Предыдущая публикация
Моҳи махсуси Худо буд, бирафт.
Ҳастияш буд муборак ба ҳама,
Соати файзу сахо буд, бирафт.
Ҳар гаҳаш хубтарин лаҳзаи умр,
Дардҳоро чу даво буд, бирафт.
Раҳмату мағфирати Ёр зиёд,
Гоҳи ислоҳи хато буд, бирафт.
Айбу нуқсони башар сӯхт чу коҳ,
Меҳмоне зи само буд, бирафт.
Чашми мо чор бимонад ба раҳаш,
Дидаро нуру сафо буд, бирафт.
Иди фархундаи Фитр аст кунун,
Гар ғаме дар дили мо буд, бирафт.
СИНОИ АБӮАЛӢ
ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 9