Қисми 16.
Ҳоло аз назорати гумрук гузашта, мунтазири парвоз нишастаанд. Аниқ ҳарду гурусна, дар пеш панҷ соати парвоз ва чор соати дигари ҳаракат дар роҳ...
Хуррам бевақту соат ҷавонмарг шуд. Ёфт фурсаташро... Корҳое, ки ақл намегирад. Гоҳо дар ҷойгаҳ мурдан ҳам орзуст.
Бенишон, бенасл ва бе хотираи хуб дунёро тарк кард ҷавон. Ҳарчанд имконияти фаровон дошт, натавонист истифода карда. Доғи дили волидон мемонад то даме, ки онҳо зинда ҳастанд...
Чунон сахт хобам бурдааст, ки аз тақ-тақи кӯфта шудани дари ҳуҷра бедор шудам.
- Ака, ман меравам, - мегуфт Робия.
- Ба куҷо?
- Ба Воронеж, боз ба куҷо мешуд?
- Як лаҳза, - бархоста дарро кушодам, - соат чанд шуд?
- Нӯҳ.
- Хеле хобидам-чӣ? Гуселонам?
- Раҳгум мезанам? - Робия хандид, - беш аз як сол равуо дорам.
- Наҳорӣ кардӣ?
- Албатта.
- Хуб, худро эҳтиёт кун, нағз хон!
Робияро то дар гуселонидам. Падарам ҳанӯз мехобид магар, ки ором буд. Не, ӯ наметавонист бо ин қадар муаммо фароғат карда. Дар даромадгоҳ, дар либосовезак либоси гарми кӯчагиаш набуд. Пас ӯ аллакай рафтааст. Дари ҳуҷраашро нимво карда нигаристам. Ҷойгаҳаш парешон ва худаш нест. Ба Робия занг задам.
- Падарам рафтанд? - пурсидам аз ӯ.
- Хеле барвақт, - гуфт Робия, - ягон кор доштед?
- Не, ҳамроҳ наҳорӣ мекардем.
Ришу бурутамро покиза тарошида ба ошхона гузаштам. Робия наҳорӣ карда рӯи нону кулчаро бо қисми дастурхон пӯшонидааст. Айёми муҷаррад буданам гоҳ-гоҳ чунин ҳолат рух медод, аммо имрӯз худро танҳо эҳсос кардам. Аз гулӯъ танҳо қаҳва гузашт.
Хубон ҳам ба зодгоҳаш расидааст, волидонаш дар изтироб, меҳмоннавозиву меҳмондорӣ дар пасманзар мондааст. Модарамро дар хона гузошта, Хубон танҳо лаби дарё меравад. Аз ғайб задани Хуррам ҳанӯз касеро огоҳ накардаанд.
"Чаро танҳо баромадӣ?"
"Деҳаи худам, ҳар кӯчаву паскӯча, ҳар сангу сангрезаро медонам"
Дар ҳақиқат қуллаҳои осмонбӯс, тора-тора абрҳои сафед аз боло ба Хубон менигаранд. Туғёни об намегузорад, ки фикри Хубонро пурра дарк карда тавонам.
"Поёнтар, миёни ду санг либоси Хуррам хобидааст"
"Тахмин муайян мекунам"
Хубон либоси бародарашро дарёфта гирист, беовозу дарднок гирист.
"Ба хона баргард ва ба пулис занг зан"
Аммо ӯ ба дарё менигарад, дарёро гунаҳкор кардан мехоҳад. Дар рӯи санге нишаста ҳанӯз гиря дорад. Санги сард мисли яхи дар каф нигоҳдошта об мешавад. На аз ҳарорати тани ӯ, балки аз андӯҳ. Санг ба Хубон гуфтанист:
- Натавонистам бародаратро монеъ шавам, ҳама шоҳид, ҳама сангҳои ду тарафи соҳил шоҳид.
Хубон каме ором шуда, либоси бародар зери бағал ба хона баргашт. Чанд роҳгузарро вохӯрд, аммо нашинохт. Онҳо ҳам ӯро нашинохтанд. Пештар чӣ гуна сурат дошт, ки симояш куллан тағйир ёфта бошад?
Аз ҳавлӣ фиғони ду нафар - Хубон ва модараш баланд шуда ба қуллаҳо дакка хӯрд, қуллаҳо низ ба модару Хубон ҳамовоз шуданд. Падар хомӯш мегирист, дар назди қуллаҳо мешармид.
Қуллаҳо таи ҳазорсолаҳо шоҳиди тавлиду марг буданд, беҳаракат аз баландиҳо мардумро назора доранд...
Аввал ҳамсояҳо, сипас чанд тан марди либоси низомипӯш дар ҳавлӣ ҷамъ омаданд.
"Дар ҷустуҷӯйи бародарат ҳамроҳ нашав. Ҷисми ӯ ниҳоят дур, ҷое, ки суръати об суст гаштааст, мехобад"
"Ман ҳам чунин тахмин дорам"
"Чархаи начандон бузург ва кӯпрук"
"Медонам"
Бо вуҷуди маълум будани мавқеъ, ҷисми беҷон ва шахшудаи Хуррам ниҳоят дер ба даст омад. Ӯро на ба ҳавлӣ, балки ба маркази ноҳия барои ташхис бурданд...
Дари хона кушода шуду падарам ворид шуд. Пояшро дар фарш кӯфта либоси гармашро дар даромадгоҳ овехт.
- Барфи бисёр меборад, - гуфта наздам омад, - ба модарат занг задӣ?
- Бо Хубон алоқа доштам, бародарашро ба ташхис бурдаанд.
- Аҳмақ, фикри волидонашро накард. Фироқи фарзанд бузургтарин зарба ба саломатии волидон аст.
- Дар шумо чӣ гуна хабарҳо?
- Володяро бо пул таъмин кардаанд, то ришваро диҳад.
- Ҷои вохӯрӣ чанд бор иваз мешавад.
- Иваз намешавад, соати вохӯрӣ маълум ва дар худи клиника, дар утоқи кориаш.
- Имрӯз дар клиника рӯзи истироҳат нест?
- Ҳам ба ришвадеҳ ва ҳам ба порахур шоҳид лозим нест. "Муфаттиш" худаш мавзеъ ва вақтро интихоб кардааст.
- "Муфаттиш" таҷриба дорад, худаш иштирок намекунад.
- Албатта.
- Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз ҳамон зани шиквакарда шарики "муфаттиш" аст.
- Шояд...
Падарам ба ҳуҷрааш рафта тағйири либос карда омад.
- Рӯз бегоҳ мешавад, чӣ хӯрок мепазем?
- Намедонам, модарамро беҳуда гусел кардем.
- Хӯрок пухтанро омӯз, мегардӣ дастнигари занҳо шуда?
Падарам дар лаълӣ чанд дона пиёз ва картошкаро оварда дар наздам гузошт.
- Канӣ, як ҳунаратро нишон деҳ.
- Ман? Хубон гуфт, ки пӯсти сабзавотро ғафс мегирам ва исроф мекунам.
- Меомӯзӣ, - падарам кордро дар дастам дод.
Картошкаро эҳтиёткорона пӯст даридам. Падарамро аз кори ман ханда гирифт.
- Ту кордро фарқ карда метавонӣ?
- Чаппа доштам? Корд ниҳоят кунд.
- Ин корди маска, намебинӣ?
Падарам корди дигари дастааш чӯбиро гирифт.
- Нигар ва омӯз, ҳангоми набудани ҳамсарат аз гуруснагӣ намур, - гуфта ба тоза кардани картошка оғоз кард. Бо як даст картошкаро тоб медод ва теғ онро ба як андоза аз пӯст ҷудо мекард. Дар як лаҳза картошка мисли тухми пӯстканда шуд.
- Идома деҳ, - гуфту кордро дар наздам гузошт.
Ман албатта натавонистам мисли падар картошкаро суфта тоза кунам, аз ман кунҷдор ва дағал шуд.
Пас аз оне, ки картошкаҳои ҷудошударо аз пӯсташон ҷудо кардам, падарам тарозучаи хурдакаке, ки маҳз барои ошхона пешбинӣ гаштааст, дар наздам гузошт.
- Пӯсти ҷудошударо баркаш, - гуфт ӯ.
Баркашидам, яксаду сиву шаш грамм баромад.
- Яксаду сиву шаш грамм ба партов меравад? - пурсид падарам.
- Боз ба куҷо мешуд?
- Хубонро дуруст фаҳмидӣ? Аз грамм тонна мешавад, аз чакра баҳр. Яксаду сиву шаш граме, ки бо пул харидӣ, ба партов меравад, дар як ҳафта - як килограмм. Дирӯз дар як барнома марде нақл кард, ки дар коргоҳи коркарди партов заҳмат мекашад. Аз пасмондаҳои зери шишаи равған барои таҷриба наздик ба чорсад литр равған дар як сол ҷамъ овардааст. Тасаввур мекунӣ?
- Онро истеъмол мекунад?
- Инашро нагуфт, лекин иқрор шуд, ки кор дар коргоҳаш басанда аст. Солона садҳо тонна коғаз, металлҳои ранга ва ғайраҳоро ба даст меоранд, ки ба кормандон маоши иловагӣ мешавад.
- Агар имкон медоштем, мо низ пӯсти картошкаву пиёзро ҷое захира мекардем, мегӯянд, ки дар замин ҳамчун пору истифода мешавад.
- Ҳама чизи пӯсанда - поруст. Ту ҳанӯз дар фикри сохтани гармхона ҳастӣ?
- Торафт ҳафсалаам пир мешавад, намедонам бо ин аҳвол кай ба муродам мерасам?
- Ғам нахур, ман ба ту кӯмак мекунам. Гармхона ҳам месозӣ ва барномаатро низ истифода мебарӣ. Лекин то он дам як чизро дар шароити хона таҷриба кун.
- Чиро?
- Биологияро медонӣ, аз ягон ҷо ним сатил хоки тоза дастрас кун, хушкон ва бехта дар ягон зарф гир. Дар ҳарорат ва рутубати мӯътадил то баҳор нигоҳ дор. Агар ягон сабза насабзад, пас барномаи ту амалӣ мешавад.
- Тухмашро накорам, аз куҷо месабзад?
- Ту гуфтаи маро иҷро кун, суолу ҷавоб дертар.
Падарам зери дег оташ гиронд, равған, гӯшт, пиёзу сабзӣ ва картошка, томати помидор, намак ва карамро якҷоя дар дег ҷо карда даҳонашро пӯшид. Оташи зери дег ба андозаи мош месӯхт.
- Мо хӯрокро барои саҳар омода мекунем? - пурсидам аз падарам.
- Барои бегоҳ, пас аз се соат тановул мекунем. Гурусна ҳастӣ?
- Ман ҳоло наҳорӣ ҳам накардаам.
- Гуруснагӣ фоида дорад, - гуфта падарам ба ҳуҷраи худ рафт.
Инак, бештар аз як шабонарӯз мешавад, ки ману Хубон аз ҳамдигар дурем. Чӣ гуна қувваи ҷозиба дорад ин духтар, ки наметавонам ягон лаҳза худро бе ӯ ҳатто тасаввур кунам. Оё пас аз бештар аз як соли хонадорӣ нав ошиқ шуда бошам? То ин дам меҳри ягон духтарро дар дил напарварида будам, гумон надоштам, ки ошиқӣ низ ранҷу азобҳо дорад.
"Аҳволат чӣ тавр?" - мепурсам аз Хубон.
"Як навъ".
"Худро эҳтиёт кун, танҳо ба хотири волидонат ва кӯдаки батнат".
"Ҳоли модарамро дида месӯзам".
"Дар мо барф меборад".
"Ман ҳароратро эҳсос намекунам".
"Пазмон шудам".
"Маро эҳсосот пурра тарк кардааст, на тамъро мефаҳмам на бӯйро".
Хубон нагуфт, ки маро пазмон шудааст, аммо ӯро хуб дарк кардам: "фурсати баёни муносибатҳо нест".
Телевизори дар ошхонабударо гиро кардам ва садояшро пасттар гузоштам, то истироҳати падарам халалдор нагардад.
Дар экран симои ба Володя монанд қабзаи пулро ба зане медод. Зан пулро дар сумкачааш ҷо карда, хост утоқро тарк кунад, аммо ин дам чанд нафар мардони мусаллаҳи ниқобпӯш ба утоқ даромаданд ва хоҳиш карданд, ки касе аз ҷояш наҷумбад.
Аҷабо, чӣ гуна ҳодисае, ки аллакай ба навор гирифтаанд. Ҳама муфтхору ришваситон шуд магар? Шабакаи дигарро пайвастам, давоми ҳодисаро аз ин шабака низ намоиш медоданд. Володяро шинохтам, аниқ ӯ буд. Чӣ тавр ва кӣ воқеаро ба навор гирифт?
Дари падарамро ба ангушт задам, то ӯ низ Володяро бубинад.
- Володяро намоиш медиҳанд, - гуфтам дарро кушода.
Дидам, ки падарам низ дар ҷогаҳаш ёзида телевизор тамошо дорад.
- Володяро?
Дидам, ки телевизори ҳуҷраи падарам кадом як барномаи ҳаҷвиро намоиш медиҳад. Ба телевизори ошхона нигаристам, ки аллакай кадоме аз боби чизе ҳарф мезанад.
- Володяро чӣ гуфтӣ? - пурсид падарам.
- Ришвахор ба даст афтод ва амалиёт анҷом ёфт. Барномаи мустақим буд, намоиш доданд.
Падарам телефонашро аз рӯи миз гирифта рақам чид ва ба гӯш бурд. Аммо ҷавоб надоданд, "муштарӣ дастнорас аст" - маълумот доданд.
- Телефони Володя хомӯш шудааст, ин талаботи ришваситон - "муфаттиш". Ӯ пулро ба як зан дод.
Падарам шитобон назди баромадгоҳ рафт, аввал кулоҳашро пӯшид, сипас ниммӯзаашро.
- Шумо ба куҷо?
- Соати расо ҳафт оташи зери дегро хомӯш кун, агар дер кунам, хӯрокатро хӯрда истироҳат намо.
- Шумо ба куҷо? - саволамро такрор кардам ман.
- Назди Володя, - гуфта либоси гармашро дар китфаш гузошт ва ҳамоно шитобон аз дар берун шуд.
Дертар фаҳмидам, ки ҳодисаи бо Володя рухдодаро танҳо ман аз телевизор тамошо кардаам. Падарам тез баргашт, маълум шуд, ки телефонашро дар хона фаромӯш кардааст.
- Дар клиника касе нест, - гуфт падарам, - воқеаро аз посбон шунида омадам.
- Шумо дар клиника будед?
- Ту гуфтӣ, ки Володяро нишон доданд, посбон мегӯяд, ки журналистон набуданд.
- Шиносам Олег лаҳзаи дастгиршавиро дар сари ҷиноят мустақим нишон дода буд. Ман аз телефон дидам... - гуфтам забон хоида.
- Канӣ, ман ҳам бинам?
Падарам қарор надошт.
- Мустақим нишон дод, сабташро надорам.
- Шитоб доштам, телефонро фаромӯш кардаам. Посбон гуфт, ки ҳамаро ба вилоят бурданд. Посбонамон корманди собиқи пулис, аз ҳама чиз бохабар.
Падарам чанд маротиба кӯшиши ба Володя занг заданро кард, аммо бенатиҷа.
- Метарсам, ки Володяро ҳам бурда маҳкам накунанд, - гуфт падарам, - порадодаву порагир як хел ҷазо мегиранд.
- Агар бо маслиҳати прокуратура амалиёт иҷро гардад, бо навиштани як баёнот ӯро раҳо мекунанд... Чаро то ҳол ӯро Володя ном мебаред, Владимир не? Оё ӯ намеранҷад? - хостам диққати падарамро дигар тараф барам.
- Ба Олег занг зан, аз аҳволи Володя пурс.
- Вай ман барин барномасоз, дар пурсуҷӯ иштирок намекунад. Володя кӯдак нест-ку, баромада дарҳол ба шумо занг мезанад.
- Барои кӯдак набуданаш метарсам, ӯ ҳаштоду ду сол дорад... Мушкил аст як маротиба занг задан?
(поёни қисми 16)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев