АЗ хаети Иброхим Халили Худо кисми шашум... Иброхим алайхи салом дар рох бо писараш Исмоили хурдакак сухбат карда мерафт уро зиед дуст медошт аммо ин фармони Худо буд ба Иброхим алайхи салом ки ин фарзанди дустдорашро курбон кунад. Иброхим алайхи салом ба фарзандаш гуфт: эй чигаргушаи ман аз чониби Худо ба ман амр шудааст ки туро дар рохи Худо курбон кунам бикушам ту чи мегуи? Исмоил алайхи салом гуфт: падарчон агар Худованд ба ту амр карда бошад ки маро бикуши чонам фидои Худо ман рози маро бикуаш ва аз фармони Худованд харгиз берун набаро. Хулас расиданд ба чои ки бояд Исмоил алайхи салом ро курбони яьне бикушад аввал уро хела навозиш кард баьдан бо як санге кордашро тез кард хатто ровиеи китоб мегуянд ки Исмоил алайхи салом худ сангро оварда ба Иброхим алайхи салом дод ки падарчон кордатро хуб тез кун то ин ки дар холати сари маро буридан азоб накаши. Исмоил алайхи салом ро бурда дар як баландие ба шикам хобонид дар хамин хол хама парандахову фариштахо ба гиряву зори даромаданд гуфтанд Худое ин чи рузест ки Иброхим алайхи салом фарзанди чигаргушааш Исмоил алайхи салом ро мекушад. Худое рахми Исмоилро бикун дар хамин холат Чабраил алайхи салом фаромд ва ба Иброхим алайхи салом гуфт: эй Иброхим алайхи салом аз ин корат даст каш ту медони чи карда истодаи фарзанди ягонаатро мекуши? Иброхим алайхи салом гуфт: эй Чабраил ман медонам чи кардаистодаям ин фармони Худованд аст ки ман фарзандамро курбон кунам. Хама фариштахои осмон ба такбир гуфтан шуру карданд то инки Иброхим алайхи салом аз ин амалаш даст бикашад аммо бефоида буд. Исмоил алайхи салом ба падараш гуфт: падарчон мабодое дар вахти сари маро буридан почак занам ва ин почакам ба ту расад маро авф кун. Бинед мехрубониро ки Падараш уро куштаистодааст аммо у дар он фикре хаст ки мабодое дар чон доданаш почакаш дар бадани падараш расад. Иброхим кордро боло бардошт пеш аз онеки ба гардани Исмоил алайхи салом бизанад Худованд фармони худашро ба корд содир кард ки эй корд ба Исмоил зарари худатро нарасон гардани Исмоили хурдакакро набур. Вахтеки Иброхим бо як кувате ба гардани Исмоил алайхи салом мезанад корд намебурад. Боз дубора мезанад корд намебурад. Исмоил алайхи салом мегуяд: падарчон барои чи кордро хуб тез накарди? Иброхим мегуяд: фарзанди ман дигар аз ин зиед Корд тез намешуд. Бори севум мезанад корд гардани Исмоил алайхи салом ро намебурад. Иброхим алайхи салом газаби мешавад дар пахлуяш як санге буд кордро ба санг мезанад санг ду пора мешавад. Иброхим алайхи салом мегуяд: эй корд ба ту чи шудааст ки сангро ду пора карди аммо пусти тунуки Исмоил алайхи салом ро намебури. Муфасирини китоб мегуянд: корд ба сухан даромад ва гуфт; эй Иброхим алайхи салом ман фармонбардор хастам Худованд ба ман амр кард ки пусти тунуки Исмоил алайхи салом ро набурам. Корд боз гуфт: эй Иброхим алайхи салом барои чи вахтеки Намруд туро ба оташ андохт оташ туро насузонид чунки оташ фармон бардори Худо буд манхам фармон бардорам ба хамин хотир ман гардани Исмоилро набуридам. Худованд дуюм фармонашро содир кард ки Эй Иброхим алайхи салом мо ба ту коил шудем ва ту аз санчиши мо гузашти ба пуштат нигар гусфанде аст ба чои Исмоил алайхи салом онро курбон кун. Ва хазрат дар чои Исмоил алайхи салом гусфандеро курбони карданд ва то Киемат харкасе дасташ мерасад дар рохи Худо курбони кунад ягон халол кардахои Худоро Худованд ба он шахс ачру савобе бе охир насиб мекунад. Баьди гусфандро курбони кардан бо хамрохии писараш бар гаштанд ба хона ва чанд рузи дигар Иброхим алайхи салом бо хамрохии Исмоилу хамсараш Хочар монданд. Баьдан харакат карданд ба шахри шом ба назди хамсари дигараш Соро модармон чанд вахте дар ончо зиндагониашро давом дод ва писараш Исмоил алайхи салом ба сини нуздах е бистсола мерасад ва духтареро дар никохаш медарорад ва модараш Хочар вафот мекунад. Соли Иброхим алайхи салом ба яксаду понздах е яксаду бист мерасад. Худованд ба Иброхим фармон медихад ки эй Халили ман ба шахри Макка сафар кун ва дар ончо хонаи маро бунед кун то ин ки бандагони ман ру ба суи хонаи ман биоранд ва маро ибодат кунанд ва ба суи он хона сачда кунанд. Иброхим алайхи салом фармонбардори холики худ буд дархол куч бастану аз шахри Шом ба шахри Макка сафар карданд...... Давомашро дар кисми хафтум менависам ИншоАллох дар ин кисми хафтум чи гуна хонаи Каьбаро сохтанд ки кумакаш кард худо хохад хамаашро менависам...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев