Қисми 1.
Мо - як гурӯҳ хатмкардагони институти технологияҳои олии Воронеж пас аз соҳиби диплом шудан қарор додем рӯзе дар беша пикник ташкил кунем. Чӣ будани пикникро намедонистам, ҳарчанд дар шаҳри Борисоглебски ҳамин вилоят ба дунё омадам ва ба воя расидам.
Аслан ман аз оилаи зиёӣ ҳастам, падару модарам солҳои дуҳазорум аз Тоҷикистон кӯч баста, тибқи шартнома дар клиникаи Борисоглебск ба кор пардохтаанд. Ман ва хоҳарчаам Робия дар фосилаи шаш сол ба дунё омада, ҳамагӣ ду маротиба дар ватани волидонамон будем. Ман ҳоло муҳандиси технологияҳои ахборотӣ ва Робия - хатмкардаи мактаб ҳастем. Хоҳарчаамро бисёр дӯст медорам, бинобар хостам ӯ низ ҳамроҳам дар пикник бошад.
- Агар аз бешаву магас натарсад, марҳамат, - гуфт Симона, ки панҷ сол сардори гурӯҳамон буд, - пешакӣ огоҳ мекунам, шаб дар беша мемонем.
- Дар беша? Беша гургу шағол надорад? - пурсидам ман.
- Аз хоҳарат пештар ту тарсидӣ? - хандид Симона.
- Шабона волидонам иҷозат намедиҳанд.
- Муҳандис шудиву то ҳол аз волидонат иҷозат мепурсӣ?
- Албатта, чӣ тавр напурсам? Охир вай духтар аст, нав мактабро хатм кард.
Симона - яҳудидухтар буд, ӯ низ мисли мо аз вилояти Самарқанди Ӯзбекистон омада дар худи Воронеж ба воя расидааст.
- Қариб фаромӯш кунам, ту тоҷик-ку, - гуфт Симона, - дар шумо ин масъала хеле ҷиддӣ.
Тоҷик ҳастаму тоҷикиро намедонам, зеро падару модарам низ дар хона ба русӣ ҳарф мезаданд. Ҳарду духтур ва ҳарду дар як клиника адои вазифа мекунанд. Мавзӯъи сӯҳбаташон танҳо аз тибу бемориҳо буд.
Падарам маро талқин мекард, ки духтур шавам, аммо ман, ки аз мафҳумҳои ношиноси тиббӣ дилгир шуда будам, касби дигарро пеша кардам.
- Агар бегоҳ баргардем-чӣ?
- Нисфирӯз рафта бегоҳ бармегардӣ? Гулханро рӯзона месӯзӣ? Ту ягон маротиба дар бешаву пикник будӣ? - пурсид Симона.
- Мо соли гузашта занбурӯғ чида будем, - гуфтам.
- Кайфияти пикник дигар, ҳаловати занбурӯғчиниву моҳидорӣ дигар.
- Хайр, худам меомадагистам.
- Ту аҷоиб, чӣ тавр дар назди хоҳарат бо духтарон ҳазлу шӯхӣ мекунӣ? Агар ягон дӯстдоштаат бошад, даъват кун. Ана, Серёга ва Шурик бо духтарҳои худ меоянд. Ман бошам - бо ҷавони дӯстдоштаам.
- Ин тавр бошад, ман ҳам наметавонам омада, бо ҷуфти худатон пикник кунед.
- Туро аз рӯйхат барорам?
- Барор, ғавғоро намеписандам. Ягон вақти дигар, дар ягон ҷои ободтару оромтар вомехӯрем.
- Як дугона дорам, тасаввур мекунӣ, бисту як сола шуду то ҳол бо ҷавоне шинос нашудааст. Ту барин, фарзанди модараш. Даъват кунам - шинос шав.
- Лозим не. Ба шумо истироҳати хуш! - гуфта бархостам.
- Андеша кун, то шанбе фурсат дорӣ, - гуфт Симона.
Дар хона хоҳарчаам танҳо буд, медонистам, ки волидонам ҳанӯз дар кор, занг задам.
- Табрик кун бародари муҳандисатро, - гуфтам, - бегоҳ ба ресторан меравем.
- Сандуқи тиллоӣ ёфтӣ?
- Чаро сандуқ ёбам, ресторан аз ҳисоби модарам, рӯзи гузашта маош гирифта буд.
- Диплом гирифтӣ?
- Гирифтам, аммо сурх не.
- Пас чаро ресторан меравем? Ту беҳтараш барвақттар биё, як хушхабар дорам.
- Чӣ гуна хушхабар?
- Биё, баъд мешунавӣ.
- Ҳозир наметавонӣ гуфта? Медонӣ, ки аз ҳаяҷон танам хориш мекунад.
- Хориши танатро ба волидонам гӯ, дар чанд муддат омада метавонӣ?
- Аллакай танам ба хориш омад, хушхабарро намегӯӣ?
- Рӯзи якшанбе ба Воронеж меравем, тӯй мешавад.
- Тӯйи кӣ?
- Тӯйи ту, ман аллакай арӯсро дидам, Хубон ном доштааст.
- Ту хушхабарро гап зан!
- Гуфтам-ку, бо падару модарам ба хонаи арӯс меравем. Ту ҳам меравӣ.
- Ман ба пикник меравам. Хушхабарат ҳамин?
- Ҳамин. Ба пикникат дигар рӯз меравӣ.
Хубонро ғоибона мешинохтам, масъалаи тӯйи ман дар оила борҳо муҳокима ва ҳал гашта буд. Ҳатто боре модарам сурати арӯсшавандаро дар телефонаш нишон дод. Духтари муқаррарӣ, ӯ ҳам имсол шӯъбаи шарқшиносиро дар Маскав хатм кардааст, ман барин дар ҷустуҷӯи кор будагист.
Барои ман интихоби волидонам аҳамият дошт, зан ба ҳар сурату сифат, забону миллат зан аст. Панҷ сол бо омӯзгорони сахтгири Донишкада муросо карда, наход бо як духтари ҳамсолам забон наёбам?
Аз рӯи нақли модарам Хубон низ аз Тоҷикистон буд, намедонам аз кадом ноҳия, бароям фарқ надошт. Бароям зане, ки хислаташ мисли модарам бошад, лозим буд. Ҳамеша нарм сухан мегуфт, боз мегуфт, ки "муносибати хуби духтур бо бемор - ними табобат аст".
Ба автобус нишаста ба шаҳри худам - Борисоглебск расидам. Аллакай бегоҳ буд, кӯчаҳо серодам. Дар ин муддат бошандагони шаҳр дар кӯчаҳо мегарданд, навҷавонон ва пиронсолон бо ҷуфташон аз дасти ҳамдигар гирифта саёҳат мекунанд, кӯдаконашонро ба майдончаҳои бозии бачагона мебароранд.
Дар ин шаҳр низ мисли Воронеж кабӯтарон бисёранд, аз одам намеҳаросанд, зери поят мегарданд. Селаи зиёди онҳо дар кунҷи бому симҳо нишаста, мардумро назора мекунанд.
Дар аксари мағозаҳо барои кабӯтарон дон мефурӯшанд, хӯрок додани паррандагон дар ин кишвар кори маъмулӣ ва машғулияти шавқовари тифлон аст.
Падару модарам дар хона буданд, баробари ворид шуданам, маро ба муносибати "мутахассис" гаштанам табрик гуфтанд.
- Робия канӣ? - пурсидам аз онҳо.
- Ба мағоза рафт, - гуфт падарам, - рӯзҳои истироҳат чӣ нақша дорӣ?
- Ба пикник меравам.
- Мо бо модарат маслиҳат кардем, бегоҳи шанбе ба Воронеж меравем. Туву хоҳарат ҳамроҳамон...
- Пикник чӣ мешавад?
- Пикник бе ту ҳам мегузарад. Мо аз пикники ту хабар надоштем. Моро мунтазир мешаванд.
- Бегоҳ рафта кай бармегардем?
- Рӯзи якшанбе. Моро ба як ҳавлӣ даъват карданд, ҷой бисёр. Шаб дар ҳамон ҷо мемонем.
- Хуб, меҳмонӣ аз пикник беҳтар!
- Мо хостгорӣ меравем.
- Фаҳмидам.
- Хубон арӯси хонадон мешавад.
- Хеле хуб, ҳарчӣ хоҳед... Лекин хонаи мо сеҳуҷрагӣ, мо дар куҷо зиндагӣ мекунем?
- Хоҳарат хабар надорад, Хубонро меорему Робияро месупорем.
- Яъне Робия арӯси вайҳо мешавад?
- Бале. Қайчиқудо мегӯянд.
- Робия ҷавон нест?
- То тӯй расо ҳаждаҳ сола мешавад.
- Пас, боз ду моҳи дигар барои андеша дорем?
- Чиро андеша мекунӣ?
Ин дам Робия аз мағоза баргашт. Даст доду "табрик" гуфт ва ба ошхона, назди модарам рафт.
- Дарвоқеъ, канӣ дипломат?
Аз сумка дипломро гирифта дар дасти падарам додам. Падарам дипломро як маротиба аз назар гузаронда баргашта дод.
- Бовар дорӣ, ки аз рӯи ихтисосат кор мекунӣ?
- Натанҳо кор, балки ихтироъ мекунам. Ман ними барномаро аллакай сохтам, таҷриба кардан лозим ва мувофиқи натиҷаҳо ба такмили барнома шурӯъ мекунам.
- Чӣ гуна барнома, агар махфӣ набошад?
- Мехоҳам дар шароити вилоят меваҳои субтропикӣ сабзонам.
- Ту агроном шуданӣ ё... нафаҳмидам.
- Ҳам агроном ва ҳам инженер. Ҳамаи корҳоро барнома иҷро мекунад. Яъне ҳарорат, рутубат, равшанӣ ва баъзе чизҳои дигарро худаш танзим мекунад. Бе ягон нафар коргар ҳосилро меғундоранд.
- Албатта бе иштироки одамизод ягон кор иҷро намешавад.
- Аз рӯи барномаи ман таҳиякарда бояд шавад.
- Дар давлатҳои пешрафтаи дунё, ҳатто Чин ин кор амалӣ нашуд. Ман туро ноумед кардан намехоҳам, лекин машаққати зиёд ва маблағ лозим. Дорӣ ягон сармоягузор?
- Маблағ чӣ лозим?
- Ту меваро дар балкон парвариш мекунӣ?
- Дар ҳавлии Ваня-тағо, ман ҳамаашро ба ҳисоб гирифтам. Ҳавлии васеъ дорад.
- Ман чизе гуфта наметавонам, ту бояд аввал дар ягон ташкилот дохил шавӣ, маош гирӣ ва ҳангоми фориғ аз корат бо таҷриба машғул шавӣ. Ману модарат барои тӯи шумо захира кардем. Кӯмаки молиро аз мо умедвор нашав.
Субҳи дигар ба хонаи Ваня-тағо рафтам. Ӯ нафақахӯр ва ҳамеша дар хона буд. Сухани маро то охир шунид ва гуфт:
- Меҳнати ҷисмонӣ кардаӣ?
- Албатта.
- Мебинӣ, рӯи ҳавлӣ аз газон. Дар куҷо мехоҳӣ гармхонаатро мустаҳкам кунӣ?
- Дар кадом кунҷ шумо иҷозат диҳед, дар ҳамон ҷо.
- Худат интихоб кун, тамоми ҳавлӣ дар ихтиёрат. Танҳо андозаи гармхонаро муайян карда, ҷояшро аз алафҳои бегона пурра решакан кун. Алафҳоро бурда дар ягон кунҷ ҷамъ кун, хушконда месӯзонем.
Вобаста ба андоза, мустаҳкамии он ва ғафсии поликарбонат арзиши гармхонаҳо гуногун буд. Метавонистам арзонтарини онро аз маоши модарам ду дона харида. Аз нақшаи ман модарам огоҳ буд магар, ки пул надод.
- Падарат чӣ гуфт? Аз мо то тӯй ва муддате пас аз он кӯмак напурс. Ту аз хароҷоти тӯй андеша кун, ҳозир ҳар рубл дар ҳисоб аст.
Ба ду ташкилот рафтам, мутахассис лозим аммо маошаш кам - пули як гармхона. Ташкилоти сеюмро маошаш каме боло буд, ҳуҷҷатҳоямро супорида ба кор дохил шудам.
Лекин аз ихтисоси дар диплом овардашуда дур, вазифаам - муҳандис-конструктор.
Рӯзи аввал шиносоӣ бо корам буд, мо нақша ва макети дастгоҳҳоеро тартиб медодем, ки дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ истифода мешуд. Ман, ки то ин дам маҳсулоти тайёрро аз мағоза харида истеъмол мекардам, ҳатто тасаввур надоштам, ки истеҳсоли як қуттӣ қаймоқ чӣ қадар заҳмату хароҷот дорад. Бинобар зиёд будани амалиётҳо дар қатори дастгоҳҳо лозим меомад тариқи барномаи махсус суръати ҳаракати хатҳоро ба танзим оварда ба ҳам мувофиқат кунонем. Барномаҳои пештара ба дастгоҳҳои нав мутобиқат намекарданд, дар бисёр ҳолатҳо маҳсулоти нимтайёр дар зарфҳо ҷамъ мешуд, дастгоҳи дигари қабулкунанда ахборот медод, ки чизе барои қабул надорад. Кормандон даступо мехӯрданд. Маҳсулоти нимтайёрро дар сатилҳо гирифта ба зарфи дастгоҳи дуюм мерехтанд.
- Дастгоҳҳои кӯҳна куҷо шуданд? - пурсидам аз сардори баст.
- Ширкате, ки моро бо дастгоҳ ва барномаҳо таъмин мекард, шартномаро яктарафа бекор кард. Тибқи шартнома онҳо бояд бист сол бо мо ҳамкорӣ мекарданд, хизмати техникиро иҷро мекарданд. Дастгоҳҳои шӯравӣ беҳтар буд, коргар бисёртар, ними кор дастӣ иҷро мешуд, аммо қатрае шир исроф намешуд.
- Чаро дастгоҳи кӯҳнаро таъмир накардед?
- Дастгоҳи нав айнан дастгоҳи кӯҳна барин, танҳо як детали хурдакакро ихтисор кардаанд.
- Куҷост ҳамон детал?
- Дар анбор бояд бошад, лекин бе ҳамон қисм ҳам дастгоҳ пештар хуб кор мекард. Муҳандис гуфт, ки норасоӣ дар барнома. Барномаро бошад ҳамкорони собиқамон аз Аврупо танзим мекарданд. Онҳоро чанд маротиба даъват кардем, ҳозир нашуданд. Истеҳсолот поён рафт, маош кам шуд, намедонам ин аҳвол то кай идома меёбад?
Дар сари хати дастгоҳҳо як қуттӣ насб шуда буд, кушода хеле назар кардам. Яке аз ноқилҳо ба дастгоҳи дуюм мерафт.
- Шояд ноқил дар куҷое канда шуда бошад?
- Электрик ҳамаро омада чен кард, ҳамааш хуб...
Як ҳафта бо муҳандис нуқс кофтем, бенатиҷа. Даҳ маротиба қуттиро боз карда пӯшидем, дар қуттӣ чанд тахтачаи чопӣ, ки танҳо аз микросхемаву транзистору конденсаторҳои гуногунҳаҷм иборат буд, дигар чизе вуҷуд надошт. Сардори коргоҳ бароямон як ҳафта барои таъмир мӯҳлат дода буд, аз ӯҳдаи супориш набаромадем. Охир ман барномасоз ҳастам, на электрик...
Падарам аз муваффақиятҳо пурсид.
- Маро дар вазифае гузоштанд, ки тасаввурот надорам, - гуфтам ва ҳолати бавуҷудомадаро шарҳ додам.
- Ту чӣ хел барномасоз? Аввал усули кори дастгоҳҳоро омӯз, баъд аз паи таъмир шав, - маслиҳат дод падарам.
Рӯзи истироҳат бо муҳандис боз дар коргоҳ шудем.
- Ягон хел нақша ё схемаи кори дастгоҳҳоро доред? - пурсидам аз муҳандис.
- Албатта, сейф пури ҳуҷҷатҳо, - гуфта муҳандис як даста коғазро оварда рӯи миз гузошт.
Рости гап нафаҳмидам, ки кадом коғаз аз кадом дастгоҳ.
- Ман барномасоз, - гуфтам, - бори аввал мебинам, ки дастгоҳ ҳамин қадар нақша дошта бошад. Физикаро аз синфи ҳафт бояд аз сари нав омӯзам. Агар бо ҳамин схема пештар дастгоҳҳо кор карда бошанд, пас инро танҳо устои телевизор таъмир карда метавонад. Онҳо усули кори ҳар як деталро хубтар мефаҳманд.
Бо муҳандис ба шаҳр баромада дар ҷустуҷӯи усто шудем. Дар устохонаи таъмири телевизорҳо ду ҷавон кор мекард.
Схемаи принсипиалии дастгоҳҳоро дар наздашон гузоштам.
- Мефаҳмед?
Ҳарду хеле варақгардонӣ карда чизеро нафаҳмиданд.
- Пештар инҷо як мӯйсафед кор мекард, - гуфтанд онҳо, - айнан бо ҳамин гуна схемаҳо сарукор дошт, агар зинда бошад, ба шумо кӯмак карда метавонад.
- Суроғаашро медонед?
- Суроғаи набераашро медонем, дар ошёнаи дуюми маркази савдои "Осмони ҳафтум", дар мағозаи молҳои техникӣ кор мекунад. Номи усто - Егор Палич, номи наберааш Володя.
Ба маркази савдои "Осмони ҳафтум" рафта Володяро ёфтем.
- Бале, бобои ман, - гуфт ӯ, - телевизор ва радиои кӯҳнаро таъмир мекунад.
(поёни қисми 1)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Юлчихамаш хубу хами интизоршавиш безеб