ПЕШХИЗМАТ
( қисса) қисми хотимаи)
Ду соат ҳамроҳи Сабоҳат нишаста хеле дарди дил кардем.Вақти аз хонаашон баромадан Сабоҳат аз қафоям то беруни дарвозаашон баромад.
- Ҳамроҳи модарат нишаста, масъалаи хонадоршавиро зудтар бин, дар кори хаир тарафи духтардор худашро қафо намекашад,- таъкид кардам ба Сабоҳат.
- Маилаш, ҳамроҳи модар маслиҳат мекунам,- табассумомез гуфт ӯ
Пас аз ду рӯз духтарам Нилуфарро гирифта ба хонаи онҳо омадам.
Сабоҳат шармида ба духтарам вохӯри карду ҳар се ба меҳмонхонаи онҳо даромадем.
- Такдирро бин, модарам як соат пеш ба меҳмони рафту Шумо омаден,- гуфт Сабоҳат.Шумо сӯҳбат карда бишинен, ман аз қафои хурокпази шавам.
- Сабоҳат, мо хӯрок нав хӯрда омадем, лозим нест, Шумо овораи пухтани хурок шавен, рафта материалҳои харидаатро биёред, Нилуфар андозаи қаду қоматонро гирад, мо мехезем.- фаҳмондам ба ӯ.
Вай хуб гуён,- аз меҳмонхонаашон баромад.
- Дада, Сабоҳат духтари ситорагарм будаст, ира аз куҷо ёфта шинос шуди?- пас аз рафтани хушкардаам пурсид Нилуфар.
- Дадат дар ин хел корҳо зураи, духтарам, боварии дорам зуд забони ҳамдигарро меёбед,- гуфтам ба Нилуфар.
Материалҳои харидаи Сабоҳатро андоза гирифта, аз хонаи онҳо баромадем.
Расо як ҳафта пас маросими хурсандии мо оғоз гардид.Ба шарофати зангириям ҳаққу ҳамсояҳо, хешу ақраборо зиёфат додем.Аммо холаҳои фарзандонам дар хурсандии мо иштирок накарданд.
Сабоҳат аз рӯзи аввали хонадоршави ба духтаронам зуд унс гирифт.Ба шарофати пою қадами вай ба духтари калониам хостгорҳо омаданд.Дар урфият мегуянд, " хуби карди, хуби мебини"!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8
Тую тамошо мешавад
Бехтарин суннат аст зангири!