Дустони самимиву бехтаринам.
Дустатон дорам.Доимо сихатманд бошед.Имруз беихтиёр андеша кардам.
Одами хуб хамеша ба дил наздик аст:хох хешу табор бошад ва хох бегона.Хамин тавр не ?
Хангоми дар ТВТ фаьолият доштанам,муовини раиси кумитаи Радио ва Телевизион Акаи Амирхони Ахмадхон буданд.(равонашон шод бод)
Инсоне,ки бо гуфтор,рафтор,одамгариашон аз бисёр рохбарони хамонвактаи ин даргох фаркияти калон доштанд.
Худаш,ки журналисти босаводу чахонбиниаш васеь буд,журналистони асилро дарк мекарду дастгирии бегаразона мекард.
Чунин инсонхо бахусус байни вазифадорони калаашон пуч хеле кам аст.Касоне уро мешинохтанду мактаби рахматиро омухтаанд,ин гапхои маро тасдик хоханд кард.
Оилаашон хам бисер инсони мехмондусту ширинзабон буданд.
Акаи Амирхон (равонашон шод бод)боре маро барои як мусохибаам аз як мансабдори бесааод (изои мумин харом,ному насабашро ин чо намеорам,чунки ин нафар хам чанде пеш вафот кардаанд) сахт чанг кард.Хатто ручкаи дасташро як тараф партофта бо кахр гуфт:ин мусохиба дар Ахбор гузошта намешавад.Мардуми одди агар гуфтори сохтаи ин одамро бубинанд,вой бар холи журналистикаву телевизион мешавад. Гап як бор маьни дорад,фахмидед ?
Гуфтам,хо ва худам вичдонам азоб дод,ки аз ин одами аз фархангу маданият хазорон бор дур интервью гирифтам.
Оре акаи Амирхон як умр халол зиндаги кард ва бо номи нек аз хаёт гузашт.
Афсус,ки чунин одамони хуб каманд.
Равонатон шод бод,устоди азиз.
Чоятон Чаннати човидон бод.
Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев