"Ма ҷавобша хдм мегӯм пеши Худода"
Ҳамин ҳарфро чанд бор шунидаӣ яқин дорам хонандаи азиз. Аз забони шахсе берун мешавад вақте барои хатое мехоҳӣ ислоҳаш созӣ ё аз Худо тарсаш диҳӣ.
"-Е ма хдм пеши Хдода ҷавобша метм"
Ин ҳарф бо як оҳанги кибр аз даҳон берун мешавад агар диққат дода бошед.
Ман як мисоли одӣ меорам барои тафаккур:
Агар билфарз шуморо назди раиси ҷамоат ё раиси ноҳия коре афтад ҳамзамон вориди утоқ шудан дасту пойи шумо меларзаду худро гум мекунед, ҷуръати сухан кардан надоред.Раис як инсон аст мисли ману шумо, аммо Худо холиқи ману ҳамон раис аст ва болотар аз ҳама. Дар муқобили Парвардигорат аз тарсу шарм сар поин шуда ҷуръати нигоҳ кардан намекунӣ ҷавоб додан он тараф истад.
Мусалмон бояд вақте аз Худо тарсаш додан бояд вуҷудаш биларзаду гиря кунад на ба як кибру ғурур муқобилят кунад.
Оё медонед беҳтарин махлуқи башар, ки Худо гузаштаву ояндаи ӯро бахшида буд ҳамарӯза камтар аз 70 маротиба истиғфор мекард ва бисёр вақт аз тарси ба Худо рӯ ба рӯ шудан гиря мекард. Пас чӣ расад ману туи гунаҳкору пурхаторо, ки ҷои тарсу хавф чунин беодобӣ мекунем!
Ба сӯйи Худо биёед бисёр тавба кунем
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6