Шахсеро қарз бисёр омада буд. Тоҷири саховатпешаеро ба у нишон доданд, ки эҳсон мекунад. Он шахс тоҷири саховатмандро дар бозор дарёфт ва дид, ки ба муомила машғул аст ва бар сари як дирҳаме бо нафаре дар баҳс аст. Чун ин саҳнаро бидид, пушаймон шуду баргашт ва бо худ гуфт:
Туро, ки ин ҳама гуфтугуст бар дираме,
Чи гуна аз ту умед кунад кас караме.
Тоҷир, ки чашмаш ба у афтод, пай бурд, ки барои ҳоҷате омадааст. Пас ба дунболи у рафт ва гуфт:
- Бо ман коре дори?
Он шахс гуфт:
- Ҳоҷате доштам, аммо омаданам бефоида шуд.
Тоҷир пай бурд, ки барои пул омадааст ва як киса зар ба у дод.
Он шахс тааҷуб карду гуфт:
- Он баҳсу мунозира бо он тоҷир чи буд ва ин бахшишат чи?
Марди тоҷир гуфт:
- Он муомила бо як тоҷир буд ва ин муомила бо Худо. Дар кори хайр ҳисобам бо Худост ва У хеле хушҳисоб аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев