Пайғамбари Худо (с) ба суханони қабеҳ, таҳқир ва муносибати дурушти дигарон бо нармӣ посух медод. Ҳеҷ кас дар ҳузури Пайғамбари Худо (с) нисбати худ дуруштӣ ва ё муносибати беэҳтиромонае надидааст ва аз забони ӯ (с) суханони дилхарош ва ё нороҳаткунанда чорӣ ё зоҳир нашудааст. Ӯ (с) касеро ҳатто бо имою ишора паст назадааст.
Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки беҳтарини шумо ҳамонест, ки ахлоқи наку дошта бошад. Мувофики ҳадиси набавӣ бо бародари худ муносибати хуб доштан кори хайр ба шумор меравад ва ҳар кори хайр садақа аст. Боре Пайғамбари Худо (с) бо асҳоб дар хусуси қасрҳои Биҳишт сухан ба миён овард, ки аз дохил берунашон ва аз берун дохилашон намоён аст. Бодиянишине ин суханонро шунида, пурсид, ки он қасрҳо ба кӣ тааллуқ хоҳанд дошт? Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки онҳо моли касоне хоҳанд буд, ки хушсухан ва латифанд.
Модари муъминон ҳазрати Оиша (ра) чунин ривоят мекунанд: Рӯзе Пайғамбари Худо (с) ба ҳуҷраи ман даромада, ру ба ҷониби қибла нишастанд ва даст ба дуо бардошта, гуфтанд: «Худоё! Ман як инсонам, агар касе аз бандагонатро ранҷонида бошам, маро бубахш».
Аз Анас ибни Молик (р), ки хидматгори Паёмбари Худо (с) буд, ривоят аст, ки гуфт: «Ба Пайғамбари Худо (с) даҳ сол хидмат намудам ва боре ҳам надидам, ки изҳори ранҷидагӣ карда бошад. Ӯ барои ҳеҷ кори анҷом додаам, «Чаро чунин кардӣ» ва барои ҳеҷ кори анҷом надодаам, «Чаро чунин накардӣ» намегуфт, зеро хушақлоктарини инсонҳо буд».
📒 АХЛОҚИ НАКУ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев