Имрӯз аз марги сарояндаи нотакрор Дамирбек Олимов 2 сол гузашт, аммо доғаш ҳанӯз дар дилҳо боқист
СУРУДИ "БАЧЧАГӢ" БАР ЛАБ
Ҷудо аз базм гашта, ҷониби хавфу хатар рафтӣ,
Зи даҳри тираву торик ҳангоми саҳар рафтӣ.
Занад фарёдҳо модар, зи марги нобаҳангомат:
-Чӣ созам бе ту акнун, оҳ, эй ҷону ҷигар, рафтӣ!?
Падар гӯяд, бихез, охир, саволамро ҷавобе гӯ:
-Чӣ бад кардам, писарҷонам, к-аз оғӯши падар рафтӣ?
Ду соат пеш бӯсидӣ зи чашмони ҷигарбандат,
Пас он якборагӣ, ҳайфо, ки аз чашми писар рафтӣ.
Бирезад ҳамчу дарё хун зи чашми дӯстдоронат,
Ки хунин карда дилҳоро, ту эй марди ҳунар, рафтӣ.
Гуландоме, ба поий ту ба рӯи саҳна гул мерехт,
Валекин аз чаман ҳайфо, ки чун садбарги тар рафтӣ.
Надорам бовар, аммо ман ба марги ногаҳони ту,
Гумонам то дами маргам куҷое бар сафар рафтӣ.
Дар охир ёд оварда замони баччагии худ,
Суруди "Баччагӣ" бар лаб ба дунёи дигар рафтӣ.
05.02.2022
Кӯҳзод Фатҳулло
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Кухзоди Фатхуллох хело марсияи чонсуз зинда бошед.