Предыдущая публикация
Бидиҳад гӯшаи бомам зи маҳи ишқ навид.
Чӣ қадар гармии дастони ту оташ дорад,
Ту бигуӣ, ки ба ҷонам рухи хуршед дамид.
Ба сафои шаби ялдои ғамам бовар кард,
Ҳар касе қиссаву афсонаи моро бишунид.
Гарчи чашмони муҳаббат ба раҳат пазмонанд,
Дигар он шодии мо лаззати дидор надид.
Ҷуз рафоқат зи рафиқон талабе нест, вале
Шӯрии умр дилам, аз намаки дӯст чашид.
Номаи дафтари девонам агар шӯҳрат ёфт,
Ғазали ишқи ту аз ҳошия берун накашид.
Сояи бахти маро мурғи ҳумо бол кушод,
Ба Сурайё ту бигӯ, фурсати парвоз расид.
***
Сурайё
Ғазал аз Сураё Ҳакимова
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев