Марде пеши дукони гулфурӯш ногаҳон модарашро ба хотир овард. Хост гулдастае харида, ба ӯ фиристад. Баробари аз дукон берун шудан, духтареро дид хеле маҳзун. Таваққуф кард ва сабаб пурсид. Духтар гуфт:
- Ба модарам гулдастае бурдан мехостам, аммо пулам нарасид.
Мард табассум карду ба духтар низ гулдаста харид. Ва чун хушҳол буд, ба духтарча илтифот кард:
- Мехоҳӣ то хона, то ба назди модарат бирасонам?
- Не, сипосгузорам. То мазори модарам роҳ он қадар дур нест, - ҷавоб дод духтар.
Марди воқеан серкор, ки мехост зуд рафта гулдастаро тавассути касе ба модараш равон кунад, якбора аз ин нияташ гашт. Суханҳои духтарак сахт таъсираш карданд, ки дилаш аз аламу хотираҳои ҳузнангез саршор гашт. Аз баҳри кору серкорияш гузашт ва зиёда аз дусад километр роҳро тай намуда, гулдастаро бо дасти худ ба модараш расонд. Оби чашмонашро касе надид, зеро сар дар кафи пойи модар дошт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9
Фатху кушойиш орад дасти бардуойи Модар
Модар сари кабрат омадам боз,
Бо мехру мухаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам,
Гул чинаму руйи кабр монам.
Шоир андаке сукут карданд ва гуфтанд:
. Дар суннати мардуми мо дар сари кабр оёт кироат мекунанд.
Ох модарчони ширина
Тумолаки дарди сарам
Илохо чоякатон Чаннат бошаду хонаи охирататон обод бошад очачони гулам
Модарчонибачадусторам
Модарчони рахпоякам
Дидори ширинатон дар Киемат Монд.
Хок бар сари мусофири