Предыдущая публикация
Номи ту бар лавҳи дил бо нақши заррин кандаем.
Гиря меояд фироқатро зи чашми интизор,
Бар рақибон боиси хушҳолиҳову хандаем.
Нусхаи асли вафодорӣ бубин дар чашми мо,
Бо садоқат офтоби ишқро рахшандаем.
То ҳанўз инро нафаҳмидӣ, азизи бевафо,
Мо Худои ишқро бо меҳрубонӣ бандаем.
Пеши расвоҳо, на танҳо пеши даргоҳи Худо,
Аз савоб андеша дорем, аз гунаҳ шармандаем.
Бо ғазалҳои Сурайё, мешавӣ ошиқ зи нав,
Мо ба васфи дўстдориҳо балову гандаем.
Аз вафои мо напурсидӣ, муҳаббатро ки чист?
Номи ту бар лавҳи дил бо нақши заррин кандаем!
***
Сурайё
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев