Қисми 24.
... Аз қароргоҳи роҳи оҳани шаҳр одами бисёр нафаромад, модару Хубонро дарҳол рӯ ба рӯ омадам. Модарам маро сахт ба оғӯш гирифт, аз оғӯш кушодан дар назди модарам Хубон шармид, дар дасти ҳарду сумкаи пурбор - чормағзу пистаи Робия бояд бошад. Ҳарду сумкаро то хона ман бардоштам, ҳарчанд вазнин буд, худро марди "пурқувват" вонамуд кардам. Пай мебурдам, ки машғул нагаштанам бо меҳнати ҷисмонӣ таъсири худро мегузорад.
Робияву модарам ва Хубон дар назди дар тамба шуда дар бӯсу канор шуданд ва ман дар долон мондам. Аз болои се сар медидам, ки падарам низ модарамро пазмон шудааст.
- Ба мо ҳам навбат мерасад? - гуфта ҳазл кард.
Ҳама ба ошхона гузаштем, Робия мизро оро дода, ҳатто дар байн гулдастаеро дар гулдон гузоштааст. Падарам боз як маротиба ба Хубон ҳамдардӣ баён кард ва ҳама дар курсиҳо нишастем. Якбора ҳама орому сархам шудем ва падарам сураеро аз Қуръони Карим тиловат кард. Эҳсос мекардам, ки ҳар ҳарфи падар пӯстро сӯрох карда то мағзи устухон мерасад.
Хубон низ мижгонҳои сиёҳашро поён хамида зери лаб чизе мехонд ва вақте даст ба рӯ кашидем, дидам, ки чашмони шаҳлояш нам гаштаанд. Чунин ба назар мерасид, ки каме лоғар шудааст Хубон. Нигоҳамон ба ҳамдигар бархӯрд.
"Бояд ба модарам занг зада аз расиданамон ба манзил огоҳ кунам"
Ҳарду баробар аз ҷо бархостем, Хубон дар долон истода аз телефони ман ба модараш занг зад ва саломи моро аз худ илова намуд. Ба ҳуҷра гузашта мунтазир истодам, ки пас аз гуфтугӯ наздам ояд. Аммо ӯ рад кард.
"Аз рӯи одоб намешавад"
"Аққалан рӯймолатро иваз кун, кабуди якранг ва дилгиркунанда аст"
"Ин нишони мотамзадагист"...
Баргашта ба ошхона рафтам, модарам чашм аз хоки дар кунҷгузошташуда намеканд.
- Ин хоки таҷрибавии мо, - гуфтам, - кори илмии ману падарам.
- Маро илова накун, - гуфт падарам, - ба хушкиданаш се рӯз шуд, ҳамон аҳвол мехобад.
- Ту чӣ кор карданӣ? - пурсид модарам.
- Оё хок бе тухмӣ ягон ҳосил медиҳад?
- Албатта. То ҳол намедонистӣ?
- Аз куҷо ҳосил диҳад? Оби водопровод коркард шудааст, хокро пурра хушконидем.
- Об дар ҳама ҳолат чизи зинда аст, манбаи тамоми мавҷудот об аст. Ту чиро таҷриба карданӣ?
- Мехоҳам донам, ки оё дар гармхона алафи бегона мерӯяд ё не.
Мерӯяд писарам, дар таркиби хок решачаҳое ҳастанд, ки бо чашми муқаррарӣ намебинӣ. Аз куҷо дар сайёраи Замин олами наботот ба вуҷуд омад?
- Шумо ҳам гуфтанӣ, ки бе дасти одамӣ аз гармхона ҳосил гирифтан мушкил аст?
- Аввалан тухм бе мурод намесабзад, ҳамаро ба ихтиёри техникаву барнома намегузоранд. Деҳқон ба ҳар як донаи шинонидааш умед мебандад. Ту ҳам кӯшиш кун, ман танҳо муваффақият мехоҳам.
Бо падарам хокро дар чаҳор сатилчаи пластмассагӣ рехтем ва дар яке аз онҳо як дона донаки зардолу гузошта рӯпӯш кардем.
- Донак бояд як маротиба ях бандад, - гуфт падарам, - вагарна намесабзад.
- Ба яхдон гузорем?
- Кӯча ҳама ях бастааст, дар ягон кунҷ пинҳон карда биё.
Ба кӯча баромада барои сатилча ҷой ҷустам ва ниҳоят байни се шохаи дарахт мустаҳкам карда баргаштам. Ҷое, ки хок меистод, аллакай рӯбучин шудааст. Дар миз савғотиҳоро дар табақҳо ҷо дода мунтазири ман буданд. Дар як табақча мавиз буд, тухмашро ҷудо карда дар кафам ҷамъ намудам.
- Ту мехоҳӣ, ки ангур шинонӣ? - хандид падарам.
- Албатта.
- Хайр, таҷриба карда бин...
Пас аз тановул падару модарам ба ҳуҷраи худ гузаштанд, Хубону Робия ба ҳуҷраи Робия.
- Ту ҳам монда шудагистӣ, камтар истироҳат кун, - гуфтам ба Хубон.
- Не, монда нашудаам.
"Як ҳафта мунтазират будам"
"Фурсати мунтазирӣ надоштед"
Хубон албатта аз ҳодисаи бо ману Надяву Женя рухдода огоҳ аст, наход аз ман ранҷида бошад? Нақл кардан фоида надорад. Боз хубии кор дар он, ки наздаш ҳисобот намедиҳам.
"Наранҷидаам, осуда бошед. Бо Робия сӯҳбати духтарона дорем"
Ҳамсарам баргаштаву боз танҳо дар ҳуҷра мондам.
"Ту маро пазмон нашудаӣ" - худро ранҷида вонамуд кардам, ҳарчанд медонистам, ки Хубон аз қаъри дилам огоҳ аст. Рӯболо дар ҷойгаҳ ёзидам, то даме истироҳат кунам ва ба сӯҳбати духтарон халал нарасонам.
Аҷиб, миёни ману Хубон ягон асрор ниҳон намемонад, ягон савол ҳам пайдо намешавад, аз ҳама чиз ҳарду огаҳем. Аққалан дар назди модарам аз аҳволи волидонаш напурсидам, аз рӯи одоб нашуд.
Аз бекорӣ компютерро ба кор андохтам, дидам, ки Олег сурати духтареро фиристодааст. "Баҳо деҳ" - навиштааст дар зераш.
Ҷавоб навиштам:
"Духтар дузд аст!"
Дарҳол хабар расид:
"Ҳазл мекунӣ?"
"Дилатро бурдааст ва ту хабар надорӣ"
"Хабар дорам. Пагоҳ ба вохӯрӣ даъват кардам ва дар ҳаяҷон ҳастам. Метавонам бо ӯ хушбахт бошам?"
"Ояндабин нестам, аммо гуфта метавонам, ки асоси устувории оила - муҳаббат ва боварист!"
"Аз натиҷаи вохӯрӣ туро огоҳ месозам"
"Зарурате надорад"
"Бо чӣ кор машғулӣ?"
"Бо ту дар мукотиба ҳастам"
Олег сурати мардеро фиристод, ки дар дохили лифт мехобад.
"Андешаҳоятро навис"
Мард бо як китф ба девораи лифт такя карда мехобид, чунин ба назар мерасид, ки нишоне аз ҳаёт надорад. Ба одами бехона шабоҳат надошт, аз либоси танаш муайян кардан мушкил набуд, ки меҳмони касе будааст. Бо нимтана дар ҳавои сард аз берун намеояд.
"Ӯро бо роҳи буғӣ кардан куштаанд ва меҳмони бонуе буд" - навиштам.
"Бонуро аз куҷо ёбем?"
"Лифт камераи назоратӣ надорад?"
"Медошт - ба ту муроҷиат намекардам"
"Даромадгоҳи бино-чӣ?"
"Дорад. Мо аллакай ҳамаашро омӯхтем. Ӯ бегоҳ соати 18:13 коди дарро чида вориди бино гаштааст, соати маргаш тақрибан аз 22:00 то 23:00"
"Сабти даромадгоҳро фирист, аздусар дигар машғулият надорам"
Дар як лаҳза сабти фишурдагашта расид. Наворро боздошта-боздошта аввал ба симои мард дида дӯхтам, тақрибан чил-чилу панҷ сол дошт ва ҳушёр буд. Ӯ савори мошин омадааст, инро аз либоси тунуки зимистонааш муайян кардам. Сабтро қафотар гардонидам, то бубинам, ки ӯ бо такси омадааст ё мошини шахсияш. Такси мебоист дар назди даромадгоҳ қарор гирад, маълум шуд, ки бо мошини худаш омадааст.
"Шахсияти мардро муайян кардед?" - пурсидам аз Олег.
"Кардем, қотилро меҷӯем"
Тамошои идомаи сабт то нисфи шаб маъно надошт, бинобар наворро пас аз соати 00:00 гузоштам. Соати 02:19 марде аз хона берун омад, ки дар даст халта дошт ва пас аз сиву шаш дақиқа бо дасти холӣ баргашта омад. Дар ин вақти шаб касе партовашро берун намебарорад, сиву шаш дақиқа ӯ дар куҷо буд? Либоси "меҳмон"-ро на дар партовгоҳи худаш, балки дуртар бурдааст. Хеле дур..
Тақрибан ҳаждаҳ дақиқа бо шитоб - се километр. Ҳар субҳ то кафидани чашми рӯз партовҳоро мошинҳои махсус мекашонанд, бинобар ҷустани либоси марди фавтида низ маъно надорад. Сурати мардро нигоҳ дошта омӯхтам. Аён гардид, ки ӯ низ бошандаи ин бино нест, пас меҳмони як бону ду нафар будаанд. То субҳ бо хонумаш монда, сипас биноро тарк кардааст.
"Бино чанд ҳуҷра дорад?" - навиштам ба Олег.
"104"
"104 дари гумонбар?"
"52, бино ду подъезд дорад, лекин ҳар ҳуҷра зани ҷавон надорад"
Хаёлам банди Хубон, фикрамро сарҷамъ оварда наметавонистам.
"Пагоҳ идома медиҳем, имрӯз монда шудам" - навиштам.
"Истироҳати хуш!"
Дар ҷойгаҳ ёзида чашмонамро пӯшидам, то ҳодисаи бо мард рухдода пеши назар ояд.
Зан сурати худро дар шабакаи шиносоӣ гузоштааст ва бо ду мард дар як вақт мукотиба доштааст. Ҳарду мард тасодуфан дар як рӯз ба вохӯрӣ меоянд ва муноқиша мекунанд. Пас, сурати занро аз телефони марди фавтида дарёфт кардан имкон дорад.
Ба Олег занг задам ва хулосаамро баён сохтам.
- Мо телефонашро дарёфт накардем.
- Шахсияташ маълум, рақамашро аз ширкатҳои мобилӣ дарёфт кардан имкон дорад.
- Ӯ шояд аз рақами корпоративӣ истифода мебурд, дар номи худаш аз ягон ширкат рақам надорад. Гиреҳи муаммо то анҷоми сол бояд кушода гардад, вагарна аҳволамон хароб. Бисту чор ҷинояти нокушода дорем.
- Рӯйхати шабакаҳои шиносоиро дорӣ?
- Дорам. Онҳо ниҳоят бисёр.
- Фирист, ҳамаро аз назар мегузаронам.
Вориди шабакаҳо гашта расми занону духтаронро аз як сар аз назар мегузаронидам, ки Хубон омад.
- Монда набошед, - гуфта хандид.
- Арӯси нав меҷӯям, - ҳазл кардам ман.
- Мо ҳамроҳи Робия ба мағоза рафтанӣ, яхдон холӣ, пул доред?
- Киса ҳам холӣ, - гуфтам, - чӣ лозим аз мағоза?
- Бисёр чизҳо, бегоҳ манту пухтанӣ, барои наҳорӣ чизе надорем.
Ба Олег занг задам.
- То маош камтар кӯмак кун, - хоҳиш кардам ӯро.
- Рома? Ин туӣ?
- Боз кӣ мешуд?
- Бо ин қадар истеъдод қарз мепурсӣ?
- Пул дорӣ ё не?
- Дорам албатта, корти бонкиат дар ҳамин рақам?
- Бале.
Кортро гирифта дар дасти Хубон додам:
- То расиданатон ба мағоза пулдор мешавад, - гуфтам.
- То мо омода мешавем, рӯз бегоҳ мешавад, - хандид Хубон.
Аз лабаш як бӯса гирифта гуфтам:
- Инаш пешмузд, маош пас аз манту мешавад.
Хубон нарм дар рӯям шаппотича зада аз ҳуҷра берун шуд. Ман бошам ба сари компютер баргашта сурати занону духтаронро аз назар гузаронидам. Аз чанд шабака расми се нафарро ҳамчун гумонбар ҷудо карда як сӯ гузоштам. Ҳарсе ба ҳамдигар чунон монанд, ки кам фарқият доштанд. Яке Сюзанна, дигаре Анжелла ва сеюмӣ худро Мариана ном гузоштааст. Табиист, ки номҳо тахайюлӣ ҳастанд ва дилам гувоҳӣ медод, ки ҳарсе як нафаранд ва дар се шабака бо исми гуногун номнавис шудаанд. Ҳарсе суратро ба Олег фиристодам.
"Ба Анжелла занг зан, ман ба Сюзанна занг мезанам"
"Ҳарсе як нафаранд?"
"Тахмин меравад, вохӯриро дар ягон қаҳвахона ба нақша гиред. Аз эҳтимол дур нест, ки ӯ ҳуҷраеро низ ба иҷора мегирад"
"Занг мезанам ва аз натиҷааш огоҳ мекунам"
"Мунтазир мешавам"
Ба рақами дар эълон овардашуда занг задам, ки зане бардошт.
- Хизматрасонии шиносоӣ шуморо мешунавад, номи ман Ева, шуморо бо майли том мешунавам.
Маълум шуд, ки робот ҳарф мезанад.
- Мехоҳам бо Сюзанна шинос шавам.
- Шумо бо духтарони мо нав шинос мешавед ё пештар низ ошно будед?
- Нав шинос мешавам.
- Аз шартҳои мо шинос ҳастед? Агар "ҳа" рақами якро пахш кунед ва агар "не" сифрро.
Якро пахш кардам.
- Арзиши сӯҳбат вобаста ба синну соли духтарон гуногун аст, шумо ягон духтари моро интихоб кардед?
- Кардам, Сюзанна...
- Рақами Сюзанна алҳол дастнорас аст, шумо метавонед мунтазир шавед ё дертар занг занед. Мо боз бисёр духтароне, дорем, ки ба шумо албатта писанд меоянд.
- Ман картошка интихоб намекунам, - гуфтам телефонро хомӯш карда. Медонистам, ки дақиқаи гуфтугӯ гарон аст ва Олег ҳам бисёр ҳарф намезанад. Лаҳзае гузашту Олег занг зад.
- Ба қаҳвахона розӣ нашуд, - гуфт ӯ, - хонаи истиқоматиашро пешниҳод кард.
- Хона аз ӯ нест, барои як рӯз аз ҳар гӯша иҷора мегирад.
- Ту занг задӣ?
- Баробари ту, донистам, ки ҳамроҳат гуфтугӯ дорад.
- Мо ӯро бо кадом ҷурм гунаҳкор карда метавонем? Пагоҳ мегӯяд, ки аз ҳодиса хабар надорад. Мукотибаашро бо марди фавтида аллакайҳо тоза кардааст. Инҳо ошиқони якрӯза ҳастанд, пагоҳ на маро мешиносанд на туро.
- Нашиносанд боз беҳтар, ӯро ба шӯъба баред, ман шоҳид мешавам. Мегӯям, ки рӯзи хонаи ҳамсояро ба иҷора гирифтанаш хушдораш мардро бардошта то лифт бурд. Ӯро дар ҳамкорӣ бо қотил ва рӯпӯш кардани ҷиноят гунаҳкор мекунанд.
- Аммо чаро марди бегуноҳро куштанд?
- Аз ҳарду яке бо зан дер боз ошност. Эълонро хондӣ, "бо мақсади барпо сохтани оила", аммо дар асл мардонро гумроҳ месозанд, то имконият доранд, аз мардҳо маблағ мерӯёнанд. Марди фавтида бо зан муноқиша кардааст ва қотил занро ҳимоя. Дар асл куштани мардро касе дар нақша надошт.
- Медонӣ, марди фавтида зан ва як кӯдак дошт, чӣ ӯро маҷбур сохт, ки назди фоҳиша равад?
- Дар муносибат фоҳиша нисбат ба ҳамсар хушсухану хушмуомила ва серноз мешавад.
- Таҷриба дорӣ ба фикрам, ман, ки то ҳол оила надорам, намедонам.
- Вохӯрӣ кай?
- Пагоҳ, рӯзи якшанбе. Худро тоҷир муаррифӣ кардам.
- Албатта, муаллим мегуфтӣ ба вохӯрӣ намеомад. Бо як духтар ҳам вохӯрӣ доштӣ, вай чӣ мешавад?
- Агар нақшаҳо амалӣ шаванд, туро рӯзи душанбе ҳамчун шоҳид даъват кунем? Духтари дӯстдоштаамро мефаҳмонам, вохӯриро ба дигар рӯз мавқуф мегузорем. Дар куҷо ва дар кадом вазифа кор карданамро медонад.
- Бо ин аҳвол солҳои наздик ҷуфти худро намеёбӣ... Метавонам танҳо пас аз анҷоми кор рафта, вале дер мешавад. Бо занги видеоӣ метавонам шоҳидӣ карда?
- Инашро шеф медонад.
- Хуб, ба корҳоят муваффақият, фирефта нашав.
(поёни қисми 24)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Акаи Юлчи аз Роби халос шудем, дар Рома задем