Предыдущая публикация
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед?
Нафасгирй чй душвор аст ҳангоми нафасгирй!
Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоханг аст, медонед?
Гурўхе дар найистони замона ранг мерезанд,
Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед?
Бисўзад решаи он оштй, к-аз ҷанг бархезад!
Ҷаҳон бо ҷони ман дар оштиҷанг аст, медонед?
Ба чашми танги Чингизй само хунрез метобад,
Ба пои ланги Темурй замин ланг аст, медонед?
Чй ҷои осмони тираи таърихи инсонй!
Замин як пора гўристони фарҳанг аст, медонед?
Садо ояд ба гўшам, Озарахш, аз Зуҳраи чангй,
Навои чангатон дар чанги харчанг аст, медонед?!
ОЗАРАХШ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 13
Локин баьди устод Лоик ин Озарахш хастанд , агар чанде ки дар пояи устод Лоик нарасида бошанд хам , дар айни замон пояи адабиети мо хастанд .
Аз мо як дуо , Худованд икболу каламашона тезу баланд гардонад , ки мо точикон фахр кунем ....
Шеьр навистанхам кори Осон нест , на хама маьною кадри шеьру шоирия мефахмад.....
Пирою бузургони мо бехуда нагуфтаанд , ки : Чавоби ахмак сукут!!!!!!!!
Барои хамин бахси бемаьно накунед бародархо!!!!
Хазорон рахмати Худо ба Озарахш , ки бо дарачаи аьло навиштааст , ,,хамон логикая мефахмидагихо ,, як логикеша ба чо оварда нависанд якто шеьру баьд бахс кунанд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!