Ҳиҷобат бошад чу дил, даруни он ту нанги.
Аз куча гузар карди, бикардам суят назар,
Он ҳиҷоби сари ту, зи Қуръон бинмуд хабар.
Рафтам хона шитобон, ба даст гирифтам Қуръон,
Расидам ба ин оят;" Иқраъ"-яъне, ки бихон !
Кардам сатри ту пайдо, ман зи сураи" Аҳзоб",
Нурафшон гашт ду дида, Валлоҳ, ки мисли моҳтоб.
З-ояти панчою нуҳ(59), меомад бӯи гулоб,
Зеро дар он ба занҳо, амр аст, ки "Кунед Ҳиҷоб".
Ва ҳам дар сураи " Нур", дар ояи сию як(31),
Тарзи бастани ҳиҷоб, фаҳмондааст як-як.
З-ин ру магир ту ҳиҷоб, зи сар, ки мешави хор,
Биҳиштро бинеҳ бар сар, иваз масозаш бо Нор..!
Туро сатре ба сар зебанда Хоҳар,
Ҳимоят кардаи номуси духтар.
Агар санге зананд мардуми гумроҳ
Бигуй сатрро чунин фармуда Аллоҳ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев