Аз мулки гариби даст шуед, додо,
Гулхои умеди худ бибуед, додо.
Дишаб зани хамсоя маро гуфт: «Сагир!»
Маънои сагира чист? Гуед, додо!
Мо зинда, Шумо зиндачудоед , додо,
Аз аспи гурури худ фуроед, додо.
2 духтару 2 писар дуомон ин аст:
Аз хонаи он занак буроед, додо!
Додо, додо, чаро китобам нахаред?
Ман ташна шудам катраи обам нахаред?
1 бор сари сахти маро сила кунед,
Ман гушна наям нуклу кабобам нахаред!
Офтоб, агар машъала афрузад чи?
Махтоб ба ман дида, агар дузад чи?
Ман мехру мухаббати Шуморо хохам,
Додо, дилатон ба ман намесузад чи?
Пойпуши ягонаам даридаст, додо,
Хуш аз сари сахти ман паридаст, додо.
Пойхои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин холи маро саге надидаст, додо!
Додо, додо, Шумо кучоед, додо?
Хасрат ба дилам чаро наоед, додо?
Хамсоя барои духтараш курта харид,
Аз бахри Худо, чи камнамоед, додо?!
Дар пеш зимистон хунук аст, додо,
Перохани хохарам тунук аст, додо.
Додарчаам имсол ба мактаб наравад,
Мухточ ба костюму бурук аст, додо.
Додо, додо, Шумо маро мешунавед?
Дарди дили бемори маро мешунавед?
Ман гилаи бисер надорам, додо,
Ин гиряи афгори маро мешунавед?!
Шабхои дароз модарам мегиряд,
Аз гиряи шури додарам мегиряд.
Бовар дорад, ки мебиеед 1 руз,
Ин хохари хушбоварам мегиряд.
Додо, додо аз Кимие 5-ам хаст,
Аз фанни забони уруси ранчам хаст.
Харчанд либоси варзиши нест маро,
1 дафтари хотироти пурганчам хаст.
Додо, дина 2-то шоколад овардам!
Пулдор шудам, рафта салат овардам!
Азбаски барои хохарам куртка набуд,
Аз хонаи 1 занак халат овардам!
Аз шодии хохарам чунон шод шудем!
1 лахза зи банди гиря озод шудем!
Ин жандахалат, ки бегиребон будаст,
Аз нолаи хохарам ба фаред шудем.
Додо, додо, сари ману пои Шумо,
1 бор биеед, холи аст чои Шумо.
1 шахраки хурду мо чудоем зи хам,
Додо, додо, войи ману войи Шумо!
Додо, додо, зани чавон бигрифтед,
Зан кахт задаст, ки аламон бигрифтед?
Аз номи хуши Шумо чи мондаст, дигар,
Ин лахза, ки номи занкалон бигрифтед?
Додо, додо, зи рохатон баргардед!
Аз пеши зани худхохатон баргардед
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев