон пеши рохи уро мегирифтанд.
Яьне ки ба хакикат рох намедоданд.
Идомаи он бахсест доманадор .
Худованд гузаштагони илму маьрифатро бихишти гардонида бошаду мондагонро хидоят кунад.