Қисми 6.
- Модарам гумон карда буд, ки оиладорӣ ба бародарам таъсири мусбат мерасонад.
- Бе парда гап зан.
- Акаам ба роҳи каҷ рафт, наметавонад дигар худро ислоҳ карда. Ӯ нашъаманд аст. Ман Робияро пеш аз никоҳ огоҳ кардам.
- Табобат кунад, дар қайд истад. Ҳоло бисёр ташкилотҳои байналхалқӣ дар ин роҳ кӯмак мерасонанд.
- Ӯ худ бовар надорад, ки нашъаманд аст.
- Ту рафта бовар мекунонӣ?
- Дина модарам гуфт, ки чиҳози хонаро як-як фурӯхта нашъа мекашад. Падарам бемор... дар беморхона.
- Бародарат сухани туро гӯш мекард? Ту маошатро гиру ба модарат фирист, барои табобати падарат кӯмак мешавад.
- Пули мошинро чӣ хел мепардозем?
- Ба кори иловагӣ меравам, кайҳо дар нақша доштам. Сониян, амаки Володя ниёз ба пули мошин надорад.
- Ман ҳам дар андешаи табобати падар ва бародарам ҳастам. Дар Тоҷикистон буда, имкони табобати ҳардуро надорам.
- Чӣ қадар маблағ лозим барои табобат?
- Намедонам, модарам мегӯяд, ки Хуррам гоҳо девона барин мешавад, вақте хумори нашъа мегирад, касеро намешиносад.
- Ба милиса хабар диҳанд...
- Фарзанди худро?
- Ман чӣ кор карда метавонам?
- Иҷозат диҳед, то наздашон равам.
- Хубон, ман ба ту сахт одат кардаам, бе ту лаҳзае наметавонам. Ба волидонам мегӯям, пардохти қарзамонро ба таъхир меандозем, маоши маро ҳам гирифта ба модарат фирист. Аввал падаратро табобат кун, баъд бародаратро меандешем. Нарав, хоҳиш мекунам...
- Маро пазмон мешавед?
- Албатта, ҳатто тасаввур карда наметавонам.
- Пас, дӯст медоред?
- Бениҳоят...
Субҳ, пас аз наҳорӣ бо падарам масъалаи вазъи оилавии Хубон ва ба таъхир андохтани мӯҳлати қарзро муҳокима кардем. Падарам гуфт, ки вазъиятро ба Володя мефаҳмонад.
Мо бошем, чун ҳаррӯза ба кор шитофтем. Аз розӣ гаштани падарам Хубон хушнуд буд, аммо дар хиҷолат менамуд.
- Ман албатта рӯзе ҳамаи қарзҳоямро бармегардонам, - гуфт Хубон дар автобус, вақте дар канори ҳамдигар нишастем.
- Кадом қарз? Магар волидони ту - волидони ман нестанд? Дигарбора ин суханро аз забони ту нашунавам, - гуфтам, - ба коргоҳ расем, ҳамроҳ ба модарат занг мезанем. Ғам нахӯранд, ҳамааш хуб мешавад.
Гӯё Хубонро чунин зебову дилкаш бори аввал медидам, нав эътибор додам, ки абрӯвони сиёҳу ба ҳам пайванд ва мижгонҳои поён хамида дорад. Тора-тора мӯйҳояш аз кулоҳаш поён фаромада ба ҳуснаш боз ҳусни дигар илова мекард.
- Чӣ ин қадар нигоҳ доред? - пурсид Хубон, - Ман шуморо хуб фаҳмидам, некиҳоятонро фаромӯш намекунам.
Рӯзи ҷумъа маошро гирифтан ҳамон, ба волидонаш роҳӣ кардем. Қисмеро барои эҳтиёҷоти худ боқӣ гузоштем. Минбаъд, ҳар бегоҳ ҳамроҳ ба модараш занг мезадем, аз аҳволи падараш мепурсидем. Дар назар чунин мерасид, ки маблағи мо фиристода ба дарди оила малҳам нашуд. Хуррам бо таҳдид аз модар пул меситонд, шабгардиҳо мекард. Хостам бо худи Хуррам мардонавор ҳамсӯҳбат шавам, аммо модарарӯсам нагузошт.
- Ҳарфи падарашро шунидан намехоҳад, - гуфт ӯ, - илоҷе карда дар беморхонаи рӯҳу асаб бояд хобонем.
Пас аз як ҳафтаи дигар хусурамро ба манзилаш иҷозат доданд. Аз рӯи гуфти модарарӯсам аҳволаш беҳ шуда табобатро дар хона идома медиҳад.
Маро ба ҳар сурат лозим меомад, ки дар ҷустуҷӯйи кори иловагӣ бошам. Ҳуқуқи рондани мошинро надоштам, ки дар дастрас кардани молу маҳсулот ба кор дохил шавам.
Хубон низ вақтҳои охир бештар дар андеша буду хомӯш мегашт.
- Ғам нахӯр, - гуфтам тасаллӣ дода, - ҳафтаи оянда шаҳодатномаи ронандагиро мегирам, пуламон бештар мешавад.
- То кай? - гуфта Хубон сарашро бо ду даст дошта дар курсӣ нишаст, - бародарам ҳам, ки бошад... мехоҳам буғӣ карда кушам...
- Ин тавр нагӯ, табобат мекунем, ба Воронеж даъват мекунем.
- Се сол табобат нашуд, минбаъд ҳам табобат намешавад. Ирода медошт, истеъмол намекард. Ягона роҳ... Тавба кардам...
- Ягон маротиба ба духтур муроҷиат кардед?
- Ягон духтур наметавонад муолиҷа карда, оқибати ин дард - марг! - Хубон рӯяшро гардониду дар ҷойгаҳ ёзид. Аз пасту боло шудани китфони кӯчакаш дарк кардам, ки гиря дорад. Намедонистам, ки чӣ тавр ӯро тасаллӣ диҳам. Аммо медонистам, ки бо маслиҳати ман касе амал намекунад. Дар кунҷи ҷойгаҳ нишаста дар андешаи супоридани имтиҳонот будам.
Ҳарчанд ҳанӯз шаҳодатномаи ронандагӣ надоштам, қариб ҳар бегоҳ як маротиба мошинро гиро мекардам, оинаҳояшро аз чангу гард ва хазонҳои дарахтон тоза мекардам. Хостам имрӯз ҳам амаламро такрор кунам. Бархоста либосамро пӯшиданӣ будам, ки Хубон пурсид:
- Ба куҷо?
Чашмонаш сурху каме варамида буданд.
- Аз мошин хабар гирам...
- Саломатиам бад мешавад, ҳеҷ куҷо наравед.
- Тез бармегардам, - гуфтам.
Аммо суханам ба охир нарасида, Хубон бо кафи дасташ даҳонашро маҳкам пӯшида сӯи ташноб пойлуч шитофт. Аз пасаш ман ҳам равон шудам. Аз ташноб садои қайъ кардани Хубон баромад. Одатан дар ин ҳолатҳо оби ошомиданӣ медиҳанд, ки ғарғара кунанд. Дар пиёла об гирифта наздаш рафтам, ки модарам низ аз ҳуҷраи худ баромад.
- Тинҷист? - гуфта маро аз ташноби танг берун кард ва дарҳол аз банди дасти Хубон гирифт, - Чӣ шуд духтарам?
- Ҳеҷ гап не...
- Гиря кардед?
- Ман ҳеҷ чиз нагуфтам, - гуфтам аз тарси он, ки маро дар бемории ҳамсарам гунаҳкор кунанд ва худ дар паси дар истодам, то Хубон ягон шикоят накунад.
Модарам маро ишора кард, ки ба ҳуҷраи худ равам. Дарро нимво гузошта дар ҷойгаҳ нишастам, то аз гуфтугӯи ҳарду бехабар намонам. Дидам, ки модарам аз дасти Хубон гирифта ба ошхона бурд ва худ рафта аз ҳуҷрааш дастгоҳи фишорченкуниро овард. Боқӣ амалиёт дар ошхона гузашт ва ман натавонистам ҳатто гуфтугӯи онҳоро шунида. Интизорӣ дер давом накард, Хубон дарҳол баргашта омад. Баръакси чашмдошти ман лабонаш моили табассум буданд. Дарро пӯшиду боз дар ҷойгаҳаш ёзид.
- Гуфтам асабӣ нашав, - гуфтам.
- Минбаъд мекӯшам, - гуфт Хубон табассум карда.
- Хотирҷамъ шавам? Метавонам ба кӯча баромада?
- Метавонед, агар аз саломатии ман гарди мошин афзал бошад.
- Сиҳат шудӣ-ку...
- Пагоҳ аз сардорамон рухсат пурсед, ман ҳамроҳи модарам ба духтурхона меравем.
- Бе ту Галя метавонад кори ду нафарро саришта карда?
- Метавонад. Дарвоқеъ, Галяро рӯзи ҷумъа ба нафақа мегуселонанд. Ба меҳмонӣ даъват мекунем?
- Албатта, то ё пас аз ба нафақа баромаданаш? Бо падарам ҳанӯз маслиҳат накардаам, - хостам гӯям, ки "барои меҳмондорӣ пул надорем", аммо худдорӣ кардам.
- Фарқ надорад, ҳар гоҳ, ки имконият пайдо шуд, - фикри маро дарк кардагӣ барин гуфт Хубон.
Бар замми зебогӣ Хубон оқила ҳам буд. Дар рӯи ҷойгаҳ нишасту ишора кард, ки дар паҳлӯяш шинам.
- Ватанро пазмон нашудед? - оҳиста пурсид ӯ.
- Ман дар ватанам қарор дорам, - гуфтам дар паҳлӯяш нишаста, - дар ҳамин ҷо зода шуда ба камол расидаам.
- Ман бошам пазмон шудам. Модарамро, падарамро... бобою бибиамро... Шумо боре дар кӯҳистон будед?
- Не, зодгоҳи волидонам дар водӣ буд. Ман танҳо як маротиба дар Тоҷикистон будам. Одамонаш аҷиб ба назар мерасиданд, шиносу бегона бо ту аҳволпурсӣ мекунанд.
- Шуморо ба кӯҳистон мебарам ва бо хешу ақрабо шинос мекунам. Ба қулла мебароем, аз абр боло.
- Хешу ақрабоят аз абр боло зиндагӣ мекунанд?
- Не, - дар лаби Хубон боз табассум дамид, - поёнтар, миёни ду кӯҳ. Дарёи обаш мусаффо дорем, манзараҳои нотакрор...
- Хубон, мерасад рӯзе, ки меҳмони кӯҳистон бошам. Лекин мехоҳам, ки падару модаратро ба Воронеж даъват кунӣ. Як хонаро ба иҷора гирифта волидонат истиқомат кунанд, Хуррам ҳам биёяд, мо аз ӯ наранҷидаем, шояд хислаташ тағйир ёбад.
- Ӯ наметавонад омада, ӯро аз Русия дафъ кардаанд. Волидонам бошанд, намехоҳанд ӯро танҳо гузоранд.
- Хуррам кӯдак нест-ку, сарашу савдояш, бигузор кор кунад, зиндагии худро таъмин кунад.
- Падарам ҳавлиро ба номаш бахшидааст, метарсад, ки мефурӯшад.
- Барои табобаташ кӯмак карданамон мумкин, аммо то абад наметавонем ӯро тарбият карда. Маро дуруст фаҳм, Хубон, ҳама муамморо роҳи ҳаллу фасл ҳаст. Падарат метавонад аз амалаш даст кашад, ҳуҷҷатҳоро инкор кунад ва ҳавлиро дар номи худаш барқарор кунад.
- Баъд чӣ?
- Омада шаҳрвандии русро қабул кунанд. Имконият дар Русия фаровон, хоҳад барояш ҳавлӣ мехарем, гармхона месозем. Машғулият ба ҳардуяшон басанда мешавад.
- Худи пагоҳ бо модарам маслиҳат мекунам, - гуфт Хубон фикри маро писандида, - ҳар ҳафта метавонем аз аҳволи ҳамдигар хабар гирем...
Ба сардори смена аз бемор шудани Хубон ва ба қабули духтур рафтанаш хабар додам. Иттифоқи касаба барои ба нафақа гуселонидани Галя-хола аз ҳар нафар ба андозаи муайян маблағ ҷамъ овард. Пул надоштам, аз сармуҳандис барои худ ва Хубон қарз пурсидам.
- Кай бармегардонӣ? - хандид ӯ.
- Аз маош, - гуфтам.
- Се ҳафтаи дигар ангушт мелесӣ?
- Дар хона дорем хӯрокворӣ, - маро низ ханда гирифт, - мошинро нася харидам, кам-кам пардохт мекунам. Метавонистам аз волидонам гирифта, айни замон надорам нақд.
Сармуҳандис ба ҷои ману Хубон низ пардохт ва гуфт:
- Ин қарз нест, кӯмак аст. Тантанаи гусел, ки гузашт, ба ман муроҷиат кун, як роҳи дигари даромади иловагиро маслиҳат мекунем.
- Чаро ҳозир маслиҳат накунем?
Сармуҳандис як ба гирду атроф назар андохту:
- Аз пасам биё, - гуфт.
Ҳамроҳ ба утоқаш даромадем.
- Дарро маҳкам пӯшу маро шунав, - гуфт ӯ ва ба сари мизи кориаш гузашт.
Ман, ки то имрӯз дар ҷустуҷӯйи кор ва даромади иловагӣ будам, дар рӯбарӯяш бо умед нишастам.
- Як нақша дорам, - гуфт сармуҳандис бо садои нимшунаво, - лекин гап байни худамон монад. Метавонам бовар карда?
- Метавонед!
- Коре бояд кунем, ки аз ҳар қуттӣ маска ду грамӣ сарфа кунем.
- Нафаҳмидам.
- Маска яксаду ҳаштод грамм, тавре кун, ки яксаду ҳаштод неву яксаду ҳафтоду ҳашт ба қолаб резад. Метавонӣ аз ӯҳдааш баромада?
- Инаш барои чӣ? Дастгоҳҳо аз кор намемонанд баъд?
- Барномаро тағйир деҳ. Медонӣ, рӯзона, аз рӯи ҳисоби пешакии ман, боз қариб чорсад қуттии иловагиро соҳиб мешавем. Ман харидор дорам. Ҳеҷ кас огоҳ намешавад.
- Ин мушкил, рости гап дар ин бора наандешидаам.
- Андеша кун, хушк намемонӣ! Панҷ сол дар донишгоҳ чиро омӯхтӣ?
- Агар сардор воқиф шавад, маро аз кор намеронад?
- Намеронад, пули иловагӣ ба кӣ зарар овардааст?
- Як бор усули тақсимотро дар хат омӯхтанам лозим, фурсат диҳед.
- Бемалол, ҳамаро омӯз, таҷриба мекунем, танҳо гап миёни ҳардуямон монад.
Ба утоқи кории худам рафта дар сари мизи кориам нишастам. Маро лозим меомад, ки барои ду грамм кори тамоми хатро тағйир диҳам. Аз рӯи барнома ҳар қуттӣ дар камтар аз якуним сония ва якбора дар бисту чор қуттӣ аз маска пур мешуд. Фосилаи байни рехтанҳо бошад камтар аз ду сония. Барнома роҳи тағйиротро надошт. Буд имконият, аммо дар он ҳолат маска якбора сиву шаш грамм кам мешуд ва фосила бошад боз ба як сонияи дигар тӯл мекашид. Инро корманди оддӣ дарҳол дарк мекард. Пас аз андешаҳои зиёд ба хулоса омадам, ки фоидаро на аз ҳисоби вазн, балки аз ҳисоби кам кардани равғаннокии маска ба даст овардан имконпазир аст, дар он ҳолат зарари ночиз ба дигар самт мерасад. Боз масъулияти лаборатория мешавад, ки роҳбарии онро ҳамсари худи сармуҳандис ба ӯҳда дорад. Агар чархидани зарфи ширдор ба ним дақиқа кам гардад, равғаннокӣ ба ҳаштоду як фоиз мефарояд, ки назаррас нест. Дар маҷмӯъ рӯзона ҳамагӣ бо тарҳи зарари расида ба дигар маҳсулот маблағи камро соҳиб шудан мумкин, ки кирои тағйир додани барнома ва ташвишҳои иловагӣ намешавад..
То бегоҳ хеле дар сари барнома нишастам, аз андешаи зиёд сарам ба дард омад. Зеро дар ҳолати ворид сохтани тағйирот дастгоҳ сурати кори худро дигар мекард. Ягона роҳ бо зиёд кардани фишор дар зарф, ки метавонист маҳсулоти омодашударо пеш аз мӯҳлат ба хатти дуввум интиқол диҳад, буд. Дар он ҳолат низ эҳтимоли дар қубурҳо тамбашавии маска ба миён меомад. Барои пурра аз нав сохтани барнома бошад, ҷуръат надоштам.
(поёни қисми 6)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев