Аз қазо ӯро фалак бо дасти офат мезанад.
Ларза меафтад ба ҷони сулҳи дунё, нокасе
Гар табар бар решаи нахли ҳақиқат мезанад.
Достони рӯзгори ин ҷаҳонро хондаам,
Мард не, номард бар кас заҳри миннат мезанад.
Ҳар кӣ бошад хостгори якмаромии башар,
Хаймаи худро ба саҳрои рафоқат мезанад.
Даври мо бар тангнои пурбало афтодааст,
Бекафан ҳоло ба ҳотам лофи ҳиммат мезанад.
Миллати озодаи ман бо саодат ошност,
Бар сари хасми саодат мушти ваҳдат мезанад.
Ҳар куҷое меравад тоҷик, аз рӯзи азал,
Даст бар кори накӯ аз рӯи одат мезанад.
Ман аминам, оқибат барномасози рӯзгор,
Хат ба рӯи нақшаи аҳли ҷаҳолат мезанад.
Мефитад ҳатман ба чоҳи бетаҳи шармандагӣ,
Ҳар касе бар миллати ман санги туҳмат мезанад.
СИНОИ АБУАЛӢ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
Бехуда намегуфтаанд аз тухмати ногахон Худованд нигахбон бошад