Ту куҷо ҳастӣ, ки ба ту хидмат кунам, саратро шона кунам, хонаатро бирӯбам, кафш ба поят кунам, дастҳоятро бибӯсам, поятро бимолам, рахти хобатро паҳн кунам! Эй Худои ман! Ҷони ману фарзандону хонаамон фидои Ту! Бузҳои ман ба қурбонии Ту! Ту куҷо ҳастӣ. Агар бемор шавӣ, туро парастори мекунам, агар танҳо шудӣ, ғамхори ту мешавам. Мӯсо(а), ки ин гуфтаҳоро шунид, дар хашм шуду аз чӯпон пусид:- Бо кӣ сухан мегӯӣ? Гуфт: Бо он кас ки маро офарид, Ин замину чарх аз Ӯ омад падид. Мӯсо(а) ба он марди содадил ғазаб кард, ки:«Магар кофир шудаӣ». Худо монанди мо нест, ки ҳоҷат ба парасторию ғамхӯрӣ дошта бошад, ё ки пойафзол бихоҳад, ё рахти хоб лозимаш бошад!" Гар набандӣ з-ин сухан ту ҳалқаро, Оташе ояд, бисӯзад халқро. Агар ин гуна сухан бигӯйӣ, дунё хароб мешавад. Оташе меояду ҳама мардумро месӯзонад. Дӯсти нодон бадтар аз душман аст! Чӯпон аз тарси хашму ғазаби Худованд фарёд зад: Эй Мӯсо(а) ту бо ин сарзанишҳо ҷони маро сӯхтӣ! Ва даҳонамро аз пушаймонӣ духтӣ! Он гоҳ чӯпон ҷомаи худро дариду гиребон чок сар ба биёбон гузошт! Худованд ба Мӯсо(а) гуфт: Ин чй коре буд, ки кардӣ? Ту бандаи маро озурдӣ! Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо: Бандаи моро зи мо кардй ҷудо? Ту барои васл кардан омадӣ, На барои фасл кардан омадӣ. Мо забонро нангарему қолро, Мо равонро бингарему ҳолро Худованд ба Мӯсо(а) гуфт: Ман ба халқ ниёз надорам. Табъи ҳар кас хоси худи ӯст, ҳар кас ба забони худ, бо фаҳми худ ба ман розу ниёз мекунад. Ҳиндӣ бо забони худ ва эронӣ бо забони худ. Ман мӯҳтоҷи ситоиш нестам. Инҳо одоби мардуми рӯзгор аст. Ман ба қалби поку нияти хуб нигоҳ мекунам: Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост, Ошиқонро миллату мазҳаб Худост! Сипас Худованд ба Мӯсо(а) фармон дод, ки чӯпонро биёбад ва аз ӯ узр бихоҳаду дилҷӯӣ кунад. Ба ӯ бигӯяд, ки ба ҳар забону ҳар гуна, ки дилаш мехоҳад бо ман гуфтугӯ кунаду хоҳиши худро бозгӯ намояд. Худованд забони хос интихобкарда надорад. Ӯ ба ҳамаи забонҳо доност ва аз ҳама қалбҳо огоҳ аст. Мӯсо(а) дар пайи фармони Худованд биёбонро зери по гузорид ва он қадар ҷустуҷӯ кард, ки чӯпони саргардонро ёфту аз ӯ узр хост. Дастури Худовандро ба ӯ расонид. Ва ӯро хушҳол сохт: Чунки Мӯсо ин итоб аз Ҳақ шунид, Дар биёбон дар пайи чӯпон давид. Оқибат дарёфт ӯрову бидид, Гуфт: Мужда деҳ, ки дастуре расид! Ҳеҷ одобею тартибе маҷӯ, Ҳар чи мехоҳад дили тангат, бигӯ!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев