#Ҳадиси 1. . Аз Умар ибн ал-Хаттоб розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Росулаллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва салламро шунидам, ки инчунин мегуфтанд
: «Албатта амалҳо ба ният вобаста мебошанд. Барои ҳар кас чизи ният кардааш, насиб мегардад. Пас касе ба хотири Аллоҳ ва Росулаш ҳиҷрат кунад, дар ин ҳол ҳиҷрати ӯ ба хотири Аллоҳ ва Росулаш хоҳад буд. Ва касе ба хотири расидан ба молу-дунё ё ба мақсади издивоҷ бо зане, ҳиҷрат кунад, дар ин ҳол ба сӯйи ҳамон чизи қасд намудааш ҳиҷрат кардааст».
Бухорӣ 2529
#Ҳадиси 2 Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам инчунин фармуданд:
«Агар касе аз шумо таҳораташро шиканад, то таҳорат гирифтанаш, Аллоҳ таъоло намози ӯро қабул намекунад».
Бухорӣ 6954
#Ҳадиси 3 Аз Абдуллоҳ ибн Амр ибн 'Ос, Абу Ҳурайра ва Айиша розияллоҳу анҳум ривоят мешавад, ки гуфтанд
Росулаллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам инчунин фармуданд: «Вой ба ҳоли пуштони пой аз оташи Дӯзах».
Бухорӣ 60
#Ҳадиси 4 Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам инчунин фармуданд:
«Агар касе аз шумо таҳорат гирад, бигзор обро дар биниаш карда, сипас онро биафшонад. Ва касе, ки бо санг истинҷо мекунад, ба адади тоқ истинҷо кунад.
Ва касе аз шумо агар аз хоб бедор шавад, дасти худро пеш аз он, ки дар зарфи об дохил кунад, се маротиба бишӯяд, зеро касе аз шумо намедонад, ки дасташ шабро дар куҷо гузарондааст». Дар лафзи Муслим омадааст:
«Дар биниаш об кунад». Ва дар дигар лафз омадааст: «Касе, ки таҳорат кунад, бигзор дар биниаш об гирад».
Бухорӣ 162
#Ҳадиси 5. Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам инчунин фармуданд:
«Касе аз шумо дар оби доим истодае, ки ҷорӣ нест бавл карда, сипас аз он ғусл накунад».
Дар ривояти Муслим омадааст: «Касе аз шумо дар ҳоли ҷунуб будан, дар оби доим истода ғусл накунад».
Бухорӣ 239
#Ҳадиси 6 Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам инчунин фармуданд:
«Агар аз зарфи кадоме аз шумо саг об нӯшид, пас бигзор онро ҳафт маротиба бишӯяд».
Дар лафзи Муслим омадааст: «Бигзор якумашро бо хок (бишӯяд)».
Бухорӣ 172.
#Ҳадиси 7 Дар ҳадисе, ки Муслим аз Абдуллоҳ ибн Муғаффал ривоят кардааст, омадааст ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:
«Агар саг зарфро лақида бошад, пас вайро ҳафт маротиба бишӯед, ва ҳаштумашро бо хок бимолед».
Муслим 280
#Ҳадиси 8 Аз Ҳумрон мавлои Усмон ибн Аффон розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки ӯ Усмон ибн Аффон розияллоҳу анҳуро дид ки зарфи оберо хост ва аз зарф ба дастонаш об гирифта дастҳои худро се бор шуст, баъд аз он дасти рости худро дар зарф дохил карда мазмаза ва истиншоқ намуд, баъд аз он рӯи худро се бор ва дастҳои худро то оринҷҳо се бор шуст.
Баъд аз он сарашро масҳ кард ва пойҳояшро то буҷулак се бор шуст ва гуфт: Набий - ﷺро дидам, ки фармуданд: «Касе, ки монанди ҳамин вузӯи ман вузӯъ гирад ва ду ракаат намоз, ки дар он бо худ сухан нагӯяд, адо намояд, гуноҳони гузаштааш омӯрзида мешавад».
Бухорӣ 164
#Ҳадиси 9 Аз Айиша розияллоҳу анҳа ривоят мешавад, ки гуфтанд:
«Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам пояфзол
пӯшидан, пок кардан ва бисёре аз (амалҳоро) аз тарафи рост оғоз карданро, хуш медоштанд».
Бухорӣ 168
https://t.me/hamster_kombAt_bot/start?startapp=kentId5244786824 Здравствуйте помогите пожалуйста
...Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев