Пиёдагардӣ мушакҳои тамоми баданро мустаҳкам намуда, буғумҳо, устухонҳо ва сутунмуҳраро дар ҳолати хуб нигоҳ медорад. Кори системаи нафаскашӣ ва фишори хунро муътадил карда, сатҳи қанди хунро паст мекунад. Пайдоиши вазни барзиёдро пешгирӣ ва ба диабети қанд муқовимат мекунад.
Роҳ рафтан руҳияи инсонро беҳтар карда, дар мубориза бо асабоният ва изтироб кумак мерасонад. Бо суръати миёна роҳ рафтан фаъолияти дил ва шушҳо инкишоф меёбанд. Олимон исбот кардаанд ҳар қадаре, ки одамон пиёда гарданд, сатҳи фавтновобаста аз синну сол ҳамон қадар паст мешавад.
Роҳравии мунтазам шахсро аз бемориҳои музмин эмин медорад. Бо пиёдагардӣ фишори хун 11 фоиз ва хатари сактаи майнаи сар то 20 - 40 % кам мегардад. 30 дақиқаи роҳравӣ хатари бемории дилу рагҳоро дар як рӯз то 30 % кам менамояд.
Табибон ва коршиносон тавсия медиҳанд, ки ба ҳисоби миёна ҳар як нафари калонсол барои нигаҳдории тарзи ҳаёти солим дар як рӯз тақрибанто 10 000 қадам бояд гузоранд.
Рӯзе1 - 2 бор дар як рӯз, беҳтараш пас аз хоб ва пеш аз қабули ғизо пиёда роҳ равед. Масофаро тадриҷан метавонед зиёд кунед ва вобаста ба ҳолати ҷисмонии хеш ҳар рӯз 20 то 100 метр илова кунед. Дар фасли тобистон, хосса рӯзҳои гарм аз пиёдаравӣ худдорӣ намоед.
Аз даст додани вазни зиёдатӣ бо пиёдагардї воқеӣ ва бехатар аст, аммо он каме вақти бештарро дар бар мегирад. Дар якҷоягӣ бо машқҳои ҷисмонӣ ва ғизои дуруст натиҷа пас аз ду моҳ намоён мегардад.
Кормандони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бар асоси пажӯҳишҳои зиёд ҳисоб кардаанд, ки 6 километр ё 10 000 қадам гаштугузори ҳаррӯза барои пешгирӣ аз густариши як қатор бемориҳо мусоидат мекунад. Ба инҳо на танҳо остеопороз, диабети қанд, гипертония, балки кардиомиопатия ва баъзе намудҳои саратон низ дохил мешаванд.
Дар вақти фаъолияти ҷисмонӣ, аз ҷумла роҳ гаштан дил босуръат тапида, оксиген ба бадан бештар ворид мегардад. Гардиши хун бењтар шуда, имкон медиҳад, ки маводи ғизоӣ ва оксиген ба майнаи сар интиқол дода шаванд. Сатҳи баланди оксиген дар мағзи сар фаъолияти маърифатӣ ва хотираро беҳтар менамояд. Ҳамчунин, пиёдагардӣ барои дар хотир нигоҳ доштани иттилоот бештар кумак мерасонад.
Таҳияи Мадина
"Бонувони Тоҷикистон"
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев