Муаллиф ✍️ Шахлои Начмиддин 🌹
…Туро пас аз чанд вакт туйи домодиат дидам. Чехраат гирифтаю махзун, чашмонат фурурафтаю муйсарат гирдак-гирдак рехта. Туйи 29 сола дар назарам чун чавонмарди 37 сола менамуди. Хостам худро нодида вонамуд карда, аз наздат гузашта равам. Аз дастам бошаст доштию салом гуфти ва афзуди:
-Шуморо як дакика мумкин?
-Ассалом-гуфта тавонистаму халос. Сарам чарх зад аз густохият. Охир хафт сол пештар хангоми нахустин дидор ту ин суолро ба ман дода будию ман бо кахру газаб дастатро аз дастам рахо намуда, бе сухане аз наздат гузашта рафта будам.
-Ахволат чи тавр. Хабар омад, ки ба шавхар мебаромадаи-суханони навбатии ту маро ба гузаштаи дуру ширин ба худ овард.
-Ман хеле хуб хастам. Туй хам наздик. Ту агар дар туят маро хабар накарда боши хам, ман туро хатман даъват мекунам.
-Ман медонам, ки ту хеч гох маро намебахши. Вале, бидон, ки ту хам хеч гох хушбахт намешави.
-Чаро хушбахт намешудаам? Охир домодшаванда хама чиз дорад.Зиндагиам шохона хохад гузашт.
-Не, хато мекуни..мисли ман..пушаймон мешави. Ман дар зиндаги бо шахси падару модарам зиндаги карда дарк кардам, ки дустдори чисту шахси мехостагиат чи кадархо кадру кимате дорад.
-Яъне чи гуфтани хасти?
-Ман албатта худро сафед кардани нестам. Вале, илтичоят мекунам, ки хуб фикр куну аз бахри он домоди сарватманд баро.Худро бадбахт масоз. Росташро гуй, магар холо хам дилат бо ман нест?
-Нест,нест-аз у гиряолуд дур шудани шудам.
-Исто, омирона дод зади ту. Хохиш карди, ки ба чойи дустдоштаамон ба кули Комсомоли шахри Душанбе рафта оромона сухбат намоем.
Мани ба дидору суханат ташна аввал якрави карда гуфтамат, ки ту дигар барои ман хечи ва сухбати мо арзише надорад.
-Кани ба хама мукаддасоти олам кассам бихур, ки маро ботамом фаромуш кардаи. Хомуши, пас рафтем. Ман ончунон ба сухану лахни ширини ту ниёзу эхтиёч дорам, ки тасаввураш номумкин аст.
Ин лахзахо акл гуё бо дил дар часпу талош буд. Акл таъкидам мекард,ки наравам, вале дил маро кашола карда бо худ мебурд.
-Чаро ин кадар харобу рангат зард шудааст?
-Барои он ки ба хотири чизе бо ин «чанчоливу бефахм» хамхона гардидаму кадри ишки туйи поку покизаи хешро хеле дер фахмидам. Сазоям хамин
-Ана омадем ба чойи хамешагии хеш. Ёдат омад, орзу кардани хардуямон.Чашмонамонро мепушидему аз замин сангча гирифта ба оби кул хаво медодем.
-Шуд дар ин бора бас, - аз сузиши дил суяш дод задам ман
-Медонам, ки ин хиёнати маро ту хеч вакт бахшида наметавони. Вале ту худат доимо мегуфти, ки мучизаи мухаббат дар бахшандагист. Пас, бубахш маро, биё ба ман ба шавхар баро.
-Занат чи мешавад?
-Ман кайхо чавоби уро додаму бо чизу чорааш бурда ба хонаи модараш мондам. Байни мо хамдигарнофахми ба вучуд омада буд.
-Чи магар у эътироз накард?
-Не, чунки дид, ки харду ба хотири чизе лухтаки дасти волидайн гардидаем. Ваъда дод, ки рузхои наздик баркасд ба бачаи очаш буса накардаги ба шавхар мебарояд.
-Рашкат намеояд?
-Не, баръакс. Бисёр хурсандам, ки осон аз у чудо шудам.
-Ха-ха, афсонаи навбатии ишки дуругин-баланд хандидам ман
Кахрат омаду боз чизеро андеша кардиву чизе нагуфти.
Гуфтамат:
-Инро дон, ки ман он чавонро ноумед намегардонам. Харчанд дусташ хам надорам, вале ба у мерасам. Баркасди ту, фахмиди?
-Ман туро мачбур кардани нестам, вале хаёт бозича нест ку. Хамсари бояд барои якумр бошад.
-Ту бозичааш карда тавонисти ку. Акнун маро насихат мекуни боз?
-Ин хатои чавони буд. Падару модарам кунун пушймонанд, ки чаро дар вакташ садои дили маро нашуниданд. Ман хам бечуръату беиродаги карда, духтари хушкардаи онхоро гирифтам. Вале аз шаби аввали никох дидам, ки у чи зоту авлоде будааст.
-Пас барои чи худи хамон шаб уро пеш накарди?
-Дилам сухт. Бисёр гиристу гуфт, ки худро мекушад.
-Биё, бехтараш дустони карин мемонему гузаштаро фаромуш мекунем.
-Чаро ба гапи дил гуш намедихи Назира?Чаро худро мефиреби? Охир на ту ва на ман якдигарро аз хотир бароварда наметавонем. Ин хама сахнабози ба чи хотир аст? Маро сузондани хасти?
Боз хандидам. Охирин бор пурсиди.
-Зани ман шудан мехохи ё не?
-Дер шуд, дер…
-Холо хамааш дар пеш. Вакт хаст. Хамааш ба ту вобаста аст.
-Не, не-нукта гузоштам ба сухбати вопасинамон.
Вакте, ки даъватномаи туйи арусии Назираро ба Назир хохараш оварда расонид, у аз рашк намедонист, ки чи хел кахру газабашро паст кунад. Ана, акнун фахмид, ки барои Назира хам он вакт осон набудааст.
-Вале вай бояд маро мефахмиду шавхар намекард. Дигар ман ин чо намеистам.Меравам ба назди тагоям ба Русия. Хамон чо кор меёбам. Бе Назира ин шахр бароям торикистон аст.-дам ба дам сигор мекашиду Назир касди рафтан аз ватанро мекард.
То рузи туй ман парвое надоштам. Вале рузи туй гуё табларза гирифторам шуда бошад, рангам сап-сапед канда дилам дар кафаси сина бози мекард. Тарсу харосе маро фарогир шуд. Хаёлам, ки хозир мучизае рух медихаду ту бо аспи афсонавие пайдо мешавию маро аз байни тудаи одамону молу либоси бохашамат рабуда мегурези.
Агар ман мард мебудам, хамин хел рафтор мекардам.Духтари дустдоштаамро аз таги чодари аруси медуздидам. Бо хамин хаёлхои ахриманиву ширин либоси аруси ба бар мекардаму гумонам ки ана хозир мебиёи.
Ачоиб, чаро ман то холо туро дуст медошта бошам? Ба дил такозо мекунам, ки ба у нафрат кун. Дил бо дард мегуяд: диле ки дуст медорад, бад дида наметавонад. Сари мизи пурнуклу навои базм дар барии домоди сарватманду зебо нишаста ,хотирам парешон аст. Чунки туро намебинам байни онхо. Кучои ту? Чаро ба туй наомади? Ман танхо барои туро сузондан ин кадар шукуху шахоматро мехостам.
Назир дар фурудгохи хавои интизор дар даст даъватномаи туйи Назира ба дил мегуфт:
…Эх Назира, Назираи гарданшаху якрав. Чаро бо дасти худат бахтатро сузонди. Охир ману ту якдигарро сахт дуст медоштем. Хайр, шояд бо ин чавон хушбахт шави. Ту бо ин рафторат дили маро сахт шикасти. Афсус..
Назира хануз хам умед дошт, ки Назир меояду бо зури уро аз ин чо гирифта мебарад ба дурихои дур. Хавопаймо охиста-охиста аз чашм нопадид мегашт. Арусро ёр-ёркунон ба хонаи домод бурданд. Ин соату дакикахо ду калби шикаста якдигарро хайрбод мегуфтанду мегиристанд: яке аз пушаймониву берахмии кисмат, дигаре аз гурури ночову касди гирифтааш.
Шахлои Начмиддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7
Барои ишқ ғам хурдӣ
Вале бо дили пурармон
Маро бигзоштиву рафтӣ...