Қисми 10.
Ҳамроҳ то баромадгоҳ расидем, посбон сумкаҳои ҳамаро аз назар мегузаронд, навбати Хубон расид. Хубон даҳони сумкаашро во карда ба посбон нишон дод. Посбон сумкаро ба даст гирифту бовар ҳосил кард, ки холист, ба ман рӯ овард.
- Сумкаат канӣ?
- Ман сумка надорам, - гуфтам.
- Дар канор истед, ман дигаронро гуселонам, - гуфт посбон кунҷеро ишора карда.
- Мо фурсат надорем, - гуфтам.
Аммо посбон гӯё маро нашунид. Аз дасти Хубон гирифта гуфтам:
- Рафтем.
- Ба куҷо? - пурсид посбон, - Ман шуморо ҳанӯз иҷозат надодаам.
- Кистӣ ту, ки иҷозатамон диҳӣ?
- Ман шуморо пурра аз назар мегузаронам.
Ба сармуҳандис занг задам:
- Посбонро фаҳмонед, мо чизе надорем, сониян аз пагоҳ ин шахсиятро дигар дар коргоҳ набинам.
Лаҳзае нагузашта телефони посбон занг зад. Посбон "хуб" гуфту моро ишора кард, ки биноро тарк кунем.
То истгоҳ хеле роҳ буд, Хубон аз банди дастам гирифт.
- То кай пиёда мегардем? - пурсид ӯ.
- Гуфтам-ку, аз имтиҳон нагузаштам, - пас аз ду рӯз имтиҳонро такроран месупорам.
Ман худ хабар надоштам, ки ин гуна истеъдоди ғайриоддӣ кай дар ман пайдо шуд. Мудири лаборатория ва ҷавононро чӣ тавр аз паси девор дида тавонистам, чӣ гуна ният доштани сармуҳосибу сармуҳандисро дарк кардам? Аллакай медонам, ки онҳо ором намегиранд, ману Хубон дар коргоҳ санги калон дар роҳашон ҳастем.
- Ғам нахӯред, - гуфт Хубон, - боз як имтиҳони ҷиддӣ дар пеш дорем.
- Ту фикри маро хонда метавонӣ? - дар ҳайрат шудам ман.
- Дар ҳайратам, ки то ҳол эътибор надодаед, - хандид Хубон, - ману шумо як тану як ҷон ҳастем.
- Маро натарсон, - гуфтам ва маро низ ханда гирифт, - беҳуда нагуфтӣ, ки сумкаат ба ман зебид?
- Ман ҳазл кардам... Лекин дар мавриди кор - бовар доред, ки сарвар аз ҳама амалиётҳо огоҳ аст?
- Не.
- Ман ҳам бовар надорам.
- Сармуҳандис илоҷе карда курсии сарварро соҳиб шуданист, ӯ дар дил нақшаҳои сиёҳ дорад. Ӯ аввал ҳамаро тобеи худ месозад, сипас аз паи пешпо задани сарвар мешавад, дар ҳамкорӣ бо сармуҳосиб махсус маошро боло намебаранд ва кормандонро ба ҳоли худ гузоштаанд, то дуздӣ зиёд гардаду камомад беш. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки аз рӯйхати яксаду бисту ҳаштнафараи кормандон низ сарвар огоҳ нест, ҳангоми имзо ба ӯ дигар рӯйхатро пешниҳод мекунанд.
- Имзои сарварро худи сармуҳандис метавонад сохта, ҳуҷҷатҳое, ки сарвар имзо кардааст, баҳо надоранд. Синни сарвар ба нафақа наздик мешавад, ӯ кадри шӯравист ва дар боло ӯро ҳама эҳтиром мекунанд. Душманонаш аз он ҳарос доранд, ки пас аз нафақа низ ӯ сарвар мемонад.
- Дар фаъолияти кории худи ӯ камбуд нест, ӯ бовар дорад, ки кори коргоҳ хуб ва аз рӯи нақша аст. Дар ҳақиқат, расман дар фаъолияти коргоҳ камбудӣ надорем, андозро мепардозем, касе шиква аз маош надорад.
- Мансаби нав ба сармуҳандису дастааш чӣ медиҳад? Ягона тағйироти чашмрас - маошро қадре боло мебаранд ва кормандон қаноатманд мешаванд. Лекин мо бояд аз тақдири худ андеша кунем, роҳи мо ҳамвор нахоҳад буд.
Ба автобус савор шуда ба хона расидем, вале маслиҳатҳо идома ёфтанд.
- Хубон, шояд андешаҳои зиёд ба кӯдаки батнат зарар оварад? Ту худ ва фарзандамонро эҳтиёт кун, - гуфтам ба ҳамсарам, - Мо шояд тасодуфан ба ин давра афтидем, ба ҳар сурат ман бояд дар ҷустуҷӯйи ҷои дигари кор шавам?
- Гумон доред дар дигар ҷо шароит беҳтар аст? Фаромӯш кардед, ки одам низ ҳайвон аст? Чаро русҳо ҳайвонро "животное" меноманд? Аз калимаи "шикам" гирифта шудааст ва ҳамеша дар андешаи пур нигоҳ доштани он мебошад.
- "Жив" - яъне зистан, зинда будан ва зиндагиро идома додан аст.
- Бо шиками гурусна метавонед зиста? Камтар истироҳат кунед, ман хӯрок омода кунам, - гуфта Хубон ба ошхона гузашт.
Пухтани хӯрокро ман ҳам бояд омӯзам. Хубон рӯзона монда мешавад, ба по меистад, ман бошам дар утоқам мешинам. Борҳо медидам, ки дар пухтани хӯрок падарам ба модарам кӯмак мекард. Пас аз он, ки Хубон омад, модарам кам хӯрок мепухт. Нисбат ба мо дертар аз кор бармегашт ва Хубон низ намегузошт, ки даст ба кор занад. Танҳо рӯзҳои истироҳат модарам бо Хубон якҷоя самбӯса ё манту мепухтанд. Ману падарам дар ҳуҷраҳои худ интизори даъвати занон менишастем.
Падарам пас аз ба клиникаи Володя гузаштанаш хеле дер аз кор бармегашт, шӯхӣ мекард, ки мизоҷонаш аксар занон ҳастанд.
- Зани пажмурдагашта ба шумо муроҷиат мекунад, - гуфта модарам механдид.
Қарор додам ин бегоҳ дар омода кардани хӯрок ба Хубон кӯмак кунам. Бо ин мақсад ман низ ба ошхона гузаштам. Аз аввал бӯи пиёзро бад медидам, оби чашмро мешоронад. Хушбахтона Хубон аллакай пиёзро дар равған партофтааст. Дидам, ки дег гӯшт надорад ва гӯшти резашуда ҳанӯз дар болои миз меистад.
- Ин чӣ хел тартибот, ки аввал пиёзро дар равған андохтӣ? Магар аввал гӯштро намеандозанд?
- Ягон маротиба хӯрок пухта будед?
- Не, лекин медидам, ки модарам...
- Ҳар кас усули пухтани худро дорад, ё хӯрокҳои ман лазиз нестанд?
- Ширин албатта.
- Ширин бошад - хап кунед. Дӯст намедорам вақте, ки мард ба кори занон дахолат мекунанд.
- Ман кӯмаккунӣ омадам.
- Хомӯш буданатон худ кӯмак аст.
- Монда нашудӣ дар кор? Ҳашт соат рост ба по истодӣ.
- Не, - Хубон сабзиро пӯст тоза мекард, - метавонед сабзӣ реза карда?
- Меомӯзам.
Хубон корд ва сабзиро рӯи тахтача гузошт.
- Марҳамат!
- Инак, - гуфтам дастонамро ба ҳам совиш дода, - ба чанд ҳисса тақсим кунам?
- Шумо ба ҳиссаҳо тақсим карданӣ? - Хубон қаҳқос зада хандид, - барои кабоб чӣ тавр реза мекунанд?
- Чоркунҷа... Чоркунҷаи росткунҷа... Кубик...
- То шумо андоза мегиред, пиёз месӯзад, - гуфта кордро аз дастам гирифт, - беҳтараш гӯштро гиреду дона-дона дар дег андозед.
Табақи гӯштро гирифта дуртар аз дег қарор гирифтам, то равған дар дасту рӯям нарасад. Як дона гӯштро ба нишон гирифта ба дег ҳаво додам.
- Ҳой ошпаз, - хандид Хубон ва табақи гӯштро аз дастам гирифт, - ҷуръати ба дег наздик шуданро надоред? Гӯштро дар дег тавре гузоред, ки лағжида ба равған фарояд.
Чанд дона гӯштро дар дег гузошта Хубон нишон дод ва табақро баргашта дод.
- Идома диҳед, - гуфт вай.
Амали Хубонро такрор кардам, дар табақ гӯшт боқӣ намонд.
- Кафгирро гиреду гӯштро тоб диҳед, то як хел равған хӯрад ва якранг пазад.
Аз рӯи гуфти ҳамсарам амал мекардам, ки модарам низ аз кор баргашт.
- Хайрият, - гуфту наздамон омад, - хӯрокпазиро ёд гир, рӯзе лозим мешавад.
- Баръакс, - гуфтам, - Хубонро меомӯзонам. Намебинед, кафгир дар дастам ба рақс медарояд.
- Бовар кардам, - гуфта модарам Хубонро ба оғӯш гирифт ва аз ду рухсораш бӯсиду ба ҳуҷраи худ гузашт.
Саволомез ба Хубон нигаристам.
- Маро модарам ҳар бегоҳ як маротиба ба оғӯш мегиранд ва ин анъана гашт. Алам кард? - хандид Хубон.
- Не, баръакс хуб, медонӣ, биё ҳарду ҳамдигарро имтиҳон мекунем.
- Қаламу коғазро биёред, - Хубон дарҳол аз нақшаам огоҳ гашт.
Аз ҳуҷра як саҳифа аз дафтар канда овардам ва бо қалам дар дасташ додам. Ба ҳуҷра баргашта ман низ қаламу коғаз гирифта нишастам. Мунтазир будам, ки Хубон чӣ дар коғаз хоҳад навишт. Дарк мекардам, ки ҳанӯз андеша меронад. Ниҳоят аён шуд, ки дар коғаз номи маро навишт. Ман низ дар коғаз номи ӯро навиштам. Аммо ӯ дар ошхона истода садо баланд кард:
- Ҳар чӣ дар коғаз навиштам, ҳамонро нависед, - гуфт ӯ.
"Хуб" - навиштам дар коғаз.
Хубон дар коғаз расми дил - рамзи муҳаббатро кашид.
Ман ҳам дилро тасвир кардам.
"То абад!" - навишт Хубон.
"То абад!" навиштам.
"Духтаре маро фиребид"...
- Ту Симонаро дар назар дорӣ, - гуфтам бо садои баланд, - Лекин дар ҳақиқат фиреб кард.
Бархоста наздаш рафтам.
- Дар назди холааш будам, - гуфтам, - дурӯғ гуфт.
- Шарҳ надиҳед... Аввал шумо занг задед.
- Вай ҳамсабақам.
- Медонам.
- Чӣ тавр миёни ману ту асрор бояд вуҷуд дошта бошад? Ин ғайриимкон аст.
Дар ҳақиқат дигар байни ману Хубон наметавонист асрор арзи ҳастӣ карда. Ӯ маро мехонд ва ман ӯро. Ба варақи рӯи миз нигаристам: номи Симона-ро навишта даруни хатти сиёҳ гирифтааст.
- Ин чӣ кори кардаат? - пурсидам оҳиста, - ин рамзи бад аст.
- Симона худро аз баландӣ ҳаво дод, - гуфт Хубон, - ба ӯ кӯмак карданд.
- Як лаҳза, - гуфтам дар курсие нишаста, - ӯ душман надошт.
Чашмонамро пӯшида симои Симонаро пеши назар овардам.
- Вақте бо ӯ тариқи телефон сӯҳбат доштам, ҳазл кард, ки дар ҷустуҷӯйи марди дорост. Аммо дар хотир дорам, ки бо як ҷавон паймон доштанд. Ана ҳамин ҷавон ӯро аз балкони хонааш тела дод.
Ба соат нигаристам, вақт - 20:22.
- Сол ҳам бисту бистуду... Ту чӣ ҳодисаро пешгӯӣ карда метавонӣ?
- Не, наметавонам.
- Чӣ хел? Симонаро худи ҳозир тела кард.
- Симона мурда ба замин афтид, вай дар хонааш ба сараш зарб хӯрда буд.
- Исто, хоҳиш мекунам... Ҳар гуна фикрҳои ботилро аз сарат дур кун, аз касеву чизе андеша накун. Чаро якбора Симонаро андешидӣ... Фаҳмидам, баён накун...девона шуданам мумкин... Суроғаашро ҳатто намедонам, ки пулисро фиристам, то қотилро сари вақт дастгир кунанд...
- Мурод чист? Фардо худи шуморо дар маргаш гунаҳкор кунанд? Беҳтараш оромакак мешинем, чизеро мо надидаем ва нашунидаем.
- Охир вай дар Воронеж, мо дар Борисоглебск, чӣ тавр маро гунаҳкор карданашон мумкин? Бале, дар ҳамкорӣ бо қотил...
- Одам бошад, парвандаи ҷиноӣ боз кардан мушкиле надорад.
- Мавқеъи ҷойгиршавиат дар телефон гирост?
- Ман онро хомӯш намекунам.
- Аз ман ҳам гирост. Ба кӯча мебароем ва бо ягон ҳамсоя вомехӯрем, то шоҳид шаванд, ки ин вақт дар хона будем.
- Аз Нина-хола чор дона тухм мепурсем, - гуфт Хубон.
- Рафтем.
Ҳарду бо либоси хонагӣ баромада занги дари Нина-холаро пахш кардем. Пас аз лаҳзае садои шарфаи по баромад.
- Аз чашмак ба мо менигарад, - гуфтам хандида.
- Ман ҳам дарк кардам, - хандид Хубон, - аҷиб, касе аз мо пинҳон шуда наметавонад.
Нина-хола дарро во карду:
- Рома, шомат ба хайр, - гуфт.
- Шоми шумо ҳам бахайр бошад, - гуфтам, - бубахшед, ки истироҳататонро халалдор сохтем. Таъҷилан чаҳор тухм лозим шуд.
- Дорам, - гуфта дарро нимво гузошта Нина-хола пас гашт.
- Дар яхдонаш чӣ дорад, метавонӣ муайян карда? - пурсидам аз Хубон.
- Донистан намехоҳам.
- Аммо ман гуфта метавонам.
- Лозим нест.
Чор дона тухмро гирифта ба Нина-хола миннатдорӣ баён кардем ва ваъда додем, ки пагоҳ бармегардонем.
- Тухмро чӣ кор мекунем? - пурсид Хубон.
- Мӯҳлаташ нагузашта бошад, бигузор дар яхдон хобад. Чӣ фарқ дорад, дар яхдони мо бошад ё аз Нина-хола.
(поёни қисми 10)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев