“ТО ТАВОНИСТАМ НЕКӢ КАРДАМ“
Ин суханон аз қаъри дили мӯйсафед садо доданд. Лаҳзае чашм ба симояшон дӯхтам, тағйироти ҷиддиеро пай набурдам, ҳамон чеҳраи шиносу ситорагарм, чун солҳои пешин чашмонашон моили табассум, рӯйҳо ҳамвору арғувонӣ, танҳо риш сафедтару дарозтар шудааст, ки аз он ҳусни пирамард заррае накоҳидааст.
Ёд дорам, ки ба вохӯрӣ бо ин пири равшанзамир ҳамсояам Тӯхтабой Маърупов сабаб гашта буд. Яке аз рӯзҳои истироҳат вай таклиф намуд, ки ба дидорбинии ҳамдеҳаамон, саркори шинохта Абдураҳмон Самадов (ҳама он касро бо эҳтиром Саркор мегуфтанд) равем.
- Аз рӯйи шунидам, синнашон ба 90 наздик шудааст, - гуфт вай. –Ҳолпурсӣ мекунем, дуояшонро мегирем.
Аз дилу ҷон розӣ шудам. Худи ҳамон лаҳза дастовезе гирифта, ба аёдати пири кор рафтем. Писари пирамард Бобохон моро самимона итиқбол гирифта, ба хоначае, ки он ҷо барои зиндагии падараш тамоми шароитҳоро муҳайё карда будааст, раҳнамоӣ кард. Азбаски ҳамдигарро хуб мешинохтем, моро дида, мӯйсафед зуд аз ҷой хестанд ва оғӯши гарм кушодаву самимона пешвоз гирифтанд.
Баъди нишастан ва даст ба дуо бардоштан ба симои пирамард чашм партофтаву ҳаракатҳояшонро муоина ва дарк кардам, ки дар вуҷудашон аз иллати пирӣ нишоне нест, ҳамоно зиндадилу чеҳракушод ва боғайратанд.
Сари як пиёла чой суҳбатамон қӯр гирифт. Ман аз рӯзгори гузашта, лаҳзаҳои хотирмони умри он кас пурсон шудам. Амаки Абдураҳмон ноаён риштаи суҳбатро ба даст гирифтанд ва паси ҳам рӯйдодҳои тӯли умри пурбаракат насибашон гаштаро қисса намуданд. Ростӣ, аз хотираи қавии пирамард ба ҳайрат омадем. Он кас ҳар як рӯйдодро бо гуфтани санаву соаташ асоснок мекарданд. Кадом рӯз ва дар куҷову кадом ҳолат вохӯрда, бо ҳам суҳбат кардани ҳар дуямонро низ ёдовар шуданд. Сандуқчаи дарпаҳлуяшонбударо гирифта, аз он рӯзномаи бо мурури замон зардшудаи вилоятиро берун оварданд ва очеркеро, дар бораашон солҳои навадуми қарни пешин иншо карда будам, нишон доданд.
Минбаъд нақлашон ба таҷрибаи аз зиндагӣ бадаствардаашон дахл кард, ки пур аз ҳикмат буд.
- Медонед, писарам, - ба ман рӯй оварданд амак, - вақтҳои охир дар бораи умри гузаштаам бисёр андеша мекунам. Чӣ тавре воқиф ҳастед, ман солҳои зиёд дар мавзеи Даҳанаи наздикии деҳаи Лаккон вазифаи саркориро ба ҷо меовардам. Бригадаамон номдору пешқадам буд. Ҳамасола аз рӯйи нишондиҳандаҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи дурусти замин, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ангуштнамо будему ғолибият насибамон мегашт. Ба гирифтани ифтихорномаҳои зиёд, мукофотҳои пулию молӣ, ҳатто мошинаи сабукрав мушарраф гаштем. Таҷрибаи кори моро омӯхтаву дар саросари вилоят паҳн карданд.
Ман аз умри гузаштаи худ ҳаргиз пушаймон нестам. Комёбиҳо як тараф, аз он шод ҳастам, ки то тавонистам, дар ҳаққи аъзои бригада, ҳамсояву ҳамдеҳагонам некиро арзонӣ доштам. Дасти фитодаеро гирифтам, ба корафтодагон кумак кардам. Агар натавонам, бо сухану маслиҳатҳои нек дилашонро бардоштам.
Ёдам меояд, ки пирони кор, мӯйсафедони рӯзгордида даъватамонро пазируфта, тез-тез меҳмонамон мегаштанд. Ҳама корро бо маслиҳату гирифтани дуои онҳо оғоз бахшидан бароямон одат гашта буд.
Албатта, зиндагӣ бе душворӣ намешавад. Нафароне буданд, ки пешравии моро чашми дидан надоштанд, ҳатто рӯйирост таънаю пичинг мекарданд. Дар чунин ҳолатҳо сабру таҳаммулро пеша кардам ва ба садои дилам, ки “То тавонӣ, некӣ кун, худро ҳаргиз аз дигарон боло нагир, беҳтарин фазилати инсонӣ дилеро озор надодан, бо нони ҳалол зиндагӣ кардан аст” мегуфт, гӯш кардам ва, шукр, хато накардам.
Ҳамеша ба роҳи рост қадам гузоштан, амалҳои хайру некро пайваста ба ҷо овардан шояд боис гашт, ки умри дарозу пирии бегазанд насибам гашт. Бехи дуо сабз мегӯянд. Тӯли умр аз бисёр касон, новобаста аз он ки хурданд ё бузург, дуо гирифтам. Мардум, хосатан насли наврас бояд дарк кунанд, ки каси некикарда албатта некӣ мебинад. Ин дунё ҷовидонӣ нест, одамон меоянду мераванд. Аз инсон фақат амалҳои хайр, гуфтору рафтори некаш боқӣ мемондааст.
Пирамард дар охир ба ҳар дуи мо, меҳмононашон, муроҷиат карда гуфтанд:
- Шумо ҳам то метавонед, саҳифаҳои умри боқимондаатонро бо иҷрои амалҳои хайр пур кунед. Дуои неки мардумро гиред, то умратон дароз гардад. Фарзандонатонро тавре тарбия намоед, ки номбардори шумо, оилаатон ва миллату халқ бошанд, ҳамеша ба гирифтани дуои неки мардум мушарраф гарданд.
Баъди вохӯрию дидорбинӣ солҳо сипарӣ гаштанд. Марги беамон амаки Абдураҳмонро низ ба коми худ фурӯ бурд. Ҳамин ки дар маъракае ва ё нишасте сухан ба некию накукорӣ дахл кард, гуфтаю насиҳатҳои хирадмандонаи он кас ба ёдам меояд. Номи нафаре, ки некӣ кард, нек зист ва нек дунёро тарк кард, ҳаргиз аз хотирҳо намеравад. Басо хуб гуфтааст устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёест в-аз накукорӣ,
Киштие соз, то бад-он бигзарӣ.
Б. САИДШОЕВ, узви ИЖТ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1